Қонуни тиб

Низ яке аз доруҳои аз он ҳам қавитар чунин аст: ишхор ва оҳаки ношукуфтаро гирифта, андар яку ним баробар об андохта, баъд аз ҷӯшонидан биполанд ва бори дигар андар ин об ишхору оҳак андохта, чунин кунанд. Сипас онро андар косае аз мис бигиранд ва бар ахгар биниҳанд, то намак бибандад. Баъд як бахш аз ин намак ва чаҳоряк бахш навшодирро гирифта, бар луоби тухми сипандони дорои андаке ангубини балозур биафкананд ва ба кор бибаранд.
Ё коғнаҳоро гирифта, бисованд ва бар равғани зайтуни куҳан афканда, бар оташи нарм, яъне бар оташи ахгар биниҳанд, то ҳамагон бо ҳам як бишаванд. Сипас онро чун марҳам совида, аз он зимод созанд. Ин хусусан ҳангоме [хуб аст], ки агар бар вай ангубини балозур афзоянд ва аз он ҳам беҳтар поруи боз, ё поруи гунҷишк ва ё поруи мурғобӣ биафзоянд. Бархеҳо кабикаҷро низ ёд кардаанд.
Аз доруҳои ҳалкунанда ҳар чи ки тезу ҳалкунанда аст, рӯзе ду бор ба маҳалли [беморӣ] бибанданд ва баробари он ин андомро бо ёрии гармибандиҳое нарму ковок созанд, ки ба сабаби рутубати гарм доштани худ андар андом таъсир кунанд. Ҳар қадар ки моддаро бештар ҳал кунанд, миқдори доруниҳӣ ва гармибандиро ҳамон қадар бикоҳанд. Бояд тадбир аз доруҳои нармсозанда холӣ набошад, то агар сахтӣ падид омада бошад, нарм бигардад ва хуноба афсурда нашавад. Ҳар гоҳ хуноба нест шуда, ба таҳлил биравад ва сахтӣ боқӣ монад, он гоҳ лозим аст, ки танҳо доруҳои нармкунанда ба кор бибарӣ.
Ин доруҳои хунобаро ҳалкунанда аз инҳо иборатанд:
бура; хардал; поруи парандагон; зирних; оҳак; ва қардамоно. Инҳоро, масалан, бо кундур, сақизи хинҷак, мастако ва мавизаки асалӣ омехта, бо сирко ва равғани зайтуни куҳан ҷамъ созанд. [Аз ин ҷумла] доруи аз сир сохташуда, доруи аз бобунаи говчашм сохташуда ва доруе бувад, ки аз оқарқирҳо, ё аз мавизаку бура бо ангубин бисозанд. Пеш аз ҳар кадоми инҳо маҳалли [бемориро] бо оби гарм бишӯянд.
Доруи санги рӯшноӣ, ки нусхааш чунин аст: дувоздаҳ дирам санги рӯшноӣ, ҳамин қадар уша ва шаш дирам орди боқилиро гирифта, бо ротиёнаҷи тар биомезанд, бар пӯст биниҳанд ва то худ ба худ афтидан бар маҳалли рим кардан нигоҳ доранд. Онро бояд худи ҳамон замон ба кор бурд, вагарна зуд хушк хоҳад шуд.
Доруе, ки аз навшодир созанд ва нусхааш чунин аст:
як бахш навшодир, чаҳоряк бахш борзад, як бахшу сеяк мурдосанг ва як бахшу ду сеяк равғани зайтуни куҳанро гирифта, аз он доруи олуданӣ омода созанд. Агар доруҳо суд набахшанд, чунонки пеш ёд кардем, ба шикофтану доғ ниҳодан эҳтиёҷ биафтад.
Фасли сиву якум андар тадбири хуроҷҳои дарунӣ
Кафгиракҳои даруниро бояд бо истифроғ тадбир намуд ва ин хусусан ҳангоме [зарур аст], ки агар зардаи бо бироз ва пешоб беруноянда бар пурра бад будани хун далолат кунад, вале агар бирозу пешоб дуруст буда, пизишк ба ҳадс бидонад, ки ҳамаи хун ба истиснои он бахш, ки ба сӯи хуроҷ ронда шудааст, хуб аст, ҳамчунин баъд аз истифроғ, бояд онҳоро бо доруҳои муътадил бипазонд.
Мисоли онҳо шароби тунуки латиф аст, ки онро андак-ан
дак биошоманд. Ба ҳангоми пазонидани бахши саркаши
[модда] ба доруҳои латифиоварандаю хушконандае аз
қабили мурр, дорчинӣ ва дигар дегафзорҳо эътимод кунанд ва аз паси онҳо [67] шароби тунуки сафедгун биошоманд. Аз доруҳои мураккаб тарёк, масрудитус ва амрусиё [ба кор бибаранд]. (129)
Фасли сиву дуввум
андар баёни думмалҳо
Думмалҳо низ аз ҷинси хуроҷҳо буда, аксари онҳо аз сабаби бадгуворӣ, аз сабаби ҳаракатҳои гуногун кардан аз паси пурии шикам ва аз дигар чизҳои ба ҳамин равиш буда падид оянд. Бадтарин думмал нишастатари онҳост.
Фасли сиву севвум муолаҷаи думмалҳо
Ҳар гоҳ думмал падид ояд, муолаҷаи он қариб то се рӯз чун муолаҷаи омосҳои гарм бошад. Сипас баъд аз он бояд ба ҳал кардану пазонидани он бипардозанд. Вай бошад, ки ҳал шавад ва ин хеле кам биафтад ва бошад, ки бипазад. Набояд аз муолаҷаҳои думмал ғофил монд, зеро ин бисёр бошад, ки ба хуроҷи бузурге бианҷомад. Аз ин ҳол истифроғе эмин бидорад, ки ба қадри зарурӣ аз тариқи раг задан ва исҳол овардан ба амал оварда шавад.
Агар думмал дилзананда ва буни он сахт нишаста бошад, аз пухтани он чора нест ва аз барои ин кор ёварӣ бидеҳ.
Каси бисёр ба думмал гирифторшавандаро роҳи халосӣ он бошад, ки исҳол оварад ва пайваста бо гармоба кардану варзиш намудан пӯстро тунук созад. Яке аз доруҳои пазонандаи он тухми марвест, ки бо шир ва ё бо анҷир,155 хардал ва ангубин кӯфта бошанд ва ё худи анҷирро бо ангубин [ба кор баранд]. Гандуми хоида аз барои пазонидани он хуб аст. Мавизи бо бура маъҷун сохта, ё анҷиру хардали омехта бо равғани савсан, доруи думмалии маъруф ва доруи хамирмоягии маъруф ҳамчунинанд.
Як дору ба сифати зерин гоҳе ба оҳистагӣ пазиш оварад ва нусхааш чунин аст: якуним уқия равғани зард, ду уқия хамирмояи туруш, якуним уқиягӣ тухми марви кӯфта ва аспғул, се уқия шираи анҷир ва панҷ дирамӣ ҳулба ва зағирро гирифта, андар шир биҷӯшонанд ва ба кор бибаранд. Ин [дору] муътадил бувад.
Агар думмал ба душворӣ бипазад, пастҳарорат ва гарон бошад, рагеро бизан, ки бад-он хун бирасонад ва сипас бар он ҷой миҳҷама бинеҳ, вале андар оғоз чунин накун, вагарна хуни зардобнок берун шуда, хуни ситабр банд бигардад ва андар он ҷой ба реши сахт табдил ёбад.
Ҳар гоҳ думмал бипазад ва шикофта нашавад, онро ба ҳасби он чи ки андар боби хуроҷҳо ёд шуд, ё бо доруҳо ва ё бо корд бояд бишикофӣ. Зағир, поруи кабӯтар ва хамирмоя аз ҷумлаи доруҳои хуби онро кафонанда ба шумор бираванд.
Фасли сиву чаҳорум андар баёни туса
Ин омоси решии аз гӯшти зиёдатӣ иборат буда, андар гӯшти тунук ва аксар вақт андар мақъад ва фарҷ бирӯяд.
Вай гоҳе некфарҷом ва гоҳе палиди ранҷовар бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор