Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
ДӮСТИ БОВАФО
(Афсонаи халқи мордова)
Дар замонҳои қадим саги танҳое зиндагӣ мекард. Дар ҳақиқат, танҳоӣ ба дили ин саг зада буд. Саг мехост, ки дӯсти нотарсу ҷасур дошта бошад.
Рӯзе аз рӯзҳо саг дар ҷангал бо харгӯш вохӯрд ва пешниҳод кард, ки бо ӯ дӯст шавад. Харгӯш бе ягон дудилагӣ ба гуфтаи ӯ розӣ шуд ва ҳар ду барои шабгузаронӣ ҷое ёфтанд ва ба хоби роҳат рафтанд. Нисфи шаб аз назди онҳо муше босуръат гузашт ва саг аз садои пойи муш бедор шуда, баланд-баланд аккос задан гирифт.
Харгӯш аккоси сагро шунида бедор шуд ва тарсолуд бо овози гирифта гуфт:
— Чаро аккос мезанӣ, хомӯш бош, ки гург ба ин ҷой меояд ва моро зинда намегузорад.
«Дӯсти тарсу аз гург метарсад. Хубаш бо гург бояд дӯст шавам, вай аз ҳеҷ чиз наметарсад», — аз дил гузаронид саг. Саҳаргоҳон саг бо харгӯши тарсу хайрухуш карда, пайи ҷустуҷӯйи гург шуд ва гургро дар чарогоҳ пайдо кард.
Саг ба гург низ таклифи дӯстӣ намудан кард ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё