Қонуни тиб

Агар бӯи бахур то ба даҳон ва ё бинии ӯ рафта бирасад, пас, ӯ сабабгори нозоӣ нест ва агар бӯй нуфуз накунад, андар он ҷой суддаҳо ва хилтҳои баде ҷой доранд, ки монеи гузаштан шаванд ва ё бӯи хуши бахурро табаҳ кунанд. Гуфтаанд, ки [зан] бояд як бахш сирро андар [фарҷ] бигирад ва бубинад, ки оё бӯю таъми он аз боло меояд ё не ва ин бештар ба будан ва ё набудани судда далолат кунад.
Агар андар заҳдон судда бошад, ин далели нозоист ва агар судда набошад, аз эҳтимол дур нест, ки барои нозоӣ сабабҳои дигаре ва барои обистан монеаҳои дигаре низ ҷой дошта бошанд. Ҳар занеро, ки баъд аз пок шудан андар даҳони заҳдон рутубат боқӣ бошад, он [ҷанинро] билағжонад.
Аммо нишонаҳои мизоҷи манӣ ва андомҳои он чунонки донистӣ, бад-ин гунаанд, ки гармию сардии онро аз тариқи совидан бо даст, аз тариқи маниро бо совиш чӣ гуна дарёфтани зан, аз тариқи сахтӣ ва тунукии манӣ, аз тариқи чигунагии мӯи зиҳор, аз тариқи рангу бӯи он, аз тариқи зудию сустии набз, аз тариқи рангинӣ ва ё берангии пешоб ва аз тариқи анбозии ҷасад бишиносанд. Тармизоҷӣ ва хушкмизоҷии онро аз тариқи каму ситабр ва зиёду тунук будани он шиносанд. Мании мизоҷаш дуруст сафеди часпаки тобишнокест, ки бар вай магасҳо нишаста, онро бихӯранд ва бӯяш чун бӯи шукуфаи хурмо ва ёсамин бувад.
Нишонаҳои мизоҷи хуни ҳайз ва андомҳои он чунинанд, ки бар гармӣ ва сардии он, чунонки донистӣ, аз тариқи басовандагӣ ва аз тариқи моил ба зардӣ, ё сиёҳӣ, ё тирагӣ ва ё сафедӣ будани ранги хуни ҳайз ва аз тариқи ҳолатҳои мӯи зиҳор огоҳӣ пайдо кунанд. Бар тарӣ ва ё хушкии мизоҷи он аз тариқи бисёру тунук ва ба изофаи он омосидагию тираранг будани чашмон (зеро ба ақидаи Буқрот чашм бар ҳоли заҳдон гувоҳӣ диҳад) ва ё каму ситабр будани он далел бигиранд. Ҳар зане, ки аз ҳайз пок шаваду вале даҳони заҳдонаш хушк нашавад, балки тар бимонад, ин гуна зан бор нахоҳад гирифт. Аммо фарбеҳию лоғарӣ, равғаннокӣ, кӯтоҳию кужии нара, кӯтоҳии маҳори [кулфа], сарнагунии заҳдон ва чигунагии ҳар ду резиши манӣ бошанд, ҳолатҳоеанд, ки аз тариқи таҷриба шинохта шаванд. Фарҷҳои [занони] чодарпиҳашон серравған дорои даромадгоҳи танги дароз буда, шохҳои [заҳдонашон] кӯтоҳ ва шикамҳои он баланд баромадаанд ва аз ҳар гуна ҳаракат ба ларза оянд ва бо андак бӯе озурда шаванд. Бар моил будани заҳдон (565) аз тариқи даст-даст кардани даруни фарҷ огоҳӣ пайдо кунанд. Агар даҳони заҳдон андар баробари он ҷой надошта бошад, пас, вай моил аст. Худованди заҳдони моилу сарнагун ҳангоми ҷимоъ дард ҳис кунад.
Тадбир ва илоҷ: Тадбири оид ба ин бобат буда бар ду ваҷҳ аст: яке бо зан аз барои обистан наздикӣ кардан ва андар ин кор нармрафтор будан ва дуввум муолаҷаи сабабҳоест, ки аз обистан боз доранд. Аз барои занону мардони аз офариниш нозо, касони мизоҷашон бо мизоҷи ҳамсарашон носозгоре ва муҳтоҷ ба табдили якдигар ва касони афзорашон кӯтоҳро ҳеҷ гуна дармоне нест.
Низ заноне аз ҳамин ҷумлаанд, ки даҳонаҳои рагҳои
хунфишони заҳдони эшон аз сабаби решҳо табаҳ шуда ва ин решҳо гӯшт гирифта, онҳоро ҳамвор карда бошад.
Илоҷи заноне, ки ба табдили ҳамсари хеш ниёзманданд, ба тиб алоқаманд нест, вале аз барои дигар ҳолатҳо тадбирҳое ҷой доранд.
Тафсили ваҷҳи якум бад-ин гуна бувад: Бояд аз барои ҷимоъ созгортарин ҳангомро ихтиёр намуд, ки мо онро ёд кардем. Аз ҷумла бояд вақтеро ихтиёр намуд, ки поёни ҳайз ва ҳангоме бошад, ки андар ин гуна ҳангом ба сабабҳои мо ёдкарда ҷимоъ зарур аст. Бояд ҳар ду муддати дароз тарки ҷимоъ кунанд, вале на ба андозае, ки мании онҳо табаҳ шуда, [291] ба сардӣ бигарояд. Агар чунин ҳолат руй диҳад, бояд ба тарзе ҷимоъ кард, ки обистан ба амал наояд ва сипас ҷимоъро то замоне тарк кунанд, ки бидонанд, мании хуб фароҳам омада аст. Аз ҷумлаи [тадбирҳо] риоя намудани он аст, ки бояд ҷимоъ андар оғози покии зан биафтад ва аз барои ин ҳар танеро муддати дигарест. Сипас, бояд бозиро хусусан бо заноне, ки бадмизоҷ нестанд, дер давом дода, мард пистони занро бо нармӣ молиш диҳад, зери нофашро хор-хор кунад ва ӯро бидуни омехтани ҳақиқӣ бигузорад. Сипас, ҳар гоҳ зан хоҳони ҷимоъ шуда, ба шавқ ояд, миёни ҳар ду хурӯсакҳои ӯро аз боло молиш дода, бо ӯ биомезад, аз баҳри он, ки ин маҳалли лаззатбарии ӯст. Аз ҷумла чизе, ки бояд риоя шавад, лаҳзаест, ки ҳангоми он зан сахт бичаспад, чашмонаш сурх шудан гиранд, баланд нафас бигирад ва парешон сухан гӯяд. Он гоҳ бояд [мард] андар баробари даҳони заҳдон андаке барои манӣ ҷой кушода, маниро раҳо кунад, вале он ҷой бояд ба андозае бошад, ки асари боди беруна ба манӣ нарасад, зеро бод маниро зуд табаҳ сохта ва он барои зоиш кор наояд. Бидон, ки агар [мард] маниро бо резиши андак раҳо кунад ва ё гузашта аз ин агар нарааш ба девори муқобил бирасад, мумкин аст манӣ зоеъ шавад. Баръакс, бояд [манӣ] то даҳони заҳдон як андоза ҷаҳида бирасад ва баромадгоҳи сӯрохи нара баста нагардад. Сипас мард баъди ин омезиш соате бо зан бимонад ва чандоне сахттар биомезад, ки [нара] то ба ҳадди охирин бирасад ва ҳис кунад, ки боз шудану пӯшида шудан ва нафас кашидани даҳони заҳдон тамоман ором ёфта аст. Баъд аз он мард ҳам андар ҳоле ором гирад, ки зан пойҳояшро кушода суринашро бардошта ва пушташро фурӯ ниҳода бошад. Сипас аз болои ӯ бархоста, осуда бигузорад ва ӯ пойҳояшро ҷафс карда, нафасашро баста дорад. Агар баъди ин хобаш барад, ин аз барои обистан имконияти бештаре бахшад. Агар пеш аз ин аз барои ин ғараз бахурҳои созгоре ба кор бибаранд, хубтар хоҳад буд.
Доруҳои ба зер баргирифтанӣ ва хусусан самғҳои начандон гарме аз қабили муқл ва монанди онро пеш аз он ба зер баргиранд. Яке аз тадбирҳои аҷиб ин аст, ки зан аз зери заҳдон хушбӯиҳои гармро бахур кунад, вале аз боло набӯяд. Сипас найчаи дарозеро гирифта, як сари онро андар хокистари тафсон ва сари дигарашро андар даҳони заҳдон ба андозае бидоранд, ки гармии он ба қадри тоқатовар ба заҳдон биравад. Баъд, зан бо ҳамин ҳайъат бихобад ва ё чи қадар ки битавонад, нишинад. Баъд аз он бо ӯ ҷимоъ кунанд.
Ваҷҳи дигар бад-ин гуна аст, ки агар сабаби [нозоӣ] гармӣ ва ё хилтҳои гарм бошад, онҳоро истифроғ ку нанд ва мизоҷро бо ғизоҳо ва шаробҳои маълум муътадил созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор