Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Вай нахуст аз дасту пойҳо ва андомҳои нарм оғоз ёбад (141) ва андар ин ҳангом мӯи онҳо рехта, рангашон бигардад ва бошад, ки ҳол ба реш шудан бикашад. Сипас оҳиста-оҳиста андар ҳамаи тан бихазад.
Ҳарчанд ки он аз ҳама пеш андар андомҳои дарунӣ зода шавад, вале таъсираш бори аввал андар дасту пойҳо зоҳир бигардад, зеро онҳо аз ҳама заифтар буванд, вале гоҳе мумкин аст пеш аз он, ки зиёнварии намудори он бар андомҳои дарунӣ ва андомҳои сарвар бизанад, худованди он бимирад ва ин марги ӯ ҳам ба сабаби ҷузом ва ҳам ба сабаби бадии мизоҷи хеш бошад.
Модоме ки саратон ҳамчун ҷузоми як андом буда, аз ҷумлаи бемориҳои беҳнашаванда аст, пас андар баёни ҷузом, ки саратони [тамоми] тан аст, чӣ ҷои сухан гуфтан бошад, вале ба ҳангоми ҷузом як фарқ ҳаст, яъне беморӣ андар тамоми тан густариш ёфта буда, ҳар гоҳ доруҳои қавӣ ба кор бибарӣ, танҳо бо беморӣ машғул хоҳӣ шуд ва бар андомҳои сода гаронӣ нахоҳӣ овард. Аммо ба ҳангоми саратон кор бад-ин гуна нест.
Фасли дуввум нишонаҳо

Ҳар гоҳ ҷузом оғоз ёбад, ранг ба сурхшавӣ пардохта, сурхи сиёҳхеста бигардад, андар чашм тирагии моил ба сурхӣ падид ояд ва ба сабаби ранҷурии шуш ва нои он андар нафас тангӣ ва андар овоз гирифтагӣ зоҳир шавад. Атса бисёр ояд ва бинӣ фунгӣ гардида, гоҳе баста шавад ва ҳисси бӯёиро гум кунад. Мӯй ба тунукию коҳиш бипардозад, андар сина ва ноҳияи рӯй арақ зоҳир шавад [73] ва бӯи тан, хусусан арақ ва низ бӯи нафас ба нохушӣ бигароянд. Беморро хӯйҳои савдовие аз қабили такаббурию кинагирӣ падид оянд, хобҳои савдовии бисёр бинад ва ҳангоми хоб бар тани хеш гаронии бузурге ҳис кунад. Сипас, мӯйҳои хусусан рӯй ва ноҳияҳои он ба рехтан ва тор-тор шудан оғоз кунанд. Гоҳе [пӯсти] ҷойгоҳи мӯй афтодан гирад ва нохунҳо битарқанд. Сурат ба бад шудан, рӯй ба турш шудан ва ранг ба сиёҳ гардидан бипардозанд ва хун андар пайвандгоҳҳо ба фисурдану гандидан оғоз кунад. Тангии нафас чандоне афзоиш ёбад, ки нафасгирӣ сахт душвор бигардад ва дамкӯтаҳии қавие ба амал ояд. Овоз ба ғояти гирифтагӣ бирасад, ҳар ду лаб ситабру ранг сиёҳ бигарданд ва бар тан фузуниҳои ғуддаии шабеҳ ба ҷонваре бирӯянд, ки он [ҷонварро] ба юнонӣ «сотурус» хонанд. Сипас, агар ҷузоми ноором бошад, тан ба реш шудан оғоз кунад ва куркураки бинӣ хӯрда шуда, бинӣ ва сарҳои андомҳо биафтанд ва зардоби бадбӯе битаровад. Овоз пурра гирифта шавад, ҷое намонад, ки андар вай мӯй боқӣ монда бошад ва ранг сахт сиёҳ бигардад.
Набзи худованди ҷузом ба иллати нотавонии қувват ва камии ҳоҷат нотавон бошад, зеро беморӣ сард аст, вале ба иллати заъфи сардӣ оҳистаю ғайри тез ояд. Чун на суръат асту на бузургӣ, ночор думодум бувад.

Фасли севвум
андар илоҷ

Ба ҳангоми ҷузом ва пеш аз он ки беморӣ шиддат ёбад, бояд зуд ба истифроғу поксозӣ пардохт. Агар ба таҳқиқ бидонӣ, ки андар он ҷой хуни бисёре табаҳ шудааст, бояд зуд ва агарчи аз даст ҳам бошад, раг бизад ва ба ғоят хун бирехт, вале агар ба таҳқиқ надонӣ, раг нашояд зад, зеро бошад, ки задани рагҳои бузург ба бемор зиёни хеле беш аз суд оварад. Лекин гоҳе ба ҳангоме баҳра-баҳра аз рагҳои хурд гирифтани хун раво доранд, ки агар задани рагҳои бузург бимнок бошад ва бидонанд, ки хуни сард андар зоҳири [тан] ҷой дорад. Андар ин ҳангом [раг боз кардан] беш аз ҳиҷомат ва девча гузоштан судманд буда, ба андомҳои дарунӣ камтар зиён бирасонад. Мисоли ин гуна рагҳо раги пешонӣ ва раги бинист. Аммо андар бештари ҳол ҳангоми муолаҷаи ин беморӣ ба задани раг эҳтиёҷ биафтад. Яке аз [ҳолатҳое], ки тақозои он кунад, тангӣ ва душвории нафас аст. Гоҳе ба ҳангоми шиддат ёфтани гирифтагии овоз ва бими дамгир шудан ба задани раги видоҷ эҳтиёҷ биафтад. Ҳар гоҳ раг бизананд, бояд [бемор] як ҳафта истироҳат кунад ва сипас бо мисли ёраи луғозиё ва ё бо ёраи дилаи ҳанзал истифроғ оранд. [Низ] бо матбухҳо ва ҳаббҳое истифроғ оранд, ки аз афитимун, устухудус, баспоя, ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи кобулӣ, харбақи сиёҳ, лоҷувард ва санги арманӣ сохта бошанд. Агар бо онҳо дилаи ҳанзал ва маҳмуда низ биомезанд, зиён надорад. Хусусан агар андар он ҷой сафро бошад, ба ин [доруҳо] сабр ва хиёри даштӣ биафзоянд. Тиёдаритус аз барои эшон хуб аст ва ёраи фиқроро хусусан агар бо маҳмуда қавӣ созанд, барои худованди ҷузом яке аз доруҳои исҳоловаранадаи хубе хоҳад буд. (142) Аз ин ҳам беҳтар он аст, ки агар ба вай андаке аз бӯи харбақ биомезанд ва ё андар он санги арманӣ ҳамроҳ кунанд. Тобистон онро сабуктар бисозанд ва андар матбух доруҳои қавикунанда наафкананд, то он боиси паҳн шудани [беморӣ] нагардад.
Як матбух: аз ҳар кадоми ҳалилаи зард ва ҳалилаи сиёҳ даҳ дирамӣ, нонхоҳ панҷ дирам, ангужад ним дирам ва аз мавизи донааш баргирифта ним ман гирифта, бо се кӯза об то ба сеяк расидан биҷӯшонанд. Сипас онро фишурда, биполанд ва андар [оби] он панҷ дирам ангубин омехта, ба бемор биошомонанд ва тани беморро равғани зард чарб карда, андар офтобаш нишонанд, то арақ кушояд. Ё ҳафтод қадам роҳ рафта, бар росту чап ва бар пушту шикам ғел бизанад ва [сипас] нон ва ангубин бихӯрад. Ин доруро ба тавре ки тавсифаш кардем, ҳафт рӯз ба бемор бидиҳанд ва ҳар рӯз онро аз нав биҷӯшонанд.
Ба ҳангоми муолаҷаи онҳое, ки беморияшон ҳанӯз мустаҳкам нагардидааст, як бор истифроғ кардан кифоят нест, балки гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ба ҳасби тақозои мушоҳада андар моҳе ду бор ва ё андар моҳе як бор истифроғ кунанд ва аз барои ин кор доруҳои муътадил ба кор баранд. Гоҳе чиҳил рӯз пайдарпай ва ҳар рӯзе ба қадри як-ду бор берун рафтан бо ёрии бархе аз доруҳои ошомидании суст исҳоловарандаи ёд шуда нарм исҳол оваранд. Аммо доруҳои ниҳоят қавӣ, аз қабили харбақ ва монанди он ва аз доруҳои гаронсанг агар андар соле як бор баҳор ва як бор андар хазон ва ё бештар аз ин [ба бемор диҳанд], кифоят бошад. Бояд ба пок сохтани мағз ҳои эшон бо ёрии, масалан, доруҳои ғарғаравии андар боби бемориҳои сар ёдкарда ва бо ёрии доруҳои андар бинӣ афкандании маъруф бипардозанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ