Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

ғалбер гузаронид. Бехтаи ғалберро дар се халта ҷамъ оварда, онро бурда ба замини назди ҳавлиаш корид. Баъди чанд моҳ замини ӯро гандум саросар пӯшонид. Ҳамсояҳо ҳайрон буданд, ки деҳқон гандумро аз куҷо ёфта бошад. Ин хабар аз даҳон ба даҳон то ба қасри подшоҳ расид. Подшоҳи золим дар ҳайрат монда, фармон дод, ки деҳқонро фавран ба қаср оранд. Навкарони подшоҳ деҳқонро ба қаср оварданд. Подшоҳи золим аз куҷо пайдо кардани гандумро аз деҳқон пурсид. Деҳқон ноилоҷ асли воқеаро ба подшоҳ нақл кард ва ҳикмати гуфтаи падарашро васф намуд.

Подшоҳи золимро ақлу хиради мӯйсафеди барҷоймонда дар ҳайрат гузошт. Ӯ аз кори бади кардааш дар ҳаққи мӯйсафедони мамлакаташ сахт пушаймон шуд ва фармон дод, ки дигар пиронсолонро ба ҷангал напартоянд.1

Дар ҳақиқат, пирони дунёдида моро дар зиндагӣ ба роҳи рост ҳидоят менамоянд ва ҳамагонро лозим аст, ки аз онҳо ибрати рӯзгор гиранд.

пешина
аз 87
навбатӣ