Қонуни тиб

Сипас баъди як-ду моҳ чизҳои бад орзу кардан ба амал ояд, сафедии чашмонаш зардфом ва кабудфом шавад ва гоҳе чашмон фурӯ нишаста, андар пилкҳо истирхо падид ояд. Нигоҳаш тез ва мардумаки чашмаш равшан бигарданд ва сафедии он ситабртар шуда, вале андар бештари ҳолатҳо зард нахоҳад шуд. Аз дигаргун шудани ранг ва падид омадани осори берун аз табиат чора нест, вале ин ба ҳангоми бори нарина камтар ва ба ҳангоми бори модина бештар бувад. Гоҳе обистан ба сабаби гарм сохтани заҳдон дардҳои миён ва суринро фурӯ нишонад ва зан чун бача ниҳад, боз падид оянд.
Гоҳе пистонҳояш аз ҳоли пештар бигарданд ва бузургтар шаванд ва рагҳои онҳо зардфому кабудфом шаванд.
Андар бештари ҳолатҳо занони обистанро чунин ҳол рӯй диҳад, ки андар оғоз танашон ба истирхо гирифтор ояд, аз баҳри он ки хуни ҳайз банд бигардад ва он беш аз миқдоре бошад, ки ҷанин ба иллати хурдӣ ва кам ғизо тақозо кардан ба он миқдор аз хун эҳтиёҷ дорад. Сипас, чун ҷанин бузург шуда, он бахши зиёдатии хунро ғизои хеш созад, [тани зан] ҷон гирад ва аразҳои аз банд шудани [ҳайз] ба амал омада аз байн бираванд. Агар дӯшизаи ба понздаҳсолагӣ нарасида обистан шавад, ба иллати хурдии заҳдон бими марг бувад. Ҳоли занони бузурге, ки ба табҳои тез гирифтор шудаанд, низ чунин буда, ин [табҳо] аз тариқи ба ҷанин бадмизоҷӣ овардан ӯро бикушанд, чаро ки ҷанин заиф буда, таҳаммули онро надорад. Аз як ҷиҳат андар ин ҳангом ғизо мизоҷи ӯро табаҳ созад ва аз ҷиҳати дигар агар модар ғизо нахӯрад, ҷанин заиф шавад ва агар ғизо бихӯрад, худ заиф гардад. Ҳамчунин, агар андар заҳдони зан омоси гарме падид ояд ва агар он фалағмунӣ бошад, андар камтарин ҳолатҳо ҷанин ва модарашро умеди раҳоӣ хоҳад буд.
Вале мошаро сахт бад бувад.
Гоҳе ҳолати обистанро аз тариқи таҷрибаҳо шиносанд. Аз ҷумла, ду уқия ангубинро бо ҳамин қадар оби борон омехта, пеш аз хоб бидиҳанд ва бингаранд, ки оё он печиши ноф меорад, ё не. Иллати ин ба анбозии рӯда баста гардидани [бодҳои] даманда бувад, вале пизишкон аз ин андар шигифтанд. Ин санҷидашудаю созгор аст, магар [зан] ба ошомидани ин гуна [дору] одат карда бошад. Ҳамчунин, [занро] як рӯз рӯза доштан фармоянд ва шомгоҳ ӯро андар ҷомаҳо печида, аз тариқи пангону165 кулоҳак [аз зери доманаш] бахур кунанд. Агар дуд ва бӯи он аз даҳону бинӣ ояд, ӯро бордорӣ нест. Инчунин, аз тариқи ба зер бар гирифтани сир бо шиками холӣ ва бад-ин ҳол хобидан бисанҷанд ва бибинанд, ки оё маза ва бӯи онро андар даҳон меёбад, ё не. Яке аз таҷрибаҳое, ки андар боби писар ва духтар бор гирифтан овардаем, ба зер баргирифтани рованд бо ангубин аст. Пешоби занони обиста андар оғози обистан зардфоми моил ба кабудӣ буда, андар миёни он чизе мисли пунбаи аз ҳам боз карда бинамояд. Гоҳе бар обистан пешоби андар қивом равшане, ки бар сари он чизе шабеҳи ғубор бигардад ва хусусан пешобе далолат кунад, ки андар он ҳубобҳо болою поин шаванд. Аммо андар охири обистан андар пешоби онҳо ба ҷои он кабудие, ки андар оғози обистан буд,
сурхӣ зоҳир бигардад. Агар пешоби обистагонро биҷунбонанд ва он тира бигардад, пас, ин ҳангоми анҷоми обистан аст, вале агар тира нашавад, пас, оғози обистан бувад.
Фасли шашум андар баёни писар ва ё духтар бор овардан
Сабаби нар омадани бача мании мард, гармӣ ва фаровонии он, ба ҳангоми покии зан афтодани ҷимоъ ва аз хояи рост рехтани манист, зеро [мании хояи рост] гармтар ва андар қивом сахттар буда, аз гурдаи рост, ки он гармтар, баландтар ва наздиктар ба ҷигар аст, сарчашма бигирад. Ҳамчунин, агар манӣ андар бари рости заҳдон биафтад, низ чунин бувад. Инчунин мании зан бо ин гуна хосиятҳо ва аз ҳамин ҷиҳат [таъсир дорад]. Кишварҳои сард, фасли сармо ва бодҳои шимолӣ аз барои нар шудани бача ва зидди онҳо ба зидди он ёварӣ кунанд.
Ҳамчунин, ин аз ҷавонӣ вобаста бошад, на аз бачагию пирӣ. Бархе аз пизишкон гуфтааст, ки агар манӣ аз бари рости мард (568) ба бари рости зан бигузарад, писар ва агар аз бари чап ба бари чап бигузарад, духтар бор оварад. Агар аз чап ба рост гузарад, духтари мардмизоҷ ва ё агар аз рост ба чап гузарад, писари духтармизоҷ бор оварад. Яке аз газофгӯён гуфтааст, ки обистан аз рӯзи якуми покӣ то панҷум писар ва то рӯзи ҳаштум духтар шавад. Сипас, то рӯзи ёздаҳум писар ва баъди он хунсо шавад. Хуни занони писар боргирифта хеле гармтар аз хуни занонест, ки духтар боргирифта бошанд.
Нишонаҳои писар ва духтар бор гирифтан: Каси писар боргирифтаро хушрангтар, бештар зиндадил, зоҳири танаш покизатар, иштиҳояш хубтар ва аразҳояш оромтар буда, андар бари рост гаронӣ ҳис кунад, аз баҳри он ки аксар вақт писари падидоянда аз мание падид ояд, ки андар бари рости заҳдон афтидааст. Ин аз он сабаб рӯй диҳад, ки ё он ҷониб барои пазируфтан пешдастӣ кунад ва ё манӣ аз тухми рост ҷаҳида бошад. Агар ҷанини нар ба ҷунбиш ояд, аз паҳлуи рост биҷунбад. Худованди бори нарро нахустин пистоне, ки ба бузург шудану ранг гардондан оғоз кунад, пистони бари рост ва хусусан чочи рост бувад ва нахуст ба сӯи он шир давида ва низ нахуст аз он шир ояд. Шире, ки аз пистони ин гуна [занон] бидӯшанд, ситабри часпак, на тунуки обакӣ бувад. Агар шири зани писар боргирифтаро бар оина чаконида, андар офтоб бинигаранд, вай мисли қатраи симоб ва ё донаи марворид истода, на ҷорӣ шавад ва на собит бимонад. Сари пистони худованди бори нарина бештар сурхи на чандон сиёҳхеста бигардад ва рагҳои пойҳояш сурх шаванд, на сиёҳ. Набзи бари росташ бештар пурраву думодум ояд. Гуфтаанд, ки ин [зан] ҳар гоҳ аз ҳоли истодан ба қадам задан дарояд, нахуст пои ростро бардорад ва ин санҷидашуда аст. Ҳар гоҳ аз ҷой бархезад, бар дасти рост такя карда бархезад. Чашми росташ сабуктару зудтар ҳаракат кунад. Писар баъди се моҳ ва духтар баъди чаҳор моҳ ба ҳаракат оянд. Яке аз ҳилаҳое, ки андар шинохтани ин ҳол ёд кардаанд, чунин аст:
як мисқол заровандро гирифта, бисованд ва бо ангубин сиришта, бо ёрии пашминаи сабз аз пагоҳӣ то нимрӯз ношито ба зер баргиранд. Агар оби даҳони зан ширин ша вад, пас вай бори нарина дорад, агар талх шавад, бори модина дорад ва агар ҳеҷ дигаргуние нашавад, пас ӯ бор нагирифта бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор