Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷанин бо се чодар печида аст:159 яке машима буда ва он чодарест, ки ҷанинро печида аст ва андар он рагҳое ба ҳам бофта шудаанд, ки ҷаҳандаи онҳо ба ду раг ва ороми онҳо низ ба ду раг пайвастаанд; чодари дуввум «балос»160 ном дошта, он чодари ҷомагиест, ки пешоби ҷанин ба сӯи он бирезад; ва севвумро «амнус»161 гӯянд, ки маҳалли рехтани арақ бувад. Аз барои фазлаи бирозӣ ба ҷойгоҳи дигаре эҳтиёҷ нест, чаро ки чизи мавриди ғизои ӯ тунук буда, сахт нест ва бе дурд бувад. Аз он танҳо ба шакли пешоб ва ё арақ фазлаи обӣ ҷудо шавад. Наздиктарини чодарҳо ба ҷанин чодари севвум аст ва он тунуктарини ҳамагон аст, аз баҳри он ки то фароҳамгоҳи рутубате бошад, ки аз ҷанин битаровад. Андар ҷамъ сохтани ин рутубат судмандист, зеро он ҷанинро бардошта бидорад, то бар худи он ва бар заҳдон гаронӣ наояд. Вай инчунин нофу заҳдонро аз ҳам дур бидорад. Дар ҳақиқат пардаи сахт бо совидани худ ҷанинро озурда месохт, чунонки пӯсти ба наздикӣ бар рӯи реш сабзида ва ҳанӯз сахт нашуда ҳамин гуна бувад. Аммо чодаре, ки аз берун аз паси он ояд, ин «чодари ҷомагӣ» бувад, зеро он ба ҷомахоб монандӣ дорад. Маҷрои пешоб аз сӯи ноф ба сӯи он андаромада, на аз тариқи сӯрохи нара берун ояд, [288] аз баҳри он ки маҷрои сӯрохи нара танг аст, онро мушакҳои назораткунандае иҳота кардаанд, ки бо ёрии ирода боз шаванд ва андар охири он каҷмокаҷиҳост. Ба кор бурдани ин гуна [маҷро] пас аз фаро расидани ҳангоми зодану тасарруф оғоз ёбад. Аммо ин [маҷро] бошад, васеътар буда, рост падид омадааст. Аз барои пешоб резишгоҳи хосе сохта шудааст, чунки агар он набошад, тан тезию сӯзиши пешобро таҳаммул кардан натавонад ва ин худ ба худ маълум аст. Фарқи миёни пешоб ва рутубати арақӣ аз чиҳати бӯй ва сурхии ранг ошкорост. Инчунин, агар ин [пешоб] ба машима бирасад, мумкин аст муҳтавои рагҳои машимаро табоҳ созад.
Машима дорои ду қабати тунукест, ки андар миёни ҳар ду рагҳо танидаанд ва рагҳои ҳар ҷинсе аз онҳо, яъне ҷинси шараёнҳо ва [ҷинси] рагҳои варидӣ ба сӯи ду раг рафтаанд. Ду раги варидӣ бошанд, ҳамоно ки андар [чодар] бидароянд, роҳи аз ҳама кӯтоҳтари ҷигарро пеш гирифта, аз барои эминтар будан ба як раг табдил ёбанд.
Вай аз барои он, ки то боиси музоҳамати резишгоҳи талха нагардад, на аз сӯи фурӯхамидагӣ, балки аз сӯи кужӣ андар ҷигар бидарояд. Ба ҳақиқат ин раг аз ҷигар рӯида, аз тариқи машима ба сӯи нофи машима биравад ва андар он ҷой бахш шуда, ду раг бигардад. Онҳо берун баромада, андар машима ба сӯи даҳонаҳои рагҳое ҳаракат кунанд, ки андар заҳдон ҷой доранд. Ин рагҳоро ду ҳолат рӯй диҳад: яке ин ки ба наздики вохӯрдан бо даҳонаҳо аз ҳама бориктар гарданд ва чунон бишаванд, ки гӯӣ охири рагҳои фаръист ва дигар ин, ки нахуст аз он ҷой ба сурхшавӣ сар кунанд ва чунин пиндошта шаванд, ки гуё аз он ҷо раста бошанд, вале [чунин нест], баръакс, онҳо аз барои он аз он ҷо сар карда, сурх шаванд, ки хунро (560) аз он ҷой бигиранд. Агар фарохии сӯрохро ба эътибор бигирӣ, чунин гумон ба миён ояд, ки асли онҳо аз ҷигар аст, вале агар ба ранги хунӣ гирифтан эътибор бидиҳӣ, чунин бинамояд, ки асли онҳо аз машима аст.
Лекин эътибори дараҷаи аввал ин эътибори сӯрохҳову

гузаргоҳҳост. Аммо ранггардониҳо ин марҳилаҳои камолёбии сатҳҳоест, ки сӯрохҳоро иҳота кардаанд. Ҳамчунин шараёнҳо низ ба сӯи ду шараён ҷамъ оянд. Агар оғозро аз машима бигирӣ, чунин дарёбӣ, ки ҳар ду аз ноф ба сӯи шараёни бузурге, ки бар [дарозии] устухони паҳна хобидааст, бигузаранд ва бар обгаҳ такя кунанд, зеро обгаҳ наздиктарин андомест, ки андар он ҷой бад-ӯ такя кардан битавонанд. Онҳо аз барои эҳтиёт бо пардаҳо бадон бастаанд. Сипас, андар шараёни доимие бидароянд, ки он то поёни зиндагонии ҳайвон бекор нагардад.
Ин буд зоҳири гуфтаи пизишкон. Аммо ба ҳақиқат онҳо ду шуъбаеанд, ки растагоҳи ростинии онҳо шараён ва бар қиёси ёдшуда аст. Пизишкон гӯянд, ки ин дуро дуруст нест, ки як шаванд ва ё ба сӯи дил бираванд, зеро масофа зиёд буда, ба монеаҳо рӯбарӯ хоҳанд шуд ва азбаски масофаи миёни андоме, ки ба он рафта бирасанд, наздик аст ба як шудан эҳтиёҷ нахоҳанд дошт. Чунин ёд кунанд, ки шараён ва вариди аз дил ва шуш берун оянда азбаски андар ин ҳангом аз барои нафасгирӣ чандон суди бисёре надоранд, бинобар ин, судмандии онҳо ба сӯи ғизо гардонида шуда, аз яке ба сӯи дигари он гузаргоҳе сохта шудааст, ки ба наздики бача зодан баста бигардад.
Шуши ҷанинҳо сурх аст, аз баҳри он ки андар он ҳангом нафас нагирад, балки аз хуни сурхи латиф ғизо бигирад.
Маҳз омехтан бо бахши бодист, ки минбаъд ӯро сафед бигардонад. Пизишкон [низ] гуфтаанд, ки чодари ҷомагӣ аз мании модина офарида шудааст ва он миқдоран кам буда, камтар аз мании мард аст. Бад-ин сабаб чун имконияти васеъ гардонидан набуд, дароз гардонида шуд, то ҷанинро ба бахши фурӯсӯвини заҳдон бирасад ва азбаски вай танг буда, ҳамаи рутубатҳоро ғунҷонидан наметавонист, бинобар он ногузир аз барои арақ резишгоҳи фарохтаре ҷудо карда шуд. Ин аз ҷумлаи гуфтаҳои пуртакаллуфи эшон аст.
Агар ба сӯи дили ҷанин мизоҷи нарӣ пештар бирасад, вай андар ҳамаи андомҳо густариш ёфта, ҷанин аз ҷиҳати наринагӣ ба падари хеш биравад. Гоҳе мумкин аст сабаби наринагии он на мизоҷи падараш, балки ягон ҳолати заҳдон ва ё ягон мизоҷе бувад, ки хусусан маниро ориз шуда бошад. Бинобар он ҳар гоҳ ҷанин аз ҷиҳати нар будан ба падар монандӣ пайдо кард, воҷиб нест, ки аз ҷиҳати ҳамаи дигар андомҳо низ ба ӯ монанд бошад, балки мумкин аст ба модар бимонад. Монандии шахсӣ тобеи шакл ва монандии наринагӣ на тобеи шакл, балки тобеи мизоҷ бувад. Гоҳе як худи дилро ба танҳоӣ мизоҷе чун мизоҷи падар ориз шуда, андар андомҳо гузарад. Аммо аз ҷиҳати қобилияти шаклӣ бошад, пазируфтани модда андар андомҳои атрофӣ моил ба шакли модар бувад. Гоҳе мумкин аст қувваи суратгар маниро ғолибият додан тавонад ва ҷанинро аз ҷиҳати тарҳ ба шакли падар тарҳрезӣ кунад, лекин аз ҷиҳати мизоҷ натавонад, ки ӯро андар мизоҷ мисли ӯ бисозад. Гурӯҳе аз донишмандон эҳтимоли имкони чунин ҳукмро аз ҳақиқат дур нашуморида гуфтаанд, ки яке аз сабабҳои монандӣ он суратҳои инсониест, ки ҳангоми обистан андар хаёли зан ва ё мард ба таври устувор таҷассум ёбанд. Аммо аз ҷиҳати боло (қад) бошад, кӯтоҳии он ба камии модда андар оғоз ё ба камии ғизо ба ҳангоми афзоиш ва ё ба хурдии заҳдон вобастагӣ дошта, ҷанин андар он маҷоли васеъ пайдо накунад, чунонки меваҳои ҳангоми норасидагӣ андар колбад даромадаро ҳамин гуна ҳол руй дода, афзоиш наёбанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ