Зеҳн
Афсонаҳои беҳтарин

Дар ин китоб афсонаҳои ҷолиби халқҳои гуногуни дунё гирд оварда шудаанд. Мазмуни афсонаҳо барои тарбияи наврасон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 87 саҳифа

АфсонаНаврасон
Аз аввал хондан

– Ин пулро бигиру то бегоҳ ба ягон ҷо бирав. Бегоҳ пулро ба падарат бидеҳ ва бигӯй, ки онро кор карда ба даст овардай.

Писар аз рӯи маслиҳати модараш кор кард. Бегоҳ ба хона баргашту ба падараш гуфт:

– Хаставу афгор шудам, базӯр ҳамин як сӯмро ба музди меҳнатам гирифтам.

Падараш як сӯмро гирифта бӯй кард ва ба оташдони девории хонаашон партофт.

– Ин музди меҳнати ту нест, – гуфт падар.

Писар хандида аз хона берун шуд. Модар ранҷидахотиру дилтанг шуд. Боз ба писараш як сӯм доду гуфт:

– Бирав, то бегоҳ бекор бигард. Ҳангоми ба хона баргаштан андаке бидав, то хаста бишавӣ ва арақ кунӣ. Ба назди падарат даромада бигӯй:

– Бо арақи ҷабин як сӯм даромад кардам.

Писар ин дафъа ҳам аз рӯи маслиҳати модараш амал кард. Бегоҳӣ аз давидан хаставу лакот шуда арақрезон ба назди падараш давида омаду гуфт:

– Бубин, падар, бо арақи ҷабин як сӯм даромад кардам.

Падар як сӯмро гирифта бӯй кард ва ба оташдон партофт.

– Ту маро фиреб надеҳ, ин як сӯм музди меҳнатат нест.

Писар ин дафъа ҳам писханде заду аз назди падараш берун баромад.

Модар дид, ки чораву тадбирҳояш ба кор намераванд, ба писараш гуфт:

пешина
аз 87
навбатӣ