Қонуни тиб

Оид ба ин ҳила ихтилофи назар аст ва ба санҷиш эҳтиёҷ дорад ва ё ба баҳси бештаре, то ҳақиқати он дониста шавад.
Аммо нишонаҳои бори модина, зиддҳои [чизҳои ёдшудаанд]. Аз ҷумлаи ҳолатҳое, ки онро таъкид кунанд, бисёр падид омадани решҳо андар пой ва хусусан соқ ва бисёрии омосҳои онҳо ба шумор бираванд. Гоҳе мумкин аст писар бор гирифта шавад, вале он камқувват буда, ҳолату нишонаҳои он бадтар аз бори модинаи қавӣ зуҳур кунанд.
Нифоси занони писардор аз бисту панҷ то сиҳ рӯз гузарад, вале ба шарте ки бемор набошанд ва занони духтардор аз сивупанҷ то чиҳил рӯз гузарад ва ин андар бештари ҳолатҳо чунин бувад.166
Фасли ҳафтум андар баёни тадбири писар ёфтан
Бояд зану мард худро бо атрҳову бахурҳо, бо ғизоҳо, бо ошомидани масрудитус, агар эҳтиёҷ биафтад, бо бахурҳову фарзаҷаҳои ёдшуда, агар бад-ин эҳтиёҷ афтад, бо ҳар гуна ҳуқнаҳои гармиоварандаю чарбҳо гармиоварӣ кунанд. Набояд ба гуфтаи касе эътибор дод, ки гӯяд: «Барои он, ки писар шавад, боистӣ мании зан камқувват бошад». Баръакс, бояд мании ӯ ситабр, қавӣ ва гарм бошад ва ин гуна манӣ ба пазируфтани [сурати] наринагӣ созгортар аст, лекин набояд мании мард аз мании ӯ заифтар бошад, балки боистӣ мании мард андар ин бобат қавитар аз он бувад. Бояд муддате аз ҷимоъ парҳез кунанд, вале на ба андозае, ки аслан рӯй бигардонанд, аз баҳри он ки ҳамчунон гуфтем, ин ҳол маниро табаҳ хоҳад кард. Набояд оби зиёд ошоманд, балки боистӣ аз он кам-кам биошоманд ва ғизоҳои қавии гармиоваранда бихӯранд. Сипас, бояд мард мании хешро бисанҷад ва то даме, ки он тунук аст, бидонад, ки ниёзмандӣ ба [293] муолаҷа ҳанӯз боқист.
Ҳар гоҳ манӣ ситабр гардад, мард баъди он як чанд рӯзи дигар сабр карда, тадбири хешро давом бидиҳад, то манӣ қавӣ шуда, бар ваҷҳе фароҳам ояд, ки бад-он ишора карда шуд. Баъд аз он мард ба тарзи ёдшуда андар ҷойгоҳе бо зан ҷимоъ кунад, ки он ҷойро бо атрҳои гарм, масалан бо гаштаи мушкин, заъфарон ва уди ҳиндии хом хушбӯй карда бошанд, вале бояд аз кофур дурӣ ҷуст. Мард бояд ба хуррамтарин ҳол, (569) хуштарин хотир, андар дилкушойтарин ҷой ва бо андешаи писар ёфтан [ба ҷимоъ] бипардозад. Ӯ бояд андар хаёлаш сурати мардони қавӣ ва бо шуҷоатро оварда, андар рӯбарӯяш сурати марди аз ҳама беш хушқаду қомат ва чеҳракушодаро биниҳад ва сипас занро ватй намуда, бори хешро раҳо кунад ва шаҳват шиканад.
Нишонаҳои марди сабук гушнӣ кунанда ва писарборовар: Марди сабук гушнӣ кунанда ва писар бороваранда марди қавипайкар буда, гӯшташ андар сахтию нармӣ муътадил ва манияш фаровон, ситабр ва гарм бувад. Ӯ бузургхояву барҷастараг буда, шаҳваташ ба ҳадде қавӣ бошад, ки аз ҷимоъ заиф нагардад ва манияш аз хояи рост биҷаҳад. Бинобар ҳамин касони чаҳорпоёнро бордоркунанда тухми чапи наринаро сахт бибанданд, то ки манӣ аз хояи рост бирезад. Агар бачаро нахуст тухми рост бузург шавад, ӯ писарборовар ва ё [тухми]
чап бузург шавад, духтарборовар хоҳад буд. Ҳамчунин ҳар бачае, ки зуд иҳтиломӣ шавад ва ин на ба ягон офати андар манӣ ҷойдошта вобаста бошад, низ писарборовар бувад.
Нишонаҳои занони сабук боргиранда ва писарзо:
Аз ҷумлаи занони сабук боргиранда ва писарзо занест, ки ранг ва намуди зоҳирияш муътадил буда, танаш на сахт ва на нарм аст, хуни ҳайзаш на тунуки риммонанд, на камоб ва на чандоне сӯхта шудааст, даҳони заҳдонаш андар баробари фарҷаш ҷойгир аст, гуворишаш хуб, рагҳояш намудори пур ва ҳоссаҳову ҳаракатҳояш ба таври шоистаанд, ӯро на равонии доимии шикам аст ва на бастагии ҳамешагии он, чашмаш сурмагун аст, на шаҳло ва худ хуштабъу шодравон бувад. Дӯшизагони нав ба балоғат расидаи коргар [низ аз ин ҷумла буда], эшон баробари ба балоғат расидан зуд обистан шаванд, аз баҳри он ки гармияшон баланд ва равғани заҳдон ва рутубаташон кам бувад. Он заноне, ки зудгуворанд ва низ онҳое, ки муддати покияшон кӯтоҳ буда, бисту ду рӯз бикашад, на қариб чиҳил рӯз, аз барои писар бор овардан беш аз ҳама созгортаранд.
Фасли ҳаштум андар баёни сабаби тавъам бор овардан, нишонаҳои он ва обистани бар обистан
Сабаби ин бисёрии манӣ, бар ду ва зиёда аз он бахш шудани манӣ ва андар ду тиҳигоҳ афтидани он бувад.
Бачаҳои тавъам бисёр кам саломат монанд. Кам рӯй бидиҳад, ки миёни обиста гардидани ҳар ду тавъам муддати зиёде бигузарад, балки аксар вақт онҳо бо як ҷимоъ кардан баста шаванд. Гоҳе ба нудрат зани бордор аз ҷимоъ боз бордор бигардад. Агар аз ҷимоъ ин гуна боргирӣ биафтад, андар заноне биафтад, ки танашон фарбеҳ буда, ба сабаби қуввати гармии хеш сермӯю серхун буванд. Инҳо заноне бошанд, ки гоҳе ба ҳангоми обистан хун бинанд. Аз ин набояд бимнок буд, зеро ин ба қавӣ будани манӣ ва қавӣ будани заҳдонашон вобаста аст ва эшон бо вуҷуди ҳайз дидан ва як андоза кушода шудани даҳони заҳдонашон бача нахоҳанд партофт. Гоҳе эшон якчанд бор – ду ва беш аз он ҳайз бинанд. Агар обистани бар обистан зани начандон қавӣ ва онҳоеро рӯй диҳад, ки ба иллати боз шудани даҳони заҳдон, на қавӣ будани он, обиста шуда бошанд, ин бими онро дорад, ки зодаи якум заиф буда, дуввумиро табаҳ хоҳад кард. Инчунин, андар занони боқувват ба кадом сӯй афтидани боргирии [дуввум] ва ба якдигар музоҳамат овардани ҳар ду бача бимнок аст. Аксар вақт ин боиси таб, бодгирифтагии сару рӯй ва падид омадани бемориҳо шуда, ба ҷое бирасанад, ки яке аз ду бачаҳо биафтанд. Яке аз нишонаҳои ду ва беш аз он бача доштан, чунонки гӯянд ва низ санҷидашуда аст, ба таври зерин аст: бояд нофи бачаи аввал беруномадаро, ки бо ӯ пайваст аст, бингаранд. Агар андар он гиреҳзадагию бастагиҳо набошанд, пас, ғайри навзоди якум дигар бачае нахоҳад буд, вале агар андар он гиреҳзадагиҳо дарёбанд, пас, ба адади онҳо [андар шикам] бача бувад.
Нишонаҳои наздик расидани [бачаниҳӣ]: Ҳар гоҳ зани обистанро ҳангоми ба зодан наздик фаро расида, андар фурӯсӯви шикам – зери ноф ва андар устухони паҳна гаронӣ, андар пайғулаҳо дард ва андар шикам гармӣ ҳис кунад ва даҳони заҳдон бисёр ва ба таври ҳисшаванда дамида, тарӣ зоҳир карда бошад, пас, ҳангоми [зодан] наздик расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор