Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Низ аз барои дил доруи мушк, тарёк ва масрудитус [ба кор бибаранд]. Агар сабаби [нуқсони боҳ] кам будани дамиш андар андомҳои фурӯсӯвин бувад ва агар сардӣ сабабгори ин бошад, молиши латиф ва чарбҳоеро ба кор бибар, ки баъд ёд хоҳем кард. Бисёр истеъмол кардани дорчинӣ, андар ғизоҳо ба кор бурдани донагиҳое аз қабили боқилӣ, лӯбиё ва нахӯд ва инчунин пиёзи бо намаке, ки андар он каме ангужад афканда бошанд, [ҳама судманд бувад]. Агар сабаб камдамишие бошад, ки аз гармӣ ба амал омада бошад, ба сард сохтану муътадил гардонидан бо обзанҳо, чарбҳо, тилоҳо ва ғизоҳо бипардоз. Бигузор бемор чизҳое бихӯрад, ки ба монанди амруд, тути шомӣ, боқилӣ, шир ва мост чизҳои сард ва бодангез буванд.
Агар сабаб нотавонии тан бошад, онро бо ғизоҳои қувватбахшандае аз қабили сапедбоҳо, [гӯштбирёнҳои] тобагӣ, танӯрӣ, кабобҳо, ҳарисаҳо, хояи нимбиришт, шалғам, шир, равғани зард, нони майда, бо мағзҳое аз қабили мағзи бодом, мағзи гавз, норгил, писта, ҷиллавз (чилғӯза) ва сақиздона ва бо дигар чизҳои ба инҳо монанде танро қавӣ созанд, ки гармдоруву дегафзорҳо зада, бо пиёз, наъно, гандано, ҳулба, девсипист ва индов омехта бошанд. Инчунин, танро бо гармобаҳои лозим ва чарбҳои қавигардонидае аз қабили равғани савсан ва равғани бон қавӣ бигардонанд. Агар ба гармиоварии бештаре эҳтиёҷ бошад, андар инҳо мушк, гунди бедастар ва дигар чизҳо ҳамроҳ кунанд. Агар сабаб сардии андомҳои манӣ бувад, бо доруҳои гармиоварандае, ки ёд хоҳем кард ва бо молиданиҳои тафсонанда муолаҷа кунанд. Агар ба изофаи он хушкӣ низ ҷой дошта бошад, аз чизҳои тарифизои гарме кумак бигиранд, ки аз қабили хӯрданиҳо буванд. Агар сабаб гармии ба ифроти андомҳои манӣ бошад, инро ҳар гуна чизе суд бахшад, ки ба иътидол сардию тарӣ оварад ва мисоли инҳо мости гов ва ё шире бошад, ки андар он хурфа ҷӯшонида бошанд. Агар сабаб гармию хушкӣ бошад,144 ба таври муътадил бо ёрии гармобаҳо, зардии хоя, шири навдӯшидаи ҷӯшонидае, ки андар он ба қадри ду панҷяки шир тарангубин ҳамроҳ карда бошанд ва бо ғизоҳои сапедбоӣ тарифизоӣ кунанд ва [низ] бо равғанҳои сард ва ҳатто бо равғани коҳу ва каду метавон тарифизоӣ намуд. Агар сабаб хушкӣ бошад, танро бо ғизоҳо, ширҳо, гармобаҳо, шароби тунук ва ошомҳои ширии145 аз донагиҳо сохта тарӣ физоянд ва бо ёрии нишоту осудагӣ [тадбир кунанд]. Агар сабаб сардии асабҳои нара ва истирхои онҳо бувад, бо дармонҳои хосси истирхо ва сардие муолаҷа кунанд, ки масалан, андар боби обгаҳ ёд шудаанд.
Баъд аз истифроғҳои гуногун, мондагӣ, шикофтани хуроҷ ва ҳаракатҳои нафсонӣ бояд аз ҷимоъ дурӣ ҷуст, зеро ин гуна [омилҳо] ҷимоъро заиф созанд. Бояд аз ҷимоъи думодуми зиёд парҳез кард ва агар касеро чунин ҳол руй диҳад, ӯро то муддате аз ҷимоъ нигоҳ дор, аз баҳри он ки бисёр ҷимоъ кардан мумкин аст боиси қатъ шудани боҳ бигардад. Бояд аз хом мондани ғизо дурӣ ҷуст ва агар чунин ҳол рӯй диҳад, ғизои сабук диҳанд, гуворишро беҳ ва меъдаро қавӣ кунанд. Бояд об кам ошомид, зеро бисёр ошомидани он яке аз зиёнкортарин чизҳост. Бигзор аз ҳар гуна чизҳои бодҳоро ҳалкунанда

ва бо гармии худ хушкиоваранда парҳез карда шавад ва мисли инҳо судоб, марзангӯш, испанд, пудина, марвхуш, зира ва тухми панҷангушт бувад. Низ, аз ҳамаи он чизҳое парҳез кунанд, ки ба изофаи сардӣ хушкиоварандаанд.
Мисоли инҳо наск, харнуб, говарс, турушиҳо ва чизҳои қабзкунанда мебошад, зеро ҳамаи инҳо бихушконанд. [Дигар] аз ҳар гуна чизҳое [дурӣ ҷӯянд], ки мисли доруҳои карахткунанда, ё мисли кофур, аспғул, нилуфар ва гул ниҳоят сардиоварандаанд. Аммо тухми хашхош, ҳарчанд ки каме карахткунанда аст, вале бо равғаннокию бодангезии хеш (539) қусури онро хеле барзиёд барорад.
Бояд аз ҷимоъ кардан бо зани ҳоиза, пиразан ва бемор, аз ҷимоъ кардани духтаре, ки [277] ба синни занӣ нарасида аст, аз ҷимоъи зане, ки дербоз ҷимоъ надида бошад ва аз ҷимоъи дӯшиза парҳез кард, аз баҳри он ки ҳамаи эшон қувваи андомҳои ҷимоъро ба хосият заиф кунанд.
Бояд бар [каси нуқсони боҳ дошта] қиссаҳои ҷимоъкунандагон ва китобҳоеро хонд, ки оид ба ҳолатҳои ҷимоъ ва намудҳои он тасниф шудааст. Ӯ бояд андар ин бора фикр кунад ва ба изофаи ин то ҳангоми қавӣ шудан аслан ҷимоъ накунад. Ба ҳамин гуна одамон наздик касонеанд, ки ба сабаби тарки ҷимоъ ва хештандорӣ ҷимоъ кардан натавонанд. Эшонро бояд ба тадриҷ ба ҳоли ҷимоъ кардан боз овард, бояд чарбҳо ва молишҳои гуногунеро ба кор бурд, ки мо ёд кунем. Бигзор, андар пеши чунин шахсон сабабҳои ҷимоъ ва ҳикоятҳое нақл карда шавад, ки ба ҷимоъ алоқамандӣ доранд. Бигзор, эшон бар якдигар паридани чаҳорпоёнро мушоҳада кунанд ва ҳамин миқдор барояшон кифоят бувад.
Тадбире, ки ба номи «тадбири боҳангез» махсус аст, бештари он аз гармсозӣ, тариоварӣ ва кушодасозии [мӯриҳо] иборат аст. Миён ва гурдаҳоро бо ёрии он гармибандиҳо ва чарбҳое гарм кунанд, ки аз қабили равғанҳои гармкардаи бон ва пунбадона буда, чунин таъсир кунанд. Чизҳои хӯрдании бо номи «хӯрданиҳои боҳангез» махсус инҳост: доруҳое, ки ҳам аз тариқи молидан ва ҳам аз тариқи ошомидан сардии асабро судманданд; доруҳое, ки хусусияти ба ҳангоми гувориши дуввум ва севвум бодангехтану гармӣ овардан доранд ва ин бодангезияшон ба рутубати бегонае вобастагӣ дошта, бо ёрии он бод биангезад; доруҳое, ки бо хосият кора кунанд; ғизоҳое, ки хуни гарми тари фаровон бизоянд ва ба изофаи он дорои хусусияти бодангезӣ, часпакӣ ва мустаҳкамӣ буда, мисоли онҳо нахӯд, лӯбиё ва дигар ғизоҳоест, ки баъд ёд хоҳем кард. Беҳтарин тариқаи истеъмоли онҳо ин аст, ки баъд аз гармобаи тар ба кор бурдан ва чарб кардани равғани занбақ, савсан, наргис ва монанди инҳо истеъмол кунанд. Пеш аз таом бар хояи нимбиришт намаки исқанқур ва ё ягон чизи бад-ин монанд пошида, онро дам кашанд. Ҳар гоҳ таомҳои боҳангез бихӯранд, баъди он каме шароби райҳонӣ биошоманд, сипас ба бистар даромада, пойҳоро бо оби гарм бишӯянд ва чарбҳову молиданиҳои нара росткунанда ба кор баранд.
Акнун мо ин доруҳо ва ғизоҳоро баршумарем ва ба андозаи созгории онҳо барои ҳар як аз бахшҳои заъфи боҳ низ ишора кунем. Бидон, ки бештар бар ғизоҳо такя кунанд ва аз онҳо бояд чашмдори афзоиши модда ва ҷоннокшавии қувват буд. Касе, ки хоҳони қавӣ сохтани боҳ аст, ҳар гоҳ аз доруҳои боҳангез ба миқдори зиёд ба кор бурд, бояд ба ҳолати тани хеш диққат диҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ