Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
гург хоҳиши ӯро пазируфт. Чун шаб шуд онҳо дар маконе ба хоб рафтанд. Нимашаб аз пеши онҳо қурбоққае хазида гузашт. Саг аз садои бемаврид ба аккос задан сар кард. Гург бо тарс ба саг гуфт:
— Эй ту аккосӣ, овози туро шунида хирс ин ҷой меояд ва ҳар дуи моро пора-пора мекунад.
«Ин ҳам тарсу будааст, хубаш бо хирс дӯст мешавам, ки вай аз ҳеҷ чиз наметарсад», — аз дил гузаронид гург.
Субҳи содиқ ӯ бо гург ҳамхайрбод гуфта, барои ёфтани хирс роҳ пеш гирифт.
Саг хирсро ёфта, хурсандона таклифи дӯстӣ намудан кард. Хирс пешниҳоди сагро рад накарда, ӯро ба кулбаи худ даъват намуд.
Нисфи шаб аз садое саг бедор шуда, боз беист аккос задан гирифт. Хирс ба ваҳм афтода гуфт:
— Бас кун, ки ҳоло одам омада пӯсти ҳар дуи моро зинда ба зинда меканад.
«Сад афсӯс, ин ҳам буздил будааст», — аз дил гузаронид саг ва хирсро ба ҳоли худ гузошта, ба сӯйи одам шитофт.
Баъди одамро ёфтан саг хоҳиши бо ӯ дӯстӣ намуданро кард. Одам таклифи сагро пазируфт ва ба вай дар назди хонаи худ кулбаи хубе сохт. Акнун шабҳо саг баҳузур аккос зада хонаи одамро посбонӣ мекарду одам боре ҳам аз ин кори саг норозӣ набуд. Аз ин амали одам дар дили саг меҳр пайдо шуд, ки то ҳол вай ба одам вафодор аст ва онҳо дар якҷоягӣ зиндагӣ доранд. 1
1 Сказки народов СССР, Киргизия. — Фрунзе: «Мектеп». — с.106-107.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё