Қонуни тиб

Фасли сиву панҷум
андар илоҷи туса156
Илоҷи бузургу барҷастаи он бо корд буридан ва сипас ба кор бурдани марҳамҳои решсабзонанда бувад.
Бошад, ки бунборики онро аз тариқи бо абрешим ва мӯи асп бастан ва бошад, ки ба ҳасби баданҳо бо [доруи] дегбардег, фалдафиюн ва монанди онҳо ва сипас бо марҳамҳо муолаҷа кунанд.
Хилтҳои сард ва чизҳои ба равиши онҳо буда андар тан балғам, савдо, бод ва мураккаботи инҳо мебошанд, ки намудҳои онҳоро аз ин пеш донистӣ. Омосҳои сард ё балғамӣ, ё савдовӣ, ё бодӣ ва ё мураккаб буванд. Омосҳои
балғамӣ ё содаи балғамӣ буда, онҳоро «омосҳои суст»
хонанд ё обнок буванд, чунончи ягон андомеро ҳолате чун истисқои хоси он рӯй дода, андар он об ҷамъ шавад, ё кафгиракҳои нарме чун домғулҳои нарм буванд ва ё чун хукакҳо ва домғулҳои сахт фишурда буванд. Омосҳои савдовӣ ё сақирус бошанд ва ё саратон, ки фарқи миёни ин дуро ба зудӣ хоҳӣ донист. Омосҳои бодӣ ё бодгирифтагӣ ва ё дамидагӣ буванд. Бодгирифтагӣ онест, ки агар бод паҳншуда, омехта ва бухорӣ бошад ва дамидагӣ онест, ки ба ҳангоми он бод андар як ҷои тиҳӣ фароҳам омада, афсурда шуда бошад. Гоҳе ин омосҳо бо якдигар ва бо омосҳои гарм мураккаб бигарданд.
Мақолаи дуввум
АНДАР БАЁНИ ОМОСҲОИ САРД
ВА ОН ЧИ КИ БА РАВИШИ ОНҲО БОШАД
Фасли нахустин
андар баёни омоси сусти балғамие, ки
«узимо»157 ном дорад
Ин омоси сафеди сусти бе ҳарорат аст ва ҳар қадар ки модда тунуктару намноктар бошад, сустиаш ҳамон андоза бештар буда, ангушт ҳангоми зер кардан осонтар фурӯ равад, вале баробари он як андоза муқовамате дарёфта шавад, ки ба ҳангоми бодгирифтагӣ ҷой нахоҳад дошт.
Агар модда ҳар андоза ситабртар бошад, ин [омос] ҳамон қадар бештар ба сахтиву сардӣ бигарояд.
(130) Бисёр бошад, ки он аз бухори балғам падид ояд ва андар ин ҳол аз қабили бодгирифтагӣ ба шумор биравад. Узимо бо камии сахтӣ ва камтирагии худ аз омосҳои савдовӣ фарқ кунад. Агар он аз кӯфтагӣ ва монанди он ориз бигардад, ӯ ба ғайри балғам ягон моддае наёбад, ки бад-он ҷой бикашад ва бинобар он ба ҷуз омоси балғамӣ чизе ба амал наояд. Ин гуна [омос] кам биафтад, вале аз дард холӣ нахоҳад буд.
Фасли дуввум илоҷи омоси суст
Аммо аз тариқи исҳол истифроғ овардан ва боз доштани чизи балғамзоянда бошанд, аз инҳо гузире нест. Ҳар гоҳ ки чунин кардан бояд, андар марҳалаи оғоз моддаро бо доруҳое пас бигардонанд, ки хусусияти хушкиоварию ҳал карданро андар хеш ҷамъ карда бошанд. Бояд макони [бемориро] бо рӯймолҳо сахт молиш бидиҳанд, сипас бар вай доруҳои хушконанда барниҳанд. Набояд бад-ин ҷой об бирасад.
Яке аз тадбирҳои хуб андар марҳалаи оғоз ба кор бурдани исфанҷи навест, ки онро андар сиркои омехта [бо равғанҳои сахт ҳалкунанда]158 ва ё андар оби бура ва хокистар оғушта бошанд, зеро гавҳари исфанҷ хусусияти хушкиоварию ҳал кардан дорад. Иллат ҳар андоза бештар афзоиш ёбад, сиркои аз барои оғуштани исфанҷ бударо ҳамон андоза тезтар бисозанд ва андар марҳалаи анҷом тезии онро ба ғоят расонида, сиркоро ё танҳо ва ё омехта бо равғанҳои сахт ҳалкунанда андар исфанҷ гирифта, ба кор бибаранд.
Андар ин ҳангом низ исфанҷеро ба кор бибаранд, ки
онро андар оби хокистари анҷир, ток, булут ва монанди инҳо оғушта бошанд. Бояд исфанҷҳо ҳама сӯи [омосро] фаро бигиранд, то модда ба сӯи дигар нагарояд.
Гоҳе агар исфанҷ ёфт нашавад, ба ҷои он пораи ду таҳ кардаро бо оби хокистар ба кор бибаранд. Агар инро мудом пай дар пай бар [омос] биниҳанд, бошад, ки суд бирасонад. Оби оҳак аз ин ҳам қавитар бувад. Низ яке аз чизҳое, ки судманд аст, равғани гул бо сирко ва намак мебошад. Гӯгирди сӯхта қавитар ва худи гӯгирд низ хуб аст.
Нахӯд бо оби каранб ба таври шигифтовар суд бибахшад.
Момисо ё танҳо ва ё бо бархе аз доруҳои хушконандаи гарм андар марҳалаи оғоз хуб аст. Бо банд бастан ба ҳангоми он [омосҳое] судманд бувад, ки дорои моддаи ситабр нестанд. Ба ҳангоми ин гуна бастан бояд аз фурӯсӯ оғоз намуда, ба барсӯ бирафт. Афшураи мӯрд андар оғоз хуб аст ва агар баъди оғоз бо он доруҳоро маъҷун созанд, низ хуб хоҳад буд. Агар ин омос андар андоми асабии зич, ё андар бандакҳо ва ё андар ватар ҷой дошта бошад, андар доруҳо чизе биомез, ки ба изофаи нармӣ овардан буранда бошад. Агар ба замми он ба сабабе, ки оварда шуд, дард низ ҷой дошта бошад, бояд нахуст дардро, масалан, бо зуфои тар, майпухта ва мумравғанҳои аз равғани зайтун сохта таскин дода, бо шароби сиёҳи қабзкунанда дорурезӣ кунанд ва баъд аз он оби анор ва монанди онро ба кор баранд.
Яке аз тилоҳои хуб чунин аст: мурр, ҳузаз, мушки замин, сабр, заъфарон, ақоқиё ва андаке гили арманиро гирифта, бо сирко ва оби каранб маъҷун созанд. Низ, барги газ, намак, равғани зайтун ва гили арманӣ ба тариқи зимод кардан бо сирко [хуб] аст. Аз барои омосе, ки пеш дард карда бошад, шухи гармобаро гирифта, биҷӯшонанд ва бо оҳак ба қивом оваранд. [Оҳакро] андар он то ҳангоме биафзоянд, ки ҳамчун хамири нарм бигардад ва сипас тило кунанд. Низ аз барои ин намуд маҳалли [омосро] бо равғани зайтун тило кунанд ва аз болои он исфанҷ ва ё пашминаи сирко ҷабидаро ниҳода, бибанданд. Доруи хамирмоягӣ низ судманд аст.
Яке аз доруҳои судманд чунин бошад: барги савсанро гирифта, нарм биҷӯшонанд ва фишурда, бар [омос] биниҳанд, ин бисёр аҷиб аст. Замч ва ҳузазе низ ҳамчу нинанд, ки онҳоро андар сирко ва оби хокистар гудохта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор