Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё мумкин аст он аз тариқи сардӣ, ё гармӣ ва ё хушкӣ маҷроҳои ғизоро танг созад. Ё мумкин аст хушкиоварии он ба ҷое бирасад, ки [чун] пӯстҳои хушк кашида бигарданд. Ё мумкин аст ғизои кӯдакро табаҳ созад ва ё ба сабаби сахт фишурда шудани заҳдон монеи расидани ғизо ба бача бигардад. Ин [фишурда шудани заҳдон] ё ба хушкӣ, ё сардӣ, ё фароҳамоии решҳо, ё рӯидани гӯшти зиёдатии озахӣ ва ё ба хушкие вобаста бошад, ки бар машима фармонраво шуда, гузаргоҳҳои ғизоро табаҳ гардонад.163 Гоҳо хушкии [заҳдон] ба ҷое бирасад, ки он пӯстҳои хушкро монад. Гоҳе маниро андар заҳдони сарди тар он ҳолате рӯй диҳад, ки [290] донаи андар замини заҳоб афтидаро рӯй диҳад, вале ба ҳангоми мизоҷи гарми хушк он ҳолате ориз бигардад, ки андар заминҳои оҳакпошида рӯй бидиҳад. 2) Ё ин [сабаб андар заҳдон ҷой дошта], ба қатъ шудани модда, яъне хуни ҳайз вобаста буда, ҳангоме чунин бошад, ки заҳдон аз кашидану расонидани он оҷиз ояд. 3) Ё мумкин аст ин ба каҷ шудан, ё сарнагун шудан ва ё ба сахт фишурда шудани даҳони заҳдон пеш аз зоиш вобаста буда, ин [ҳолатҳо] аз сабаби суддае, ё сахтӣ, ё гӯшти зиёдатии озахӣ, ё гӯшт гирифтани решҳо, ё сардии қабзкунанда ва ё ба иллати дигар сабабҳои суддаву хушкӣ рӯй диҳад ва бад-ин сабаб манӣ андар он нуфуз кардан натавонад. Ё мумкин аст баъд аз обистан фишурдагии [даҳони заҳдон] суст шуда, [маниро] нигоҳ надорад ва ё аз бисёрии пиҳ [онро] билағжонад. [Бисёрии пиҳ] гоҳе мумкин аст ба анбозии тамоми тан ҷой дошта бошад, гоҳе андар заҳдон ба таври хос ва ҳам андар чодарпиҳ ва ё гоҳе танҳо андар заҳдон ба амал ояд. Ҳар гоҳ бар рӯи чодарпиҳ пиҳи зиёд ба амал ояд, вай фишор оварда, ҷои маниро танг кунад ва бо фишурдану ин гуна кори хеш онро берун созад.
Ё мумкин аст ин ба шиддат ёфтани лоғарии тамоми тан ва ё заҳдон вобаста бошад. Ё мумкин аст андар заҳдон ягон офате аз қабили омос, реш, бавосир ва ё фузуниҳои гӯштие ҷой дошта, монеи [пазируфтани манӣ] бигардад. Ё мумкин аст андар даҳони заҳдон ягон чизи сахте мисли нара ҷой дошта бошад, ки он пеши закар ва маниро бигирад. Ё мумкин аст решҳое гӯшт гирифта бошанд ва заҳдонро ҳамвор сохта, даҳони рагҳои хуни ҳайзфишонро баста бошанд. Ё мумкин аст андар заҳдон дуруштие ҷой дошта бошад.
Сабабе, ки андар андомҳои бачазоӣ ҷой дорад, ё заъфи мӯриҳои манӣ ва фасоди андар мизоҷҳои он рӯйдода аст, чунонки касеро рагҳои варидии паси гӯш бурида бошанд ва ё аз барои санг шуда обгаҳашро шикофта бошанд ва бинобар он зиён ба анбозӣ ба андомҳои бачазоӣ бирасад. Гоҳе мумкин аст ягон асаби онҳо канда шавад ва ин боиси падид омадани заъф андар мӯриҳои манӣ ва андар қуввати зояндаи манӣ ва афканандаи он хоҳад шуд. Ҳамчунин, касеро чунин ҳол руй диҳад, ки агар хояҳои онро пахш карда бошанд, ё бо шавкарон зимод ниҳода ва ё кофури бисёр ошомида бошанд. [Нозоие], ки ба сабаби нара бувад, масалан бад-ин гуна аст, ки нара андар офариниш кӯтоҳ бошад, ё ба сабаби фарбеҳии мард алоқаманд буда, гӯшт бештари нараро фаро бигирад, ё мумкин аст ин аз зан вобаста буда, даҳони заҳдон дур бошад ва нара то он расидан натавонад ва ё мумкин аст ба ҳар ду алоқаманд бошад. Ин гоҳе ба каҷии [нара] ва ё ба кӯтоҳии маҳори [қулфа] вобаста буда,

маҷро аз ҳадди баробароӣ як сӯ рафта, маниро андар ҳалқаи даҳони заҳдон партофтан натавонад.
Аммо сабабҳои андар андомҳои мабдаъӣ ҷойдоштаро мо баршумурдем. Ногузир бояд андомҳои гувориш ва андомҳои рӯҳ ба ҳадде қавӣ бошанд, ки кори обистан осон бигардад.
Хатогии ногаҳонӣ бошад, ё ҳангоми инзол ва пеш аз фарогирӣ ва ё баъд аз фарогирӣ ба амал ояд. [Хатогии] ба ҳангоми инзол бад-ингуна бувад, ки марду занро замони ҷимоъ яксон набошад ва бинобар ин ҳамеша яке аз дигарӣ ба инзол пешӣ дошта бошад. Агар мард пешӣ кунад, мании зан норехта бимонад ва агар зан пешӣ кунад, мард мании худро ба ҳоле бирезад, ки мании зан рехта бошад (564) ва даҳони заҳдони ӯ аз ҳаракатҳое боз истода бошад, ки ҳангоми онҳо даҳони заҳдон пайдарпай боз шуда, бо шиддат маниро фурӯ кашад ва ин гуна [ҳаракатҳоро] зан ҳангоми инзол худ ҳис кунад. Заҳдон ба ақидаи як гурӯҳ аз баҳри он чунин амал кунад, ки то оби мардро ҳамроҳи оби аз мӯриҳои дарунии заҳдон рехта ба сӯи андарун бикашад ва ё ба ақидаи гурӯҳи дигар, агар рост бошад, аз барои кашидани [мании] худ чунин кор кунад, зеро мании зан ҳарчанд андарун падид ҳамеояд, вале нахуст ба беруни даҳони заҳдон рехта, сипас, даҳони заҳдон онро фурӯ бибарад. Ин аз барои он бошад, ки то ҳангоми ҳаракати манӣ ангезаи ҳаракати мании хешро аз берун кашидан ба миён омада, ҳамроҳи он мании мардро низ бикашад, зеро зан инзоли мардро ҳис накунад.164 Хатои ногаҳоние, ки баъд аз фаро гирифтани [манӣ] рӯй диҳад, масалан, иборат аз ҳаракати сахт, ҷаҳидан, садма хӯрдан, зуд бархестан баъди рехтани манӣ ва дигар ҳолатҳоест, ки баъди обистан ба амал оянд ва бинобар он [бача] билағжад. Ё мумкин аст ягон хавфи ногаҳоние ва ё ягон сабаби дигаре аз қабили сабабҳои бачапартоӣ руй диҳанд, ки мо онҳоро андар боби худашон ёд хоҳем кард.
Буқрот гуфтааст, ки мард ҳеҷ гоҳ сардтар аз зан нест ва муроди ӯ мизоҷи андомҳои сарвар, мизоҷи нахустини мард ва мизоҷи дурусти манист, на он мизоҷҳои ногаҳон ориз шуда.
Бидон, ки зани зоё ва боргиранда камтар аз зани нозо ба бемориҳо гирифтор ояд, вале тани ӯ заифтар буда, зудтар пир шавад. Аммо зани нозо бошад, бештар бемор бигардад, дертар пир шавад ва аксари рӯзгори ӯ ба барноӣ бигузарад.
Нишонаҳо: Оид ба нишонаҳои ба кадоме аз ин ду манӣ вобаста будани нозоӣ чизҳое гуфтаанд, ки дурустии онҳо ба таҳқиқ нарасида аст ва мо андар баёни онҳо ягон ҳукме нахоҳем кард. Масалан, гуфтаанд, ки бояд ҳар ду маниро санҷид ва кадоме аз онҳо бар сари об бигардад, камбудии нозоӣ аз сӯи ӯст. Ё гуфтаанд, ки пешоби ҳар дуро ба буни коҳу бирезанд ва кадоме аз онҳо коҳуро бихушконад, тақсир аз ҷониби ӯст. Аз ҷумла гуфтаанд, ки ҳафт дона гандум, ҳафт дона ҷав ва ҳафт дона боқилиро гирифта, андар ҷогаҳи сафолин кунанд. Сипас, яке аз ҳар ду андар он бимезад ва онро ҳафт рӯз бигузоранд.
Агар ин донаҳо бисабзанд, пас, нозои на аз ҷониби [худованди он пешоб] бувад. Низ, чизҳое гуфтаанд, ки аз инҳо ҳам дурӯғтар бошанд. Беҳтарин чизе, ки оид ба сан ҷиши зан гуфтаанд, чунин аст, ки бояд аз тариқи кулоҳак заҳдони занро бо хушбӯӣ бахур кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ