Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Деҳқон аз ин сухани кӯдаки хурдсол дар ҳайрат монда, аз кори кардааш сахт пушаймон шуд ва падарашро баргардонида ба хона овард. Барои нафаҳмидани ҳамсояҳо ӯ падарашро дар таҳхона ҷой кард ва ҳар рӯз ба падараш ба миқдори муайян хӯрок меовард. Аз ин ҳодиса ҳеҷ кас хабар надошт.
Баъди чанд сол дар ин мамлакат гуруснагӣ омад. Мардум ба нон зор буданд. Онҳо ҳамаи гандумро орд карда хӯрданд ва барои коридан дигар дар ҳеҷ ҷой гандум намонда буд. Деҳқон ҳам аз гуруснагӣ азоб мекашид, аз ин сабаб нону ғизои ба падараш меовардагӣ кам шуд. Мӯйсафеди доно ин корро зуд ҳис кард ва аз писараш пурсид:
– Пештар ба ман ҳар рӯз ду нон меовардӣ, акнун чаро ним нон меорӣ?
Деҳқон аз гуруснагӣ дар азоб будани мардумро ба падар нақл кард. Ӯ гуфт, ки ҳамаи гандумҳоро мардум орд кардаанд ва барои кишти ғалла гандум ҳам намондааст.
Мӯйсафеди хирадманд аз ин суханони писараш ба фикр фурӯ рафта, баъд андешамандона гуфт:
– Бирав, боми аспхонаву оғилро кофта, каҳрезаи онро аз ғалбер гузарон ва онро бурда дар замин кишт намо, бо ин роҳ аз гуруснагӣ наҷот меёбӣ.
Деҳқон аз ин гуфтаи падараш дар ҳайрат афтод, ки дар бомпӯши аспхона, зери хок дар байни коҳи кӯҳна аз куҷо гандум меёфта бошад.
Вале ӯ чораи дигар ҳам надошт. Аз гуруснагӣ ҷони ӯ ба лаб омада буд. Деҳқон боми аспхонаро кофта, каҳрезаи зери хокро ҷудо кард ва онро аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё