Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин хуроҷест, ки чун бикафад, чизе аз зераш барояд, ки ба гӯшти хуб шабоҳат дошта бошад, вале сипас бори дигар аз он хуноба ояд. Як намуди дигаре аз хуроҷҳост, ки онро «аттин»151 номанд. Ин хуроҷи решии гирдшакли сурх буда, худованди он андар бештари ҳолатҳо аз таб эмин набошад. Вай аксар вақт андар сар ва гоҳе андар дигар андомҳо падид ояд.
Фасли бисту якум далелҳои хуроҷ гардидани омос

Ҳар гоҳ дилзании бисёр, ё сахтшавии дарозмуддат ва гармӣ дарёбӣ, гумон бибар, ки омос андар роҳи хуроҷ гардидан аст.
Фасли бисту дуввум далелҳои пазиш ва нишонаҳои он

Ҳар гоҳ нармӣ дарёбӣ ва бибинӣ, ки дард ором ҳамешавад, бидон, ки омос рӯ ба пазиш ниҳодааст.
Фасли бисту севвум ҳукмҳои хуноба

Хунобаи хуб онест, ки сафеди обакӣ буда, бӯи бад надошта бошад ва ҳарчанд аз мушоракати гармии бегона чора нест, вале гармии модарзодӣ [низ] андар он тасарруфоте ба амал оварда бошад. Бештар яксон будани хуноба [ба далолат] аз баҳри он лозим аст, то маълум бигардад, ки мунфаил шудани он аз қувваи гуворанда ба иттифоқ буда, кори ин [қувва] ба ҳасби саркаш ва ё тобеъ будани [модда] гуногун нагардидааст. Бӯи сахт бад надоштани ӯро аз барои он хостор бошанд, ки то ӯ ҳар чи бештар дур аз гандидан бувад. Гуфтаанд, ки сафедии он аз баҳри он мавриди дархост аст, ки рангҳои андомҳои аслӣ сафеданд ва ҳеҷ чизе ба ҷуз табиати бар вай тавоно ӯро ҳамранги онҳо гардонидан натавонад.
Хунобаи бад бадбӯй буда, бар гандагие далолат кунад, ки он зидди пазиш аст ва бар фармонравоии гармии бегона152 гувоҳӣ диҳад. Ҳар гоҳ хуноба ноҳамвор ва гуногунрангу гуногунқивом берун ояд, ин низ аз ҷинси хунобае бошад, ки мухолифи хунобаи хуб аст. Ҳар як хунобае, ки андар ягон андом падид меояд, ногузир бояд ганда шавад, ё бипазад, ё сард бигардад ва ё ба ягон шакли дигаре табдил ёбад.
Фасли бисту чаҳорум далелҳои хуроҷи дарунӣ

Ҳар гоҳ андар андомҳои дарунӣ омоси гарме падид ояд, [намудҳои гуногуни] фарошо ва табҳо бетартибона ориз гарданд ва дард шиддат ёбад. Фарошо андар аввал дарозмуддат буда, сипас муддаташ кӯтоҳтар шудан гирад ва гаронии омос афзоиш ёбад. Андар ин ҳангом бидон, ки омос хуроҷ шудааст ва андар роҳи рим кардан бувад. Ин дардҳо андар оғоз бошиддаттар буда, ҳар андоза [омос] ба марҳилаи анҷом наздиктар ояд, шиддати онҳо камтар шудан бигирад, зеро порашавӣ андар марҳалаи оғоз ба амал ояд. Дардноктарин порашавӣ ва гусастани пайвастагӣ онест, ки баробари падид омадани [омос] рӯй диҳад. Ҳар гоҳ модда ба хуноба табдил ёбад, таби сахт ва афрӯхтагӣ низ таскин ёбанд ва аз он таби ба анбозии дил ҷойдошта ҳам фурӯ нишинад.

Бидон, ки сахтии набз шоҳиди бузург аст, зеро агар нишонаҳои хуроҷ ва кафгирак андар андомҳои дарунӣ падид омада бошанд ва набз сахт набошад, ба таври қатъӣ бар [падид омадани] хуроҷи дарунӣ ҳукм накун, чунки гоҳе мумкин аст мисли ин на андар андомҳои дарунӣ, балки андар сифоқе бошад, ки гирди андомҳои даруниро бигрифтааст. Андар кадом бар будани хуроҷро [65] аз тариқи гаронии бад-он алоқаманд ва аз тариқи дард ҳисс кунӣ.
Фасли бисту панҷум далелҳои пухтагии [хуроҷи] дарунӣ

Ҳар гоҳ далелҳои хуроҷи дарунӣ ориз бигарданд ва
сипас аразҳое аз қабили таб, фарошо ва дардҳо як андоза таскин ёбанд, вале гаронӣ боқӣ бимонад, бидон, ки хуноба мустаҳкам шуда, пазиш ба амал омадааст. (125)
Фасли бисту шашум
далелҳои наздикии кафидани
хуроҷи дарунӣ

Ҳар гоҳ дардҳо боз оянд, сихзанию сӯзиш ба амл ояд, гаронӣ шиддат ёбад ва табҳо яксон бигарданд, бидон, ки кафидан наздик аст. Ҳар гоҳ ба якборагӣ табларза ориз шавад ва гаронию дард таскин ёбанд ва хусусан агар хуноба ба истифроғ зоҳир гардида, аз назди ҳар чи ки гузашт, онро бисӯзонад, пас [хуроҷ] кафида бошад. Андар ин ҳангом аз пажмурдагию нотавон шудани қувват чора нест.
Агар хуроҷи дарунӣ якбора бикафад ва чизи бисёре аз он берун ояд, бошад, ки хафақон ва беҳушии баднамуде ориз бигарданд, бошад, ки ба иллати ҳал шудани қувват марг рӯй бидиҳад, бошад, ки қай ва исҳол падид ояд, бошад, ки агар хуроҷ андар сина бувад, ба якбора хунобаи бисёре аз гулӯ ояд ва бошад, ки агар ба сӯи сина кафида, якбора моддаи зиёде хориҷ карда бошад, гирифтагии дам ориз бигардад.
Фасли бисту ҳафтум илоҷи хуроҷҳои берунӣ

Ба кор бурдани намудҳои истифроғ ва чизҳое, ки бо
онҳо андар оғоз омосҳоро муолаҷа кунанд, як амрест, ки
миёни хуроҷи гарм ва омосҳои гарми ғайри хуроҷӣ муштарак бувад, вале ин ба шартест, ки чунон ки баён кардем ва чунонки ҷоҳилон ба хато гоҳе чунин кунанд, агар
бими ба сӯи ягон андоми шариф баргаштани модда ҷой
надошта бошад. Тадбири хосси он иборат аз ҳал намудани он чизест, ки андар вай ҷамъ шавад ва ин бар ду рӯй
бувад. Якум ин, ки агар беморӣ аз ҳадди одатӣ чандон
бисёр берун нарафта бошад, ин тадбирро ба таври мустақим ба кор баранд. Яъне аз барои пазонидани моддаи
хуноба ва баъд аз барои кафонидани он ҳилаҳо кунанд
ва қувватро ба эътибор гирифта, онро муҳофазат кунанд,
то дарду кафидани [омос] ӯро якбора наафтонанд, зеро
бисёр касон беҳушу беҳол шуда, бимиранд. Бинобар ин
туро, эй пизишк, лозим аст чӣ гуна қавӣ сохтани қувватро риоят кунӣ ва онро бо ёрии он чи ки медонӣ, муҳофазат намоӣ. Бояд ба худованди кафгирак ғизоҳои хуб
диҳӣ, вале агар хуроҷ андар андомҳои дарунӣ бошад,
ногузир бояд ба латиф сохтани ғизо бипардозӣ. Дуввум
ин ки ин тадбирро ба тақозои ҳол аз ғайри мустақим, яъне ҳангоме ба кор баранд, ки беморӣ бузург шуда, хуроҷ андар бузургӣ аз ҳадди ҳамешагӣ таҷовуз карда бошад ва [пизишк] андар интизори пазиш шудан бими зуд фаро расидани оқибати бадро дошта бошад, ё бидонад, ки қувват аз барои пазонидани ҳамаи [модда] кифоят нест ва агар он кӯшиши пазонидан кунад, ин [кӯшиш] боиси падид омадани таъсири ғайри пазиш буда бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ