Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар [омос] ба сабаби бисёрии пурӣ ба амал омада бошад, андар ин ҳол истифроғ асли [муолаҷа] буда, ғизоро бикоҳанд ва латифтар бисозанд. Доруҳои пасгардонандаи модда ба кор набар, балки доруҳои ковоккунанда ба кор бибар ва низ набояд доруҳои ковоккунандаро аз ғайри истифроғ ба кор бибарӣ, зеро онҳо гоҳе ба сабаби кашидани моддаи бисёр андомро зиён хоҳанд овард. (123) Баръакс, ҳар гоҳ доруҳои ковоккунанда ба кор бурдӣ, баробари он истифроғ ба амал овар ва моддаро ба сӯи мухолиф бикаш. Хатари доруҳои пасгардонанда аз ин иборат аст, ки моддаро ба сӯи андомҳои дарунӣ ва андомҳои сарвар биронанд ва хатари доруҳои ковоккунанда аз он иборат аст, ки моддаи бисёреро [ба сӯи андоми бемор] бикашанд. Истифроғ овардан ва ба дигар сӯй гардонидани модда аз зиёни доруҳои ковоккунанда эмин доранд.
Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, ногузир бояд онро бо мисли пашминае таскин дод, ки андар равғани зайтуни тафсон тар карда бошанд. Сипас ба охир андар он намак биафзоянд, то аз тариқи таҳилил овардан омосро фурӯ нишонад. Андар оғоз мумкин аст [намак] дардро афзоиш диҳад.
Агар тан пок бошад ва ё онро пок карда бошӣ, бебокона ба ҳалсозӣ бипардоз. Гоҳе аз барои ҳалсозӣ, масалан, орди гандум ба кор баранд, вале орди ҷав некфарҷомтар бувад. Гоҳе доруи ба таври қавӣ ҳалкунанда мумкин аст омосро бузургтар бисозад, бинобар ин, онро танҳо ҳангоме ба кор бибаранд, ки агар ба рондани модда аз сӯи андомҳои сарвар эҳтиёҷ биафтад ва аз бими [зиён расидан] ба андомҳои сарвар моддаро аз сӯи онҳо ба сӯи омос кашидан бихоҳанд. Бисёр бошад, ки андар марҳалаи оғоз ин [омос] аз рехтани танҳо равғани зайтуни гармкардашуда шифо ёбад. Агар омос андар гӯшти ковок ва ё андар ягон андоми шарифе аз қабили пистон ва хоя ҷой дошта бошад ва агар аз манъ кардани модда бими офат набошад, моддаро манъ кун ва пас бигардон. Агар ҳисс кунӣ, ки омос майли сахт шудан дорад, он гоҳ андар куҷое набошад, нармаш соз.
Фасли бистум андар баёни хуроҷҳои гарм

Аз ҷумлаи кафгиракҳо хуроҷ он омоси гарме бошад,
ки рим кунад ва исми «дубайла» (кафгирак) ба ҳар гуна
омосе дода шавад, ки андаруни он тиҳигоҳе падид омада, модда чӣ гунае набошад, ба сӯи он битаровад ва андар он боқӣ бимонад. Хуроҷ аз ин ҷумла ҳар омосест, ки
гарм буда, рим кунад. Гоҳе омоси гарм, чунонки ҳаст,
бо рим кардану гусастани ягонагии ботинии худ оғоз
ёбад ва гоҳе на ин гуна оғоз ёбад, балки нахуст ҳамчун
омосҳои гарми дуруст падид омада, сипас ҳолаш ба ҷое
бирасад, ки ба наздики марҳалаи анҷом ба рим кардан
бипардозад. Мо гуфторро оид ба кафгиракҳои сарде, ки
ҳовии хилтҳои мухотӣ, гачӣ, сангрезаӣ, регӣ, мӯӣ ва ғайраанд ба охир биоварем, ҳарчанд бархе аз мардумон
[омосҳоеро] ба таври махсус «дубайла» (кафгирак) хондаанд, ки дорои ин гуна хилтҳо буванд. Лекин мо ҳоло
андар баёни онҳое сухан ронем, ки римкунандаанд. Ин
намуд аз ҳама бештар моддае хориҷ кунад, ки табиат
онро ронда бошад ва он на аз миёни пӯст нуфуз кардан

битавонад ва на низ гӯшт онро ба худ бикашад. Баръакс, ин [модда] ба иллати ситабрии хеш ягонагии [гӯштро] ба таври ба назар намоёне аз ҳам бигсилад ва андар миёни он чи гусаста бошад, ҷойгир шавад. Андар бештари ҳол, хусусан модда агар тез бошад, [хуроҷро] сари борикгардидае падид ояд.
Ин хуроҷҳо нахуст рим кунанд, сипас рим бипазад ва баъд аз он онҳо бикафанд. Онҳо гоҳе ба тақвият додани пазишу кафидан эҳтиёҷ дошта бошанд ва гоҳе не. Хуроҷ ҳар андоза бештар барҷаста, сурх ва нӯгтез бошад, хилти онро падидоваранда ҳамон андоза гармтар буда, зудтар бипазад, ҳал шавад ва бикафад. Хусусан хуроҷи берунбаромадаи сарди санавбарӣ [ҳамин гуна бувад]. Оне, ки баръакс, паҳну нишаста ва камтар сурх аст, ситабрмодда, бад, моил ба сӯи андарун, камдард ва гаронҳаракат бувад.
Аз ҳама бад онест, ки ба сӯи дарун бикафад ва [моддаи] ӯ аз назди ҳар чи ки гузарад, онро табаҳ кунад. Бархе аз он бар ду сӯ сар оварад. Сутудатарин намуди кафидан онест, ки ба сӯи тиҳигоҳи хосси андом буда, ин [тиҳигоҳро] ба сӯи берун роҳи баромад бошад. Маслан, агар хуроҷи меъда ба сӯи андарун ва тиҳигоҳи он бикафад, беҳтар аз он аст, ки ба беруни хеш ва ба сӯи тиҳигоҳи бо мароқ иҳота шуда бикафад. Ҳамчунин кафидани хуроҷи мағзӣ ба сӯи ду тиҳигоҳи пешин сутудатар аст, аз баҳри он ки ин дуро гузаргоҳҳое чун ба сӯи биниву гӯш ва аз тариқи қамъ ба сӯи даҳон ҷой доранд. Агар он ба сӯи фазои гирди мағз ва ё ба сӯи шиками пасини мағз бикафад, ба берун баромадан натавонад ва зиёни сахте бирасонад.
На ҳар андоме созгори он аст, ки андар вай хуроҷ падид ояд. Масалан, андар пайвандгоҳҳо хуроҷ кам бирӯяд, аз баҳри он ки онҳо андар хеш хилтҳои мухотӣ доранд ва макони онҳо фарох буда, моддаро дамгиру ҳабс намуда, ба гандидан маҷбур кардан натавонад. Бинобар он агар андар он ҷойҳо хуроҷе падид ояд, ба ягон сабаби бузурге вобаста хоҳад буд. Бадтарин ва палидтарини хуроҷҳо онҳоеанд, ки бар сарҳои мушакҳои серасаб бароянд. Хуроҷҳо аз ҷиҳати муддати пазиш гуногун буда, ин муддат ба латифӣ ва ситабрии хилт, ба гармию сардӣ (124) ва муътадилии мизоҷ ва ба фасл, синну сол ва гавҳари андом вобаста аст. Хуроҷ маҳз ба сабаби кам будани гармии модарзодӣ андар андом ва ё ба сабаби ситабрии гавҳари модда нахоҳад пухт ва чизи андар вай буда ба рим табдил нахоҳад ёфт. Аз ин сабабҳо хуроҷ гоҳе ба ҷое бирасад, ки андарун рим кунад ва ба иллати сахт нишаста будани рим ва ситабрии чизи болоии он ба ҳисс андар наояд. Бар пухтани хуноба гоҳе зуд воқиф тавон шуд ва гоҳе не, зеро агар гавҳари модда ситабр бошад, агарчи бипазад ҳам, ба зудӣ нарм нашавад ва агар тунук бошад, зуд нарм бигардад ва низ бар бисёрӣ ва ё камии гӯшти бар фарози он буда вобастагӣ дорад.
Сабабҳои хуроҷ ва ба хуноба табдил ёфтани он пурӣ ва бисёриву табоҳии модда буванд ва сабабҳои ин сабабҳо хом мондани ғизо, варзишҳои бад, бемориҳое, ки на аз тариқи истифроғи намоён буҳронӣ шаванд ва офатҳои нафсоние бошанд, ки мисоли онҳо андӯҳ ва диққат шудан буда, аз инҳо хун табаҳ бигардад.
Аз миёни хуроҷҳо як намуди хуроҷест, ки онро «ту румисус» номанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ