Қонуни тиб

Фанни бистум
АНДАР баёни
ҳолатҳои андомҳои
таносулии мардон,
ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
андар баёни [ҳолатҳои] ҳамагонӣ
ва андар баёни боҳ
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи хояҳо
ва мӯриҳои манӣ
Чунонки донистӣ, ҳар ду хоя ҳамчун ду андоми сарваре офарида шудаанд, ки андар онҳо аз рутубати аз тариқи рагҳо ба сӯяшон кашидашуда манӣ зода шавад ва ин [рутубат] ҳамчун фазлаи ғизои гувориши чаҳоруми тамоми тан, яъне пухтатарин ва латифтарин хун бувад. Сипас ин [рутубат] андар хояҳо ва андар маҷроҳои аз сӯи рагҳои ҷаҳандаву ором ба сӯи хояҳо оянда бо рӯҳ биомезад. Ин шохаҳои [рагҳо] аз ду раги [бузурги] ҷаҳандаву ороме панҷа зада, рӯидаанд, ки он ду асоси шохаҳои пурпечу хам ва ба шохаҳои сершумор ҷудошуда мебошанд. Бинобар он агар яке аз ин дуро бибурӣ, ҳамчунон бошад, ки рагҳои зиёде бурида бошӣ, чаро ки аз ин даҳонаҳои бисёре зоҳир бигарданд. Сипас [манӣ] аз тариқи мӯриҳои манигузаре, ки мо онҳоро ёд хоҳем кард, ба сӯи сӯрохи нара бигузаранд ва аз он ҷой ба ҷимоъгоҳи занон партофта шавад. Ин ҷимоъи табиӣ бо раҳм бувад. Агар ҳар ду ҷаҳиш андар як ҳангом биафтанд, даҳони раҳм бо кушодагию кашиши расо маниро бипазирад. Ҳар ду хоя дарунтиҳӣ буванд ва гавҳари тухм андоми ғуддаии гӯштсафедест, ки бештар ба гӯшти пистон шабоҳат дорад. Хуне, ки андар он шавад, ба ранги ӯ боз ояд ва хусусан ба сабаби омехтан бо [гавҳари] бодии рӯҳ сафед бигардад. Маҷрое, ки аз андаруни он рагҳо ба сӯи ҳар ду хоя оянд, андар сифоқи бузургест, ки рӯи зиҳор бигрифта бошад.
Пардае, ки рӯи шараёнҳо ва рагҳои варидии ба сӯи хояҳо расидаро бипӯшад, чунонки андар ҷои худаш донистӣ, аз сифоқи бузург раста ва ба тавассути он ба пардаи ҳароммағз низ пайваста бувад. Вай қад-қади рагҳову пайвандакҳои фурӯдоянда аз тариқи ду новаи пайғулаҳо ба сӯи хояҳо фурӯд ояд. Нова аз ин [сифоқи бузург] рӯида аз он гузарад ва пардае, ки чизи андар нова равандаро печида аст, низ аз ин [сифоқ] падид омада бошад.
Андар боби ташреҳи рагҳо донистӣ, ки ба сӯи хояи чап раге ояд, ки ғайри раги ғизорасонандаи хояи рост
бувад. Раге, ки ба сӯи хояи рост ояд, ба вай хуни пухтатар ва фазлаи обии поктар бирасонад. Тухми рост андар оммаи мардумон ба истиснои касоне, ки чапдастанд, қавитар аз тухми чап аст. Мӯриҳои манӣ ҳамчун барбахҳо (новаҳо) оғоз ёбанд: аз ҳар тухме як барбах [оғоз ёбад] ва он агарчи бо [тухм] тамос дошта бад-он дучор ҳамеояд, вале чунон аст, ки гӯӣ бад-он пайваст нест ва аз он падид наомадааст. Ҳар яке аз онҳо ба наздики тухм ба андозае фарох шавад, ки онҳоро тиҳигии ҳисшаванда падид ояд ва сипас танг шудан бигиранд, вале гоҳе хусусан андар занон ба наздики поёнпазирӣ бори дигар фарох бигарданд. Ин мӯриҳо нахуст ба боло бароянд, сипас аз зери маҷрои пешоб ба сӯи гардани обгаҳ майл кунанд.
Нара андоми афзориест, ки аз андомҳои содаи паӣ, асабӣ ва гӯштӣ таквин ёфта бошад. Саргаҳи растанаш ҷисмест, ки аз устухони зиҳор рӯида аст. Вай паии дорои тиҳигоҳҳои бисёр ва фарохест, ки андар бештари ҳолатҳо фарози ҳам омадаанд ва чун бо бод пур шаванд, нара бихезад. Аз зери ин ҷирм шараёнҳои бисёри фарохе гузаранд, ки аз андозаи муносиби ин андом буда бештаранд. Ба сӯи [нара] аз муҳраҳои миёни сурин (аҷз) асабҳо омадаанд, вале начандон андар гавҳари он фурӯрафта буванд. Асаби гавҳари он паии беҳис аст. Асабҳое, ки аз сабаби онҳо нара бархезад, ба наздики Ҷолинус ғайри асабҳои сусткунандаеанд, ки аз сабаби онҳо нара суст шавад. Мушакҳои хосси нараро андар боби мушакҳо донистӣ.139 Андар нара се маҷрост: маҷрои пешоб; маҷрои манӣ; ва маҷрои мазӣ.140 Бояд бидонӣ, ки қувваи бархостани нара ва боди он аз дил, ҳис аз мағз ва ҳароммағз ва хуни муътадил аз ҷигар оянд. Орзуи ҷимоъи табиӣ аз ҷигар ва гоҳе ба анбозии гурда бувад, вале ба наздики ман асли он аз дил аст. (533) Фасли дуввум андар сабаби бархостани нара
Бархостан ба сабаби ба паҳно ва ба дарозо кашида шудани асаби дарунтиҳӣ ва дигар бахшҳои бад-он алоқаманд ориз бигардад, чаро ки боди қавие ба сӯи он бире зад, ки рӯҳи шаҳвонии устуворе онро ронда бошад ва ҳамроҳи он хуни зиёде ва рӯҳи ситабре низ ронда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор