Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар бубинад, ки таб ва пурӣ ҷой доранд, раг бизанад, табиат муътадил созад ва баъд аз он [истеъмоли доруро] дубора давом диҳад. Андар кори гармсозӣ набояд муболаға намуд, зеро ин боиси хушкидан хоҳад шуд. Ҳар гоҳ доруҳо ва ғизоҳои боҳангезро ба кор бурдӣ, бояд аз паси он як қадаҳ шароби райҳонӣ биошомӣ.
Фасли нуҳум андар баёни доруҳои содаи боҳангез

Мисоли тухмиҳо инҳост: тухми шалғам; каранб; газ; боқилии мисрӣ; индов; газар; пудинаи бӯстонӣ, ки он наъност; тухми морчӯба; тухми турб; тухми беда; тухми харбуза; тухми карафс; фатросолиюн; қардамоно; анвоъи мурч; дорфилфил; ҳили бӯво; кунҷид; тухми катон; сипандон, донаи бон ва равғани он; донаи анори даштӣ (ҳаббулқилқил); меваи бодоми заминӣ (ҳаббуззалам); шанбалит ва хусусан оне, ки бо ангубин ҷӯшонида, хушк карда бошанд.
Аз донагиҳо, масалан, нахӯд, боқилӣ, лӯбиё ва монанди инҳоро [ба кор баранд]. Мисоли пӯстҳо ва гиёҳҳо қирфа, дорчинӣ, хори хасак, басбоса ва толисфар бувад. Аз мағзҳо, масалан, мағзи чилғӯза, «забони гунҷишк», сақиздона, донаи анори даштӣ (ҳаббулқилқил), писта ва фундуқро [ба кор баранд]. Аз самғҳо касиро ва ангужад бо шароб [хубанд]. Ангужад гарм буда, ниҳоят бодангез аст ва агар каси ба бадмизоҷии сард гирифтор ду мисқоли онро бо шароб биошомад, суди бузург бахшад. Мисоли бехҳову чӯбҳо инҳост: бехи филгӯш, ҳар ду навъи баҳман; зурунбод; қусти ширин; «хояи рӯбоҳ», ки аз барои хезондани нара доруи қавист; морчӯба; бехи кангар; пиёз ва хусусан бирёни он; исқили бирён; шақоқул; занҷабил ва хусусан парвардаи он; хуланҷон; оқирқарҳо; бехи хори хасак; му; асорун; бузайдон; муғос; суринҷон; (540) хусусан луъбати барбарӣ, ки он мисли гармии шароб андар тамоми тан ангезиш оварад. Мушки замин низ аз тариқи ошомидан ва молидан чунин таъсир дорад.
Аз ҷонварон сусмор, варал, сақанқур ва хусусан буни дум, ноф, гурда ва намаки он [судманданд]. Варалро андар айёми баҳор гирифта, забҳ кунанд ва шикамашро аз андомҳои дарунӣ пок карда, пури намак кунанд ва андар соя биовезанд, то хушк шавад. Ҳар гоҳ чунин кардӣ, сипас намакашро бигир ва ҷисмашро биандоз. Миқдоре аз он, ки камтар аз миқдори намаки сақанқур бошад, туро кифоят аст. Аз «духтарони об» (ҳайвонҳои обӣ) мормоҳӣ, моҳии кӯса ва моҳии гарм [судманданд].
Шири шутур [низ чунин буда], бист рӯз аз он ҳар бор ба миқдоре биошоманд, ки гуворида гардад ва гаронӣ наоварад. Моҳии хурди рӯдии хушконида [низ хуб аст]. Як ошомидании он ҳафт дирам бувад. Тухми моҳӣ, хояи мурғ, паранда, хусусан хояи кабк, хояи кабӯтар ва хояи гунҷишк, ҳамаи мағзи сарҳо, хусусан мағзи сари чӯҷа, гунҷишк, мурғобӣ, мурғчӯҷа ва барраро бо намак [ба кор баранд]. Яке аз чизҳои ба равиши чизҳои хосиятнок буда ин аст, ки нараи барзаговро гирифта, бихушконанд, сипас онро совида, миқдори каме аз онро бар хояи нимбиришт бипошанд ва онро дам кашанд. Низ, як чизи аҷибе, ки аз ҷонварон аст: панирмояи хушконидаи бачаи

шутурро гирифта, дувоздаҳ соат пеш аз қазои ҳоҷат ба андозаи як ҳиммаса аз онро андар се ратл об бигудозанд ва биошоманд. Агар ин ранҷ оварад, бо оби сард ғусл кунанд. Ангубин низ судманд аст. Аз он ангубиноби бе дегафзорҳо созанд ва онро пайваста бо нонхӯришҳо биошоманд. Агар андар он андаке заъфарон бошад, равост. Аз обҳо оби маъдани оҳан, оби оҳангарон (тезоб) ва шароби нав [суд бахшанд], вале шароби куҳан бухорро латиф сохта, ба таҳлил бибарад ва зиён расонад.
Аз меваҳо ангури ширин ва хусусан тозаи он аз барои боҳ хуб аст, зеро он ба изофаи гармӣ ва ғизои қавӣ бахшидан, хунро бо рутубату бод пур кунад. Аз тараҳо ва чизҳои бад-онҳо монанд, [хори] хасак [судманд аст] ва хусусан оби қивомдодаи онро ба шакли лесиданӣ бо ангубин [ба кор баранд]. Индов низ ҳамчунин бувад. Хусусан агар ҳар пагоҳӣ фишурдаи онро бо як ратл набиз биошоманд ва сипас ғизои зарурӣ бихӯранд, худи ҳамон замон суд бахшад.
Оид ба доруҳои мураккаби ошомиданӣ: бояд гуфт, ки сари онҳо масрудитус аст. Доруи мушк низ аз барои он [нуқсони боҳе] чунин [мақом дорад], ки ба заъфи дил вобаста аст. Инчунин, се мисқол гувориши аз тухмиҳо сохта бо як уқия оби индови тар [хуб аст]. Яке аз ин гуна доруҳо доруи маъруфи сақанқур аст. Тухми индови даштӣ, ки се дирами онро бо равғани гов истеъмол кунанд, доруи хасак, доруе, ки аз ҳар ду навъи тударӣ сохта шудааст, доруи Маҳдӣ146 ва инчунин намаки сақанқур ва тухми индове, ки онро бар зардии хоя бехтаанд, [ҳама] аз ҳамин ҷумлаанд. Дигар ин ки хояи хурӯсро хушк карда, бо якчанди он аз намаки сақанқур ба кор баранд. Як ошомидании он андар як рӯз ду дирам бувад. Низ, аз тухми индов, тухми турб ва тухми харбуза як бахшӣ гирифта, бо шири нав дӯшида биошоманд. Инчунин, аз чилғӯза, тухми карафси кӯҳӣ, талхаи гавазни нар ва сақизи набатӣ бахшҳои баробар гирифта, бо ангубин биомезанд ва як мисқол аз онро истеъмол кунанд. Дигар, аз ҳар як шақоқул, тухми индов, ҳар ду навъи тударӣ, занҷабил ва дорфилфил ду дирамӣ ва аз ҳар як «забони гунҷишк», мағзи сари гунҷишк ва кундур як дирамӣ гирифта, ҳамаро бо равғани норгил бишикананд ва бо ангубин ва пониз сиришта, ба кор баранд.
Ҳар киро сардӣ ба ифрот бошад ва агар маъҷуни сипандонро бо оқирқарҳо биошомад, сахт суд бинад. Низ, се дирам говширро андар як уқия оби ҷӯшонидаи марзангӯш гудохта, онро се рӯз биошоманд. Дигар, се бахш занҷабил [278] ва як бахш дорфилфилро бо ангубин сиришта, як мисқол аз онро бо оби гарм ба бемор бидиҳанд.
Ё аз тухми морчӯба, шақоқул ва занҷабил панҷ дирамӣ, аз тударии сурх, тударии сафед, баҳмани сурх ва баҳмани сафед се [дирамӣ], аз тухми беда, тухми турб, тухми индов ва тухми газ ду дирамӣ, аз исқили бирён ва нофи сақанқур се [дирамӣ], аз «забони гунҷишк» ду дирам ва аз шакар чиҳил дирам бигиранд. Як ошомидании ин чаҳор дирам ва бо тило буда, се рӯз аз он биошоманд. Низ, (541) бояд таоми [чунин шахс] боҳангез бошад. Яке аз доруҳои мо, ки ниҳоят қавист, [ба сифати зерин аст]:
аз ҳар кадоми ангужад, тухми индов, қоқула, тухми газар, «забони гунҷишк» ва кирмдона147 як бахшӣ, аз бузайдон ва мурч се бахшӣ ва аз мушк шашяк бахш ги рифта, бо равғани тухми ноҷу бишикананд ва бо ангубин маъҷун созанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ