Қонуни тиб

Агар сабаб муддати дароз нигоҳ доштани пешоб бошад, инро низ бо обзанҳои ковоксозандаи нармиоваре, ки аз тухми катон, ҳулба, хасакдона ва бедаи тар сохта бошанд ва бо зимодҳои аз инҳо сохташуда муолаҷа кунанд.
Сипас доруҳои ниҳоят пешобтозонанда ва қосотир ба кор баранд. Равғани баласон ва ҳамтоёни он андар ин маврид суди бузург доранд. Ҳангоми [бастагии пешобе], ки ба ҳасби ҷигар, гурда, рӯдагон ва пушт рӯй диҳад, бояд оҳанги муолаҷаи он андомҳо кард. Агар дармон онҳоро суд бахшад, [бастагии пешобро] низ суд хоҳад бахшид ва агар не, не. Ба изофаи он ногузир бояд тадбирҳои ковоккунандаеро аз қабили обзанҳо, зимодҳо ва доруҳои тазриқшаванда ба кор бурд. Аммо доруҳои пешобтозонандаро ба шарте ба кор баранд, ки бими фуруд овардани моддаҳои бисёрро надошта бошанд. Бидон, ки агар таб набошад, шир барои чунин [беморон] созгортарин чиз бувад.
Ҳар вақте ки аз барои ин фундуқакҳои аз тухмиҳо сохта созгор бошанд ва таб ҷой надошта бошад, маслиҳат он аст, ки инҳоро бо шир ба бемор бидиҳанд.
Фасли ҳафтум андар зикри чизҳои пешобоварандае, ки аз бисёр ҷиҳатҳо судманданд
Бархеҳо гуфтаанд, ки саргини кабӯтарро бо мумиё андарун бифиристанд, пешоб оварад. Низ, он чи, ки андар боби илоҷи суддаи ситабр ёд шудааст ва он чи ки андар боби илоҷи аз сардӣ банд шудани пешоб ёд шудааст, ҳамин гуна буванд. Бархе аз [пизишкон] гуфта аст: «Он чи ки мо санҷидаем, суд бахшад, ин аст: агар шиёфе аз намаки табарзад сохта, андар мақъад баргиранд, пешобро тозонида, бастагиро бикушояд». Гуфтаанд, ки агар шупушро андар пешоброҳа бидароранд ва ё канаеро, ки аз ҷойхоб биафтад (шояд ин ҳамоне бошад, ки бо номи «фасофис» ва «анҷал» маъруф аст), ба пешоброҳа бидароранд, пешобро битозонад. Ҳамчунин агар пешоброҳаро бо сир ва ё пиёз тило кунанд ва ё андар он як пари заъфаронро бидароранд, низ пешоб битозонад. Агар на омос, балки судда бошад ва чигунае набошад, агар бо обдуздаки симӣ ва бо ёрии дам додан равғани зайтунеро бифиристанд, ки андар он каждумҳои сафеди начандон бадро офтоб дода, хушконида бошанд, суд хоҳад бахшид.
Фасли ҳаштум андар баёни қосотир ва ба кор бурдани он андар кори пешобоварӣ ва фристодани дору
Агар доруҳо суд набахшанд, аз ягон ҳилаи дигаре ва ба
кор бурдани қосотир ва [афзори] пешобоваранда чора
нест. Зинҳор инро ба ҳангоми омоси обгаҳ ва ё ба ҳангоми
фишор додани ягон чизи наздик ба [обгаҳ] ба кор набар,
чаро ки даровардани он боиси омос ва афзоиши дард бигардад. Беҳтарин қосотир онест, ки аз нармтарин ҷисмҳо
ва бештар қобили хамшавӣ сохта шуда бошад. Бархе пӯстҳои ҷонварони дарёӣ ва бархе пӯстҳои ҷонварони хушкие ёфт шаванд, ки агар онҳоро дибоғат дода, сипас аз
онҳо афзор бисозанд ва бо ширеши панир бичаспонанд, ба ҳамин [сифат] хоҳанд буд. Гоҳе онро аз сурб ва арзизи қалъӣ бисозанд, ки ин низ хуб аст. Агар бисёр нарм бошад, онро бо ҳамроҳ кардани андаке кафки обгина (масҳақуниё) ва ё морқашишо ва ё бо бисёр гудохтану [андар колбад] рехтан ва аз болои он хуни нарбуз рехтан қавӣ созанд. Қувваи хуни нарбуз андар ин бобатҳо судманд аст ва ба изофаи он арзизро қавӣ созад. Бояд сари [қосотир] пурраи гирда бошад. Андар он якчанд сӯрохҳо созанд, то ки агар бархеи он бо баъзеи хун, ё рег ва ё хилти ситабре баста бигардад, аз барои доруи фиристондашаванда ва ё пешоби берун овардашаванда гузаргоҳи дигаре бошад ва ба баровардану даровардани думодум эҳтиёҷ наафтад. Гоҳе [қосотирро] аз сим ва дигар ҷисмҳо бисозанд. Ҳамаи инҳо гоҳе ба наҳве сохта шаванд, ки бо ёрии онҳо дору бифиристанд ва гоҳе ба наҳве омода созанд, ки бо ёрии онҳо ягон чизро берун оранд. Онеро, ки аз барои рехтани ягон чизе омода созанд, бар сареаш, ки мутлақан кушода аст, чизеро мисли кисаи хурд ва ё обгаҳи молидаву нарм сохта бибанданд ва андар он дору бирезанд, сипас ба гунаи фиристондани ҳуқна онро бифиристанд. Гоҳе метавон қосотирро ба гунаи ҳуқнарезаки ихтиёршудае сохт, ки мо онро андар боби қулинҷ ёд кардем. Агар онро аз барои кашидани пешоб бисозанд, бояд ба равиши обдуздакҳо бувад, аз баҳри он ки вуқӯъи хало мустаҳил аст. Ин бад-ин гуна бошад, ки нахуст онро бо чизе пур кунанд, сипас он чизро чун бо ёрии қувва аз он бикашанд, аз паси он пешоби берун омаданаш мурод ва ё ғайри он кашида шавад. Ё андар он ва ё бар сари он ягон чизеро ошно кунанд, ки миқдоре аз ҳаворо андар худ бикашад. Бинобар он ҳар гоҳ ки ба кашидан ояд ва ҳаворо роҳи даромад набошад, ба зарурат воҷиб ояд, ки пешоби беруноваранда ва ё ягон чизи дигареро бикашад.
Он чи, ки тиҳигоҳи дарунии [қосотирро] пур кунад (523) ё пашми азҳамбозкардаест, ки ба ҷумлагӣ аз миён бо ришта баста буда, ҳар гоҳ онро аз ду сари кушодаи [қосотир] ба андаруни он бо эҳтиёт бихалонанд ва сипас риштаро бикашанд, пашмина берун омада, аз паси он ҳар чизи кашидааш низ берун ояд; ё намуди дигар, ки он чӯбчаи135 андар [қосотир] дароянда аст ва ё ғилофест, ки онро фаро бигиранд ва дорои дастаест, ки бо он кашида шавад.
Тарзи аз ҳама беҳтари кор фармудани ин афзор чунин аст, ки бемор бар сари думғоза нишинад ва мақъадашро аз пас хуб биниҳад ва зонуҳояшро каме бартар аз пайғула бардошта, аз ҳам кушода бидорад. Пеш аз ин беморро андар гармоба ва обзанҳои ковоккунанда бидароранд ва зимодҳову чарбҳои ковоккунанда бимоланд. Сипас қосотирро ба андозаи дарозии нара бидароранд. Беҳтар он аст, ки [афзори] пешобоварии ҳар як одам ба андозаи дарозию кӯтоҳии нараи ӯ ва ба қадри фарохию тангии [сӯрохи] он бошад. Пеш аз ин қосотирро бо мумравғанҳо ва хусусан бо [мумравғанҳои] аз равғанҳои муносиби ин ғараз сохта тило кунанд. Ҳар гоҳ қосотирро андар [нара] ба андозаи [дарозии] он ҷой карданд, нараро чун истода, вале каме моил ба сӯи ноф рост кунанд, сипас қосотирро бо эҳтиёт ба андозаи як ва ё ду гиреҳ андар маҷрои обгаҳ бидароранд ва андар ин ҷой вай ба тиҳигоҳи обгаҳ расида, баробари он дард ё ором ёбад, ё бикоҳад, ё чунин ҳис карда шавад, ки гузаштани қосотир боиси ба ҳаракат омадани чизе шуд ва умуман гузаштани [қосотир] чизи ҳисшаванда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор