Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Инчунин, чаҳор бахш пӯсти санавбари кӯфташуда, ду бахш замч ва як бахш мушки заминро гирифта, бо шароби райҳонӣ биҷӯшонанд ва пораи катониро андар он тар карда, ба зер баргиранд. Бояд ин [пораҳоро] андар ҷогаҳи сарбаста нигоҳ доранд ва онҳоро яке аз паси дигарӣ ба кор баранд. Ин доруи бисёр хуб аст.
Уд, мушки замин, росан, мехак, ромак ва каме мушк гирифта, ҳамаро бисованд ва пашминаеро бо онҳо биолоянд, ки андар майсавсан тар карда бошанд, сипас онро ба зер баргиранд. Низ, ду бахш мозуи норасид ва як бахш шукуфаи изхирро гирифта, аз элаки танг гузаронанд ва бо пораи андар шароб оғушта пайдарпай ба зер баргиранд. Ин ба ҳақиқат дӯшизагиро барқарор кунад. Инчунин, чаҳор бахш

пӯсти санавбари кӯфташуда, ду бахш замч ва як бахш мушки заминро гирифта, бо шароби райҳонӣ биҷӯшонанд ва пораи катониро андар он тар карда, ба зер баргиранд. Бояд ин [пораҳоро] андар ҷогаҳи сарбаста нигоҳ доранд ва онҳоро яке аз паси дигарӣ ба кор баранд. Ин доруи бисёр хуб аст.
Фасли бисту шашум андар баёни доруҳое, ки шарми пеши занро битафсонанд

Мушк, сукк ва заъфаронро андар шароби райҳонӣ ҷӯшонида, пораи катониро андар он тар кунанд ва ба кор баранд. Ин хушбӯӣ ва тафсонӣ бахшад. Кирмдона аз барои ин ғараз таъсири аҷибе дорад.

Мақолаи дуввум
андар баёни он ҳолатҳои ин андомҳо, ки
ба боҳ алоқамандӣ надоранд
Фасли нахустин
андар баёни омосҳои гарми хоя, ҷойҳои
бад-он наздик ва даҳони мақъад

Омос мумкин аст ё андар худи хоя ва ё андар пӯсти он ҷой дошта бошад. Онеро, ки андар пӯст аст, метавон ламс кард ва аз ҳолати сахтию гармӣ ва ранги он огоҳӣ ёфт, вале ба ҳангоми омосе, ки андар хоя бувад, чунин кор душвор аст, зеро онро андар ҳоле метавон ламс кард, ки андаруни пӯсти хоя ҷой дорад. Гоҳе ба ҳангоми он таб падид ояд, аз баҳри он ки ин андом гиромист ва бо дил пайваста бувад. Бисёр бошад, ки пӯсти хоя бирезад ва боз барқарор шавад ва хояҳо бошад, андар ин муддат овезон бимонанд. Сипас, пӯсти хоя рӯида, гӯшт бигирад ва аз он кисаи сахте падид ояд, ки на мисли аввала бошад. Бисёр вақт хояро хӯра шавад ва (551) барои он, ки хӯра паҳн нашавад, ногузир ба кандани онҳо эҳтиёҷ биафтад. Бисёр бошад, ки омоси хояро сурфаи оризшуда бибарад ва модда ба сӯи сина бигузарад.
Илоҷ: Бояд раг бизад ва табиатро хусусан бо доруҳои аз зер ба кор раванда бикушод. Агар доруҳои ба зер баргирифтаниро ба кор баранд, суди бузург бигиранд ва модда ба сӯи мақъад кашида шавад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки баъд аз задани раги даст бо задани софин онро ҷуфт кунанд. Бояд ҷиҳати дардро ба назар гирифта, аз он сӯ раг бизананд, вале агар дард андар ҳар ду хоя бошад, миқдори лозимаи хунро аз ҳар ду даст бигиранд. Бояд ғизоҳои сабук хӯрд, аз гӯшт ва чизҳои бад-он монанд парҳез намуд ва тадбири ғизоии латифро пеш гирифт.
Нахуст бар андом латтапораеро ниҳанд, ки андар сирко ва оби гул ва андар луобҳо ва фишурдаҳои сарди сардгардонида тар карда бошанд ва баробари рӯ ба афзоиш ниҳодани [омос] зимодҳо ва тилоҳои зеринро ба кор баранд: оби рӯбоҳразак, оби каду, хусусан оби найшакари тар, оби коснӣ, орди ҷав, орди боқилӣ, як миқдор заъфарон ва равғани гулро гирифта, [зимод кунанд]; ё барги кокана, орди ҷав ва орди наскро [бигиранд]; ё барги найшакар, орди боқилӣ ва равғани гулро [бигиранд]. Яке аз

зимодҳое, ки мо санҷидаем: аз орди боқилӣ ва бунафшаи совида бахшҳои баробар гирифта, биомезанд ва бо он зимод ниҳанд. Агар гармӣ ва дард ба ифрот бошанд, эҳтиёҷ бад-он афтад, ки бо доруҳои пасгардонандаи модда, масалан, барги банг ҳамроҳ кунанд. Агар омосро як андоза сахтӣ бошад ва марҳилаи оғозёбӣ ба қадри қобили мулоҳаза гузашта бошад, бояд онро бо чизҳое тадбир намуд, ки хусусияти пазонандагӣ доранд ва аз ҳама мувофиқтари онҳо барои марҳилаи ибтидоӣ орди боқилӣ, бобуна ва хитмӣ бо луоби тухми катон ва майпухта, ё орди ҷав бо ангубин ва об, ё барги каранб бо орди ҷав ва ё зардии хоя бо равғани гул бувад.
Агар ба ҳал кардани омос ва боз доштани афзоиши он эҳтиёҷ бошад, яке аз доруҳои санҷидашудаи хуб мавизи донааш гирифта ва зираест, ки ҳар дуро кӯфта аз онҳо бо тило зимод созанд. Ё барги каранб ва ҳулбаи ҷӯшонидашуда ва ё орди боқилиро бо мавизи фарбеҳи донааш гирифта ва зира бигиранд ва ҳамаро андар шароби омехта ҷамъ созанд ва тило кунанд. Ё орди ҷавро бо саргини гов андар сиркое тар кунанд, ки бо каме зира, каме кур ва миқдоре аз оби ангури сагак гирифта бошанд. Ё аз хокистари донаҳои хурмо ва хитмӣ бахшҳои баробар гирифта, бо сирко маъҷун созанд. Ё хокистари каранбро бо сафедии хоя ва ё зардии он, ё бехи хиёри даштиро бо шароби ангубин ва бо орди бехи савсан гирифта, ҳамаро мисли марҳам бисованд. Ё панҷ бахш мавизи поккарда, якуним бахш сақиздонаи пухта, як бахш зира, нуҳ бахш каранб ва се бахш сақизи санавбарро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд.
Ба ҳангоми омоси решшуда рими симро гирифта, андар он равғани зайтунро то қивом ёфтан биҷӯшонанд.
Сипас бар вай мум ва ротинаҷ афзуда, онро аз болои оташ бардоранд. Низ, аз сақизи набатӣ ва уша бахшҳои баробар ва аз равғани савсан ва равғани гов ба миқдори кифоят бигиранд. Инчунин, бехи бӯстонафрӯзро бо пист, ё ҳулба ва тухми катонро бо об ва ангубин, ё дурди шароби куҳанро бо пист ва ё он чизҳоеро [ба кор баранд], ки андар бобҳои омосҳои сард ёд кардем.

пешина
аз 1215
навбатӣ