Қонуни тиб

Мисоли инҳо хокистари каждум, санги исфанҷ ва хокистари обгина бувад. Яке аз доруҳое, ки ба хосият таъсир кунад, ба гуфтае обгаҳи хушконидаи росӯст, ки як дирам130 аз онро бо шароби райҳонӣ биошоманд ва низ харчанги сӯхтаи дарёист, ки ду дирами онро бо шароб хусусан ба бачагон бидиҳанд. Мо аз барои муолаҷаи [бемориҳои] ба сардии обгаҳ вобаста доруҳои дигареро ёд кардем, ки бояд онҳо низ андар ин бобат баршумурда шаванд.
Аммо он намудеро, ки ба сабаби сахт шудани хуни баста (алақ) ба амал ояд, бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки андар баёни сахт шудани хуни баста андар обгаҳ ёд шудаанд. Гоҳе аз ин доруҳо бо оби турб зимодҳо сохта ба кор баранд. Гоҳе [бастагии пешобро] бо ёрии тарёк, масрудитус,31 амрусиё, доруи куркум ва доруи Кайқубод бикушоянд.132 Баъзан ба пухтаковҳое эҳтиёҷ биафтад, ки масалан аз испанд, мушктаромашир ва ҳамроҳи саргини кабӯтар ва инчунин аз бура, оқирқарҳо ва хардал бисозанд.
Як зимоди хуби санҷидашуда: даҳ дирамӣ донаи даҳмаст, шибит, ҳамомо, шоҳафсар, орди нахӯди сиёҳ ва бобуна ва ҳафт дирамӣ тухми газари даштӣ, тухми турб ва тухми карафси бӯстонӣ ва кӯҳиро гирифта, аз онҳо бо равғани баласон ва ё равғани савсан зимод созанд ва онро бо оби каранби арманӣ бисириштанд.
(521) Сифати як марҳами хуб: бахшҳои баробаре аз сакбина, муқл, говшир ва ваҷ гирифта, аз онҳо бо пиҳи мурғобӣ, муми зард ва равғани савсан марҳам созанд. Аз доруҳои тазриқшаванда борзад, майъа, говшир ва мурч133 бифиристанд ва гоҳе андар он ангужад биафзоянд.
Агар сабаби [баста шудани пешоб] санг бошад, сангро андар куҷое набошад, муолаҷа кунанд. Агар сабаб озах, ё гӯшти рӯида ва ё гӯштгирифтагии [ягон ҷароҳат] бошад, илоҷаш [ба кор бурдани] обзанҳои ковоксозанда ва равғанҳои ковоксозандаест, ки андар боби обгаҳ ёд шуданд ва [низ] аз чизҳои қабзкунанда ва туруш парҳез кунанд.
Ин [тадбирҳо] гоҳе суд бахшад ва гоҳе не. Агар сабаби [баста шудани пешоб] ягон омос бошад, ба муолаҷаи омос пардохта, онро ковок ва нарм созанд ва тадбири бо ёрии гармобаи обӣ арақ овардан ва доруҳои нармкунандаро ба кор баранд, ки онҳоро ё зимод кунанд, ё бо обдуздак ба андарун бифиристанд ва ё андар мақъад баргиранд. [Дигар ин, ки] аз ошомидани об бикоҳанд, аз доруҳои пешобтозонанда парҳез фармоянд ва ҳеҷ набошад, ду рӯз [беморро] ғизо хӯрдан нагузоранд. Ба ҳангоми нармии омос мумкин аст баъд аз ковоксозию нармиоварии бисёре пешоб бо фишурдану сила кардан бирезад. Агар каранб, хитмӣ, пиёз ва ганданои ҷӯшонидаро зимод кунанд, андар ин бобат судманд бувад. Задани раги босалиқ, сипас софин яке аз чизҳои аз ҳама зарурест, ки бояд пеш аз ҳама ба кор бурда шавад. Гоҳе баробари ин пешоб ояд. Агар сабаб сардӣ ва ё ягон фишурдагие бошад, онро бо дармонҳои бадмизоҷии сард дармон кунанд, вале агар сабаб гармӣ бошад, бо равғанҳои муътадил ва сарде муолаҷа кунанд, ки дорои хусусияти нармсозию ковоккунандагӣ буванд.
Мисоли инҳо равғани бунафша ва равғани кадуст, ки бо равғани шибит ва бобуна омехта бошанд. Агар андар ин миён хушкӣ низ ҷой дошта бошад, обзанҳо, равғанҳои ко
воксозанда, ғизоҳои тарифизой, тадбирҳои касони аз беморӣ бархоста ва гармоба ба кор баранд.
Агар сабаб фалаҷ бошад, бо илоҷи фалаҷ дармон кунанд ва агар сабабгори он ташаннуҷи мушак бошад, бо дармонҳое муолаҷа кунанд, ки андар боби ташаннуҷ оварда шудаанд. Агар сабаб аз қабили мизоҷи сард бошад, онро бо равғанҳои гарм ва он маъҷунҳои гарме муолаҷа кунанд, ки худ ҳамедонӣ. Яке аз доруҳои аз барои ин ва аз барои фалаҷ судманд [доруи зерин бувад]: агар ним дирам саргини кабӯтари даштиро гирифта, бо пешоби кӯдак биошоманд, пешоб оварад; ва ё як мисқол саргини мушро бо оби шибит [биошоманд]. Гоҳе инро бо мумиё ва ё як дирам сангдони хушконидаи каргасро бо як чанди он аз намаки ҳиндӣ бо оби гарм ба андарун бифиристанд.
Ошомидани равғани нордин бо оби гарм ва ё ду донг ангужад бо шири134 хар судманд аст. Ин [доруҳо] инчунин аз барои он [бастагие] суд доранд, ки аз сабаби хилти ситабр падид омада бошад.
Аммо он [бастагиеро], ки аз сабаби гармӣ падид омада аст, бо тухмиҳои сард ва тухми коҳу муолаҷа кунанд ва инҳоро метавон бо шароби омехта ва [ё] бо [оби] анори туруш ошоманд. Агар [баста шудани пешоб] аз сабаби афтидан ва ё кӯфт хӯрдане падид омада бошад, ки хоҳ омос ба амал оварда бошад, хоҳ не, вале ягон [андомро] бе ҷой карда бошад, илоҷи нахустин [268] раг задан, ба кор бурдани чарбҳои муътадил ва обзанҳо ва аз барои пешоб кардани [бемор] кӯшидан аст. Агар бемор хуни зиёд пешоб кунад, онро бо қурсҳои каҳрабое бибанданд, ки бо самғи гавз омехта бошанд. Агар бими падид омадани хуни баста бувад, онро бо дармонҳои хуни бастаи сахтшаванда муолаҷа бикун. Агар хуни баста судда ба амал оварад, ин суддаро муолаҷа кун ва мо ин гуна [муолаҷаро] ёд карда будем. Агар сабаб бод бошад, бо илоҷҳои боди обгаҳ дармон кунанд. [Бастагиеро], ки ба сабаби дарди пешоббоздоранда ба амал омада аст, аз тариқи ба кор бурдани доруҳои карахткунанда андар таркиби доруи тазриқшаванда муолаҷа кунанд, сипас ба пешоб овардан бипардозанд.
Баьди ин дармони реш кунанд ва ё пешоби тезро бо ғизоҳо ва тараҳои ёдшуда муътадил созанд. Гоҳе доруҳои часпакиоваранда ба андарун бифиристанд, то ки миёни тезии пешоб ва ҳамвории ҳассоси маҷро монеа буванд.
Ба ҳангоми он [бастагии пешоб], ки ба нотавонии ҳис вобастагӣ дорад, агар иллат аз андоми сарвар сар зада бошад, андоми сарвар ва ё худи мушак ва обгаҳро бо доруҳои подзаҳрие аз қабили тарёк ва масрудитус ва бо чарбҳо ва доруҳои тазриқшавандае муолаҷа кунанд, ки созгори рӯҳанд ва мисоли онҳо равғани ёсамин, савсан, наргис, равғани заъфарон ва хусусан равғани баласон бувад.
Зимодҳоеро ба кор баранд, ки аз баргҳои дарахтони мевагӣ ва тараҳои дӯстдоштаи рӯҳи нафсонӣ сохта бошанд.
Мисоли онҳо барги себ, наъно ва судоб буда, бо онҳо доруҳои ниҳоят ҳушёркунандаеро аз қабили тухми испанд ва тухми судоби кӯҳӣ ҳамроҳ кунанд ва сипас бо он бар зиҳор зимод ниҳанд. Агар [баста шудани пешоб] ба сабаби заъфи қувваи ронанда ба амал омада бошад, ба мизоҷи ғолиб ва бемории заъф оваранда диққат диҳанд, ки инро худ ҳамедонӣ ва сипас муолаҷа кунанд. Аксар вақт ин аз сабаби (522) хунукӣ ба амал ояд ва бо он доруҳое, ки дорои гармиоварию қабзкунандагиянд ва хусусан бо онҳое муолаҷа кунанд, ки андар боби нотавонии ҳис ёд кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор