Қонуни тиб

Фасли сездаҳум
андар баёни лағжидани обгаҳ ва
истирхои он
Лағжидани онро аз тариқи аз ҷой бе ҷо шудани он [265] ва истирхоашро аз тариқи нохост рехтани пешоб бидонанд. Лағжидан гоҳе ба сабаби рутубат, гоҳе ба сабаби бод ва гоҳе ба сабаби кӯфт хӯрдани пушт ва ё афтидан рӯй диҳад. Истирхои [обгаҳ] бошад, ба сабабҳои маълуми истирхо вобастагӣ дорад. Гоҳе аз паси истирхо ва лағжидан ба ҳасби он азҳамкашидагӣ ва фарохшавие, ки мушакро ориз бигардад, гоҳо душвории пешоб ва гоҳи дигар чакмезак ба амал хоҳад омад.
Илоҷ: Дармони оне, ки аз кӯфтагӣ ва афтидагист, душвор аст ва онро аз тариқи баргардондану бастан бо ёрии доруҳои гармкунандаи хушкиоварандае муолаҷа кунанд, ки баъд ёд хоҳем кард. Ҳангоми он намуде, ки аз сабаби мизоҷи фалаҷӣ падид ояд, истифроғ намудани моддаи балғамии тунук, боз доштани чизи зояндаи ин [моддаҳо], барои худовандони фалаҷ чораи хӯрданию ошомиданӣ, ҳаракат ва ғайра дидан суд бахшанд. Қай овардан, агарчи бо харбақи сафед бошад ҳам, аз барои он суд дорад. Агар пешоб нохост ояд, бояд доруҳои бештар қабзкунанда ба кор бурда шаванд ва бисёр нармӣ наоваранд, балки бояд бар қиёси муолаҷаҳои фалаҷ ҳалкунандагию бастанро якҷоя ба кор баранд. Ҳама гуна чизҳоеро бихӯранд, ки бахши обиро ситабр ва равғанӣ кунанд ва хуни сутудаи гарми ситабр бизоянд. Мисоли инҳо полуда бувад. Агар пешоб бар ҳоли [табиӣ] ва ё каме ба сахтӣ ояд, пас, бояд бо иқдоми ба ғоят баланд ба изофаи хуб ҳал кардану бурондан як миқдор доруҳои нармкунанда ба кор бурд.
Аз ҷумлаи доруҳои ошомидании аз барои ҳамаи намудҳои чи саръӣ ва чи фалаҷии ин беморӣ судманд тарёк, масрудитус, саҷазаниё, амрусиё, доруи куркум, қуфӣ ва инчунин шукуфаи бобунаи говчашм, мушки замин, кундур чи якҷоя ва чи танҳо-танҳо ва маҳлаб ба шумор бираванд. Низ, ҷӯшонидаи тухми судоби сабз (516) ва шукуфаи он, ки андар шароб ҷӯшонида бошанд ва инчунин панҷангушт, тухми он, говшир ва зира аз ҳамин қабиланд. Гоҳе ба ҳангоми ин беморӣ хусусан агар баробари он душвории пешоб рух дода бошад, ошомидани як думушта пӯсти хушки харбуза бо шакар суд бахшад. Яке аз доруҳое, ки ба ҳамин равиш буда, ба доруҳои хосиятнок нисбат дорад, хояи хушки харгӯш бувад, ки онро бо шароби райҳонӣ биошоманд ва ё ҳанҷараи хурӯс бувад, ки онро сӯхта бо оби нимгарм ношито ба бемор бидиҳанд.
Аз доруҳои бо обдуздак рехташаванда, масалан, равғани судоб, равғани қуст, равғани даҳмаст, равғани нордин ва занбақ, равғани хиёри даштӣ ва равғани санавбар ба шумор бираванд, ки онҳоро, масалан, бо гунди бедастар, ангужад, борзад ва говшир биомезанд. Инҳо ва хусусан равғани софсиёи омехта бо дегафзорҳои хушбӯй созгори онанд, ки ҳамчун доруҳои чарбӣ бар зиҳор ва мароқ чарб карда шаванд.
Зимодҳоро аз доруҳои гарми каме қабзкунанда бисозанд. Мисоли онҳо мушки замин, дорчинӣ, муқл, сунбул, басбоса бо бобуна, дермана ва ангубин буванд. Гоҳе низ бо ҳуқнаҳои гармиоварандае муолаҷа кунанд, ки аз қан
туриюн, ҳанзал, беданҷир ва дигар равғанҳои гарми ёдшуда сохта бошанд. Шино кардан андар оби дарё ва гармоба кардан андар обҳои гармчашмаҳо аз барои ин [беморӣ] сахт судманданд.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни дардҳои обгаҳ
Инҳо мумкин аст аз сабаби бадмизоҷиҳои гуногун, аз сабаби санг, аз сабаби решҳо ва гар, аз сабаби омосҳо ва аз сабаби бодҳо ба амал оянд ва ҳар яки ин намудҳо ва дармони онҳо дониста шуданд. Бисёр вақт ин яке аз далелҳои буҳроне бошад, ки аз тариқи пешоб омадан ба вуқӯъ пайвандад.
Агар андар обгаҳ дарде бошад, ба ҳангоми вазидани бодҳои шимолӣ афзоиш ёбад. Гуфтаанд, ки агар худованди дарди обгаҳро зери бағали чапаш ба дард омада, ба қадри биҳӣ варам кунад ва ин андар рӯзи ҳафтум рӯй дода, хусусан агар ба субот гирифтор шуда бошад, андар рӯзи понздаҳум бимирад.
Фасли понздаҳум андар баёни заъфи обгаҳ
Гоҳе обгаҳро аз сабаби мизоҷ ва бештар сардмизоҷӣ, аз сабаби омоси сахт, ё истирхо ва ё лағжиш заъф низ ориз бигардад. Нишонаҳои ҳамаи инҳо зоҳир ва дармонҳояшон маълуманд. Обгаҳ ҳар гоҳ заиф шавад, тоби пешоби бисёр накунад ва ё хоҳони берун рехтани он бигардад.
Гоҳе мушакҳои обгаҳ андар кори берун сохтани пешоб аз тариқи худро суст кардан ёрӣ додан натавонанд ва аз сабаби ба ҳам ҷамъ шудани ин ду ҳолат пешоб чакра-чакра, на озодона, ояд.
Фасли шонздаҳум андар баёни боди обгаҳ
[Боди обгаҳ] гоҳе бандгардида ва гоҳе аз ҷое ба ҷое гузаранда бувад. Сабаби он ғизоҳои бодовар ва ё ба изофаи нотавонии ҳарорат бисёр будани рутубат андар обгаҳ бувад.
Нишонаҳо: Нишонаи бод азҳамкашидагии бегаронӣ ва хусусан интиқолёбанда бувад.
Илоҷ: Беҳтарин илоҷҳои он баъд аз парҳези ғизоҳои бодовар ва дурӣ ҷустан аз бадгуворишӣ ин аст, ки аз болои оби бехҳо равғани беданҷир биошоманд ва зиҳорро бо равғанҳои атрии ҳалкунанда ва самғҳои гарм тило кунанд ва бо судоб, пудина, шибит ва якҷоя бо ягон чизи қавие аз қабили гунди бедастар, ё ангужад ва ё мушк зимод ниҳанд. [Низ] ин равғанҳоро бо миқдоре аз гунди бедастар аз тариқи обдуздак андар маҷрои пешоб биронанд ва ё андар он фишурдаи судобро бо мушк, ё равғани бонро бо мушк ва ё ғолияро бо равғани занбақ бифиристанд.
Он чиро, ки андар боби гурда бароят оварда шуд, ёдоварӣ карда бигӯем, ки агар гурда ва обгаҳ ҳар гоҳ дардманд ва ё бемор бошанд, зинҳор фундуқакҳои аз тухмиҳо сохтаро ба кор набар, зеро ба сабаби кашидани [хилт] дард афзоиш ёбад ва на доруҳои карахткунанда, балки оби нимгармро ба андозае ба кор бар, ки на чизеро бикашад ва на чандоне карахтӣ оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор