Қонуни тиб

Сабаби тавъамии [ҷанин] ба ҳадде бисёр будани манист, ки ба ҳар ду шиками заҳдон нуфуз карда, ҳар кадомро алоҳида пур созад. Гоҳе мумкин аст аз он сабаб иттифоқ афтад, ки манӣ андохтани ҳар ду як хела набошад ва ин ихтилоф ба ихтилофи ҳаракати кашиши заҳдон дучор ояд. Чунки заҳдонро ба ҳангоми кашидан харакатҳои пайдарпай рӯй диҳанд ва он чун касе бувад, ки як луқмаро аз паси луқмаи дигар фурӯ барад ва пайдарпай нафас гирифтани моҳиро монад, зеро [заҳдон] низ маниро ба якчанд дафъа ба қаъри худ фурӯ барад ва ҳар бор баробари аз берун кашидани манӣ низ хостгори ҷамъ сохтани ҳар ду манӣ андар хеш бигардад. Ин ҳолатест, ки мардони ҷимоъкунандаи тезҳуш онро ба ҳис дарёбанд ва ин ҳолро худи занон низ бидонанд. Ин рондану кашиданҳои фардӣ ба таври холис нестанд, балки ҷаҳишнок буда, гӯё ҳар як ҷуфти он аз якчанд ҳаракат таркиб ёфтааст. Вале онҳо танҳо баъд аз якчанд ҷаҳишҳо тамомият ёбанд, балки гузашта аз ин баъди ҳар як гурӯҳ ҷаҳишҳо як миқдор оромӣ ҳис карда шавад ва сипас [ҷаҳишҳо] дубора сар шаванд. [Ин оромӣ] мисли он оромие бувад, ки андар миёни (561) маниафканиҳои закар ҷой дошта бошад. Ҳар як бори ояндаи ҷаҳишҳо аз ҷиҳати қувват сусттар ва аз ҷиҳати шумора камтар бувад. Гоҳе шумораи маротибаҳо беш аз се ва ё чаҳор бувад ва ин лаззатбарии занонро дучандон созад. Аз баҳри он ки эшон ҳам аз ҳаракати мании хеш ва ҳам аз ҳаракат кардани мании мард аз даҳони заҳдон ба андаруни он лаззат бибаранд ва гузашта аз ин аз худи ҳаракате кайф кунанд, ки заҳдонро ориз бигардад. Ба гуфтаи касе бовар накун, ки гӯяд: «Лаззати занон ва тамомияти он ба рехтани мании мард вобаста аст» ва гӯё агар мании мард нарезад, эшон аз рехтани мании хеш лаззат намебурдаанд. Агар мардро ҳангоме инзол афтад, ки заҳдони занро ин гуна ҳаракатҳо ба амал наомада ва пас аз он ором нашуда бошад, зан фақат лаззати ночизе ҳосил кунад. Мардро низ ин гуна ҳол пеш аз ҳаракати манӣ рӯй диҳад ва ин ҳаракат шабеҳ ба хориш ва дағдағаест, ки ҳангоми рехтани вазй ба амал ояд. На низ ба гуфтаи касе бовар кун, ки гӯяд: «Мании мард чун бар заҳдон бирезад, тафси онро хомӯш кунад ва гӯё оби сарде бар оби гарми ҷӯшон рехта бошанд». Ба ҳақиқат ҳол ҷуз ба ваҷҳе нест, ки мо ёд кардем ва [лаззати пурра] ҳангоме ҳосил шавад, ки мании зан бирезад ва мании мардро баробари рехтан [заҳдон] фурӯ барад. Андар дигар ҳолатҳо [лаззат] начандон қавист, ки қобили эътибор бувад.
Гоҳе мумкин аст манирезии мардина бо манирезии модина созгор афтида ҳар ду [манӣ] ба ҳам биомезанд ва сипас резишҳои дигаре ба амал омада, ин гуна резишҳо пайдарпай рӯй диҳанд. Андар ин ҳол занро якчанд шикамҳои [раҳм] бор бигиранд, аз баҳри он ки ҳар як бор омехта шудани маниҳо худ ба худ ҷудогона [бор оварад]. Гоҳе мумкин аст ҳар ду манӣ ба ҳам биомезанд, вале баъд аз ҳам канда шаванд ва ё яке аз он, ки пеш афтидааст, ба сабаби бодӣ, ё ҷаҳишӣ ва ё ба яке аз сабабҳои ҷудосозанда канда шавад ва ҳар кадом ҷудогона биистанд. Гоҳе [ба ҳам омехтани якчанд резиш] баъд аз танида шудани парда рӯй до
да, [омехтагиҳои] бисёре андар як чиз падид оянд. Ин яке аз ҳолатҳоест, ки ба ҳангоми он [омехтагиҳо] пурра таквин наёбанд ва қобили ҳаётӣ нагарданд. Ҳар омезише, ки бад-ин равиш бошад, қариб бемуваффақият аст ва омехтагии бомуваффақият онест, ки андар асл ҷудо биафтад, мании [289] нарина танҳо ва ба иловаи он ғайри фаровон буда, заҳдонро пур накунад ва ба чаҳор сӯи заҳдон наравад, то бо ӯ мании модинае бипайвандад, ки аз ду фузунии шохгуни ба донаи [хурмо] монанд бирезад.
Баробари омехта шудани ҳар ду манӣ ҷӯшиши ёдшуда ба амал омада, ҳубоб ва чодари нахустин офарида шаванд ва манӣ то замоне, ки манист ва ҳанӯз ба гирифтани хуни ҳайз аз мағокчаҳое шурӯъ накардааст, ки пардаи падид омада, бад-онҳо бипайвандад, тамоми он ба ду фузунии шохгун даровехта, аз он ҷой мадад бигирад.
Ба ақидаи Ҷолинус ин чодар мисли чарбест, ки ҳангоми рехтани мании модина бад-он ҷое, ки мании нарина низ бад-он ҷой бирезад, аз мании модина офарида шавад. Агар [мании нарина] бо мании модина наомехта бошад, баъдтар ҳангоми омехташавӣ ин [чодар] падид ояд. Гоҳе зан ва [ё] модиён як маниро бар болои мании дигар бипазиранд ва аз ҳар ду фарзанд ояд.
Бача ниҳодан ҳангоме ба амал ояд, ки хуни аз сӯи машима ба ҷанин мерасида ва миқдори насими ба сӯи ӯ оянда кифоят накунанд ва андомҳои ӯ буд шуда бошанд.
Он гоҳ ҷанин бо фаро расидани моҳи ҳафтум ва баробари тамомият ёфтани неруи хеш аз барои баромадан ба ҷунбиш ояд. Вале агар аз ин кор оҷиз ояд, ӯро сустие бирасад, ки баробари он то моҳи нуҳум қуввати ӯ боз наояд. Бинобар ин, агар ягон бача андар моҳи хаштум берун ояд, заифҳол берун ояд. Ҷанин на аз сабаби қувваи зоянда, балки аз сабаби чизи дигаре ба ҷунбиш ояд, ки нороҳаткунанда, ранҷоваранда ва беҳолкунанда бувад.
Берун омадани ҷанин аз тариқи пора шудани пардаҳои тар, рехтани рутубатҳо ва ҷанинро лағжонидани онҳо ба амал ояд. Ҷанин ба ҳангоми зодани табиӣ сарнагун бигардад, аз баҳри он ки то ба осонӣ ҷудо шудан битавонад. Аммо бо пойҳо берун шудан бад-он сабаб аст, ки бача заиф буда, сарнагун шудан натавонад. Ин гуна фуруд омадан хатарнок буда, аксар вақт бомуваффақият нахоҳад анҷомид. Ҷанин пеш аз ҳаракати баромадан кардан рӯяшро бар пойҳо ва кафи дастонашро бар зонуҳо такя дода, бинияшро андар миёни зонуҳо дароварда ва чашмонашро бар зонуҳо ниҳода бошад. Зонуҳояшро ба пешгоҳи хеш часпонида бар ақиби хеш нишаста аст ва рӯяш ба сӯи пушти модараш гардонидааст, то дилаш дар паноҳ бошад. Ин гуна истод аз барои сарнагун шудан аз ҳама созгортар аст, вале гурӯҳе гуфтаанд, ки тарзи истоди рӯи ҷанини модина бар хилофи ин гуна истод аст ва ин гуна истод фақат хосси нарина бувад. Бар сарнагун шудан гаронии бахшҳои барсӯвини тани ҷанин ва хусусан бузургии сар ёварӣ кунанд. Ҳар гоҳ ҷанин ҷудо шавад, даҳони заҳдон ба ҳадде боз гардад, ки мисли ин гуна чиз ҳеҷ ин гуна кушод шудан натавонад ва низ аз боз шудане чора нест, ки пайвандгоҳҳоро ориз бигардад. Ин яке аз меҳрубониҳои Худои бузург аст, ки онҳоро барои ин кор омода сохтааст ва боз зуд онҳоро ба ҳоли пайвастагии табиӣ баргардонад. Ин ба шакли яке аз феълҳои (562) қувваи табиӣ ва қувваи суратгар ба амал омада, ба таъсири хоссе вобаста аст, ки аз барои истеъдоди пайваста баробари болиш ҷанинро ҳосилшаванда аз тарафи Офаридгор бирасад, вале ба ҳис андарнаёяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор