Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз барои он [низ] ба кор бурдани доруҳое [судманд] аст, ки онҳоро бо фишурдаҳое аз қабили фишурдаи «забони барра», фишурдаи садпайванд ва фишурдаи хурфа ба андаруни обгаҳ бифиристанд. Аз ҷумлаи доруҳои [ин беморӣ низ] қурси ёдшудаи замч, қурси доруҳои карахткунандаи ёдшуда, шохи сӯхтаи гавазн, каҳрабо, шодана, самғ, касиро, мозу, фишурдаи «риши буз», гулнор, миқдоре аз замч, арзизи сӯхтаи шусташуда ва андаке аз доруҳои карахткунандаи афюнӣ ва бангӣ ба шумор бираванд.
Яке аз тадбирҳои бастани сайлони хуни обгаҳ ин аст, ки бар тиҳигоҳ, сурин ва зиҳор миҳҷамаҳо бигузоранд,

зеро ин хунро бибандад. Сипас, хуни бастаро (алақ) ба тарзе тадбир кунанд, ки гуфта шуд.
Аз ғизоҳо нони андар дӯғ тарид баста, норво ва тутумво [ба кор баранд]. Агар қувват заиф бошад, онро бо оби шӯрбоҳои қабзкунандае қавӣ созанд, ки бо гӯшти кӯфта сохта бошанд ва [ба бемор] сапедбоҳои аз кабк, тиҳу ва бутемор сохта ва бо ғӯраоб ва донаи анор турушкарда ва инчунин шири ҷӯшонида ва монанди инҳо бидиҳанд. Агар ба иллати афтодагии қувват ва шиддатнокии иштиҳо аз ошомидани шароб чора набошад, шароби тунди ситабри сиёҳ [биошоманд]. Ҳар гоҳ каси ба пешоби хунӣ ва ё хунобагӣ гирифтор беҳ шавад, бигузор шароби омехта биошомад, то ин зудоиш оварда, пешоб битозонад. Зинҳор набояд пешобро нигоҳ дорад, ки ин боиси (532) дубора ба амал омадани беморӣ хоҳад шуд.

пешина
аз 1215
навбатӣ