Қонуни тиб

Як нусха аз доруи андар бинӣ афканданӣ: як дирамӣ аз дорфилфил, момирон, шитараҷ ва дилаи баранг, ним дирамӣ ҷавзи бӯё ва мушктаромашир, се қутулӣ афшураи панҷангушт ва се қутулӣ равғани кунҷидро гирифта, биомезанд ва то рафтани об биҷӯшонанд. Сипас онро полида, андар шишае бигиранд ва нигоҳ доранд. Андар бинии бемор аз он ба қадри ғунҷоиши он биафкананд.
Сипас чун аз ин бисёр ба кор баранд, баъди он доруҳои андар бинӣ афкандании тариоварро ба кор бибаранд.
Худованди ҷузомро бояд аз истеъмоли ҳама гуна чизи хушкиоваранда ва ҳалкунандаи тарии модарзодӣ боз дошт, ба монда шудану андӯҳгинӣ ҳаргиз роҳ надод ва эшонро бояд аз як ҳаво ба ҳавои зидди он бибурд. Баъд аз пок сохтани тан ба эшон равғанҳое аз қабили равғани бодом ва бо ягон афшурае аз қабили афшураи ангур бидиҳанд ва ин ҳангоме бошад, ки як чанд бор истифроғ карда бошанд. Бояд ҳар пагоҳӣ баъд аз ронда шудани фазлаҳо аз рӯдагон варзиш кунанд, ба такаллуф садои баланд бароранд, биҷаҳанд ва гӯштӣ бигиранд. Сипас эшонро молиш бидиҳанд ва агар арақ карда бошанд, арақашонро хушк созанд ва баъд аз он бо равғанҳои аз ҷиҳати гармию сардӣ муътадил, андар бештар ҳолатҳо тариоваранда ва ба оғози беморӣ бо [равғанҳои] қависозанда равғанмолӣ кунанд. Эшон андар марҳалаи оғоз ба доруҳои қависозандае аз қабили ҳалила ва ё мозу бо сирко эҳтиёҷ доранд. Гоҳе аз барои эшон чарб кардани равғанро бо шири зан ба кор баранд. Ҳамчунин, агар хушкӣ афзоиш ёфта бошад, бояд аз [шири зан] андар бинӣ биафкананд.
Агар эшонро маниши гаштан ояд, бигузор қай кунанд.
Аз ҳама хубаш ин аст, ки нахуст [беморро] ба гармоба баранд ва сипас равғанмолӣ кунанд. Ҳар гоҳ гармоба кунанд, бояд барои равғанмолӣ, масалан, равғани мӯрд ва мастако, равғани шукуфаи ток, ё равғани доршишиғон ва аз барои дасту пойҳо равғани қустро ба кор бибаранд.
Сипас каси муолаҷашавандаро ним соат осуда гузошта, баъд бо ёрии пар қай оваранд ва баъд аз он як миқдор афсинтин ба ӯ биошомонанд. Гоҳе андар гармоба ба равғанмолӣ кардан бо доруҳои латифсозандаи ҳалкунандае эҳтиёҷ биафтад, ки андар таркиби онҳо натрун, гӯгирд, донаи даҳмаст, сирешуми дуредгарон ва ҳатто хардал, саътар, мурч, дорфилфил, оқирқарҳо, мавизак, сабр ва пудина бидароянд. Низ зимод намудани инҳо бар пайвандгоҳҳо [мавриди ниёзмандист]. Гузашта аз ин гоҳе ба фурбиюн барин доруҳо эҳтиёҷ биафтад ва ин ҳангоме бошад, ки эшонро аз барои ҳал сохтани фазлаҳо ва арақ овардан ба гармоба кардан маҷбур кунанд, зеро арақ овардани эшон қонуни хуби муолаҷаи чунин [беморон] аст. Гоҳе ба [тани] эшон тарёк, шалисо ва қафторғон чарб кунанд ва гоҳе лозим ояд, ки бо чунин [доруҳо] андар зери офтоби гарм равғанмолӣ кунанд. Беҳтарини таншӯяҳои эшон андар гармоба обест, ки андар он ҳулбаро бо собуни хушбӯй ҷӯшонда бошанд. Худованди ҷузом бояд аслан аз ҷимоъ парҳез кунад.
Аз миёни доруҳое, ки ба эшон биошомонанд, аз ҳама беҳтар тарёки форуқи аз гӯшти морҳои афъӣ сохта, тарё
ки чаҳордору, (143) қафторғон ва данид кибрито171 мебошанд. Гоҳе ин доруҳоро андар бинӣ низ биафкананд.
Инчунин ба бемор аз қурсҳои афъии танҳо як мисқолӣ бо як уқия шароби ситабр бидиҳанд ва ё онро тило кунанд. Қурсҳои унсул низ [хубанд].
Бидон, ки гӯшти морҳои афъӣ ва он чи, ки қувваи гӯшти онро дорад, аз ҷумлаи беҳтарин доруҳои чунин беморон ба шумор бираванд. Афъӣ набояд афъии шӯразор, ё афъии заминҳои обӣ ва ё афъии канори обҳо бошад, зеро инҳо аксар вақт камфоидаанд ва бисёре аз онҳо бими ташнагӣ овардан ва ҳалок карданро доранд. Баръакс, афъии кӯҳӣ ва хусусан сафеди онро ихтиёр кунанд ва сару думашро якбора бибуранд, зеро агар ба ҳоли зиндагии он хуни зиёде биравад ва муддати дароз сахт ҷон биканад, айни муддаост, вагарна онро биандозанд. Короямаш онест, ки баъди сар задан аз вай хуни бисёр биравад ва бисёр худро бизанад. Онро пок сохта, ҳамон тавре бипазанд, ки бароят ёд карда хоҳад шуд ва гӯшташро бо обаш бихӯранд.
Бисёр касон аз ошомидани хамре шифо ёфтаанд, ки андар он афъии мурда ва ё онро афъӣ лаққида бошад ва онро тасодуфан ва ё қасдан барои куштани бемори гирифтори ҷузом ба ӯ додаанд, ки то ӯ осудагӣ ёбаду дигаронро низ осуда созад. Ё мумкин аст ба муҷиби хаёле ва ё хобе чунин кор кардаанд.
Намаки [гӯшти] афъии аз ду сар бурида низ сахт судманд аст. Шӯрбои афъӣ ба таври зерин аст: морҳои афъии ҳар ду сӯяшон бурида ва аз андомҳои дарунӣ поксохтаро гирифта, бар вай гандано, шибит, нахӯд ва каме намак биафзоянд ва бо оби бисёр то нарм шудан биҷӯшонанд. Сипас устухонҳояшро ҷудо кунанд, гӯшташро пок карда бихӯранд ва обашро аз болои тариди бо нони сафед сохта дам кашанд. Гоҳе бо он каме [гӯшти] чӯҷаи кабӯтар ҳамроҳ кунанд, то [шӯрбо] хушхӯр шавад. [74] Бошад, ки суди ин тадбир ба оғоз зуд зоҳир нагардад, вале сипас ба якборагӣ зоҳир бигардад. Гоҳе мумкин аст пеш аз шифо ёфтан бемор як чанд рӯз аз ақл бегона шавад. Нишонаи зуҳури суди [афъӣ] ва фарорасии он ҳангоме, ки бояд аз истеъмоли [шӯрбои афъӣ] бозистода шавад, ин аст ки худованди ҷузомро дамиш оғоз ёфта, дам кунад, сипас ақлаш шӯрида шавад, баъд аз он пӯст партояд ва сипас дуруст шавад. Агар ӯро садар рӯй надиҳад ва дамиш ба амал наояд, бояд ин тадбирро бори дигар такрор намуд.
Яке аз доруҳое, ки аз барои ин ғараз тавсиф кардаанд, чунин аст: афъии сиёҳи пӯстпартофтаро забҳ намуда, андар замин бигӯронанд, то кирм кунад. Сипас бо кирмҳояш берун оварда, бихушконанд ва ба бемори ҷузомаш ба ифрот буда се рӯз ҳар рӯзе як дирамӣ аз он бо шароби ангубин бидиҳанд, то биошомад. Чарб кардан бо он чизе, ки қувваи афъиро дошта бошад, низ аз барои ӯ судманд аст ва мисоли он равғани зайтунест, ки андар он [афъӣ] ҷӯшонида бошанд ва ё доруи зерин бувад: афъии сиёҳи пӯстандохтаро гирифта, андар дег кунанд ва бар вай ҳашт уқия сиркои тез, як уқия об, ду уқиягӣ аз шитараҷи тоза ва бехи луф афканда, бар оташи нарм то нарм шудани мор биҷӯшонанд. Сипас обро аз [гӯшти] мор биполанд ва бо ин об баъд аз тарошидани ришу мӯи сар даллокӣ кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор