Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа
Воқеан, кори бад ба ҳамагон бадӣ меорад. Мо бояд ҳамеша дар пайи хубии дигарон бошем, то мисли модарандари бадкирдор ва писари танбалу бадрафтораш ҷазои бад нагирем.
МӮЙСАФЕДИ ХИРАДМАНД
(Афсонаи мардуми латиш)
Дар замонҳои қадим дар кишваре як подшоҳи золиму бераҳм буд. Ӯ мардуми мамлакаташро бо ҳар роҳ азобу машаққат медод. Рӯзе ин подшоҳ фармон баровард, ки ҳамаи мӯйсафедонро бурда ба ҷангалзор партоянд, то бо ин роҳ дар давлаташ нон фаровон шавад. Ҳамаи фарзандон ноилоҷ падарони мӯйсафеди худро бурда дар ҷангал мепартофтанд. Деҳқоне бо мақсади иҷрои амри подшоҳ падари пирашро бурда ба ҷангал партофтан хост. Дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон ӯ падарашро дар ҷана савор кард ва писари хурдсолашро низ ҳамроҳ гирифта, се нафар ба сӯйи ҷангал равон шуданд. Онҳо хеле роҳ рафтанд ва баъди чанде ба дохили ҷангал расиданд. Деҳқон падари пири барҷоймондаашро хост дар болои ҷана гузошта, бо писараш аз он ҷой равад. Дар ҳамин мавриди писараки хурдсол гуфт:
– Падарҷон, ҷанаро намегиред?
– Он чӣ лозим аст? – ботааҷҷуб пурсид деҳқон.
– Шумо пир шавед, ман ҳам бо ана ҳамин ҷана шуморо ба ин ҷой оварда мепартоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё