Қонуни тиб

Низ, доруи зерин аз барои омоси пазониданаш лозим ва аз барои боди андар хоягон буда таъсири қавӣ дорад: аз нахӯди сиёҳ ва мавизак як бахшӣ ва аз каждуми сӯхта як бахш гирифта, бо он зимод кунанд. Андар сӯрохи нара рехтани каме равғани занбақ аз барои ин гуна [омос] ва хусусан омоси сард судманд аст.
Бар [омос] овехтани рӯян низ ҳамчунин бувад.
Агар омос кафгирак бошад, равост, ки онро аз наздики пӯсти хоя бикушоянд, вале аз ҷиҳате, ки ба сӯи мақъад аст, кушодан нашояд, зеро гоҳе мумкин аст ба носури бад табдил ёбад. Баръакс, бояд пайваста орди гуринҷро бо об сиришта, бар вай биниҳанд, то пеши рим кардани онро бигирад. Андар поёни [беморӣ] андар сӯрохи нара мушкро бо равғани занбақ аз тариқи пешобдуздак бифиристанд, ки ин ба ғоят хуб аст ва ё як чанд бор фиристодани танҳо равғани занбақ кифоят бувад.
Илоҷи омоси сарди хоя: Аксар вақт ин гуна омосҳо ҳангоми бад аз худ кардани ғизо (552) ва истисқо рӯй диҳанд. Илоҷи ин доруҳои омоспазонандаест, ки андар боби омоси гарм ёд шуданд. Аз ин ҷумла [284] орди боқилӣ ва орди шанбалит бо мусаллас ва инчунин доруи зерин ба шумор бираванд: як қабза каранб ва панҷ дона анҷирро андар об то ҳал шудан биҷӯшонанд ва бо он зимод кунанд. Аз ин ҳам қавитар [доруи зерин аст]: аз орди нахӯд, орди боқилӣ, орди шанбалит, зира, пиҳи гурда, бобуна, шоҳафсар ва мум марҳам созанд. Низ, муқлро андар майпухта гудохта ба кор баранд. Якчанд бор чакондани равғани занбақ андар сӯрохи нара судманд ва аҷиб аст. Дигар, мастако ва анзарутро гирифта, андар тило ва ё андар [равғани] занбақ тар кунанд ва онро бар хоя тило кунанд. Равғани беданҷир ба хосият андар омоси [хоя] таъсир кунад. Ё агар мушкро бо равғани занбақ андар сӯрохи нара бичаконанд, ба ғоят судманд бувад.
Илоҷи омоси сахти хоя: Аз анҷир ва пиҳи мурғобӣ як бахшӣ ва аз барги зайтун, барги сарв ва уша ним бахшӣ гирифта, бо тило ва равғани гов ҷамъ созанд. Низ, аз қалқатор, зуфои тар, мум, равғани гул, мағзи соқи гавазн ва барги марвиҷон бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо доруи олуданӣ бисозанд. Ё муқл ва ушаро гирифта, андар мусаллас ҳал кунанд ва ҳар дуро бо каме аз орди боқилӣ ва равған ҷамъ созанд.
Як дармони хуби санҷидашудае аз барои ин ғараз:
сабӯсро гирифта, пайваста бикӯбанд ва бо элаки танг то аз он гузаштан бубезанд. Сипас, ушаро бо сикангубин ҳал кунанд ва бо [сабӯси бехта] маъҷун сохта, ба таври гарми муътадил бар маҳалли [омос] ниҳанд ва онро пайваста иваз кунанд. Ин дору аз барои ҳар гуна сахтӣ суд бахшад. [Доруи дигар] аз барои сахтӣ: бобуна,154 шанбалит, боқилӣ, равғани гов ва майпухта ва ё анҷири пухта ҳалшударо гирифта, бо онҳо зимод созанд. Низ, ду бахш хокистари донаи сӯхтаи хурмои маъруф ва як бахш хитмиро гирифта, бо сирко бисованд ва зимод кунанд.
Фасли дуввум андар баёни «оқуно» ва «арсотун»
Ин иллати нодир ва андар занон аз он ҳам нодиртар
буда, андар мардон аз паридани нара ва андар занон аз
паридани раҳм иборат аст ва [низ] азҳамкашидагие бо
шад, ки ба сабаби омоси гарм андар мӯриҳои манӣ ориз шуда бошад. Агар инро муолаҷа накунанд, боиси лағжидани мӯриҳои манӣ, истирхои онҳо ва азҳамкашидагию ташаннуҷи онҳо гардида, [беморро] бикушад. Ба ҳангоми ин шиками бемор дам андозад ва арақи сард оварад.
Илоҷ: Ҳар гоҳ ин беморӣ падид ояд, бояд раг зада, ҳиҷомат кунанд ва девча бигузоранд, сипас, на як бора, балки кам-кам ва ба оҳистагӣ исҳол оваранд, то ки ягон чизе ба сӯи андомҳои ба беморӣ гирифтор фуруд наояд.
Инро, масалан, бо ёрии оби печак ва хиёршанбар, бо оби чугундар, бо оби ангури сагак ва хиёршанбар, бо оби шӯрбои лесак ва бо оби шӯрбои тараҳои сарди нармкунандаи табиат ба амал оваранд. Мисоли ин [тараҳо] исфонох, қатаф ва монанди онҳо мебошад. Низ, бо ҳуқнаҳое ҳуқнарезӣ кунанд, ки аз сапистон, олу, хитмӣ, чугундар ва ширхишт гирифта бошанд. Андар тило кардани тилоҳои ниҳоят сардиоваранда бар андомҳои ҷимоъ ва бар пушт чандоне муболаға кунанд, ки ҳатто шавкарон, гили қимулиё ва ҳамаи он чизҳоеро ба кор баранд, ки андар боби фарисмуси гарм ва андар боби омосҳои гарми хоя донистӣ. Бехи нилуфар ва бехи савсан аз барои худованди ин иллат созгоранд.
Фасли севвум андар баёни дарди хояҳо ва нара
Ин аз сабаби бадмизоҷии гуногуни сард ва ё гарм, аз сабаби бод, аз сабаби омос ва аз сабаби кӯфту садма хӯрдан ба амал ояд.
Нишонаҳо: Ба ҳангоми дарде, ки аз сабаби бадмизоҷист, азҳамкашидагии сахт ба амал наояд. Мизоҷро ба ҳис бишиносанд: ҳангоми [мизоҷи] гарм [дард] афрӯхта ва ҳангоми мизоҷи сард карахти начандон зиёд дарёфта шавад.
Ҳангоми дарди бодӣ азҳамкашидагӣ ва ҳаракати бод бидуни гаронӣ ҳис карда шавад. Ҳангоми дигар намудҳои дард сабаб ва нишонаҳои он низ ҷой дошта бошанд.
Дармонҳо: Ин аз он чизе зоҳир аст, ки андар боби гармсозии хоя, сардсозии он ва чигунагии илоҷи омоси он ва ҳал кардани боди он гуфта шуд. (553) Агар сардӣ шиддат ёбад, илоҷи он равғани беданҷирест, ки андар он уфурбиюн гудохта бошанд. Агар афрӯхтагӣ ва сӯзиши он боло бигирад, бо фишурдаҳои сардиоварандае муолаҷа кунанд, ки андар он шавкарон ва ё афюн ҳамроҳ карда бошанд. Аммо ба ҳангоми дарде, ки аз кӯфту садма хӯрдан ба амал омадааст, бояд раг бизананд ва андомро андар чизҳои сардиоварандаи моддаро пасгардонанда бигиранд, вале набояд ин [доруҳо] сахт қабзкунанда бошанд, зеро боиси дард хоҳанд шуд, балки бояд ҳамроҳи онҳо миқдоре аз чизҳои нармсозанда аз қабили бунафша, нилуфар, каду ва ғайра ҷой дошта бошанд. Сипас, баъди ин кор луоби хитмӣ, бобуна ва монанди онро ба кор бибаранд. Инчунин, ротинаҷ, мурр бо оби сард, тухми катони бо оби сард маъҷун сохта, равғани гов ва сақизи набатиро баробар гирифта, [ба кор баранд].
Фасли чаҳорум андар баёни бузургии хояҳо
Гоҳе хояҳоро чунин ориз шавад, ки на ба тариқи варам кардан, балки ба тариқи фарбеҳшавию гӯштгирӣ бузург шаванд, чунонки пистонҳоро ҳамин гуна ҳолат рӯй диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор