Қонуни тиб

Яке аз марҳамҳои хубе, ки бо он марҳамбандӣ кунанд, [ба сифати зерин] аст: як дирам майъаи равон, аз се то чаҳор дирам пиҳи ғоз ва ду истор муми сафедро гирифта, бо он зимод кунанд. Як марҳаме, ки хусусан ба ҳангоми хӯра судманд аст, аз хурмо, мавиз, мозу, ақоқиё, замч ва таросис бисозанд ва гоҳе бо он зуфо ва майъа ҳамроҳ, кунанд. Пеш аз ин марҳам ба ҳангоми омоси бехӯра гоҳе мум, пиҳи мурғобӣ ва равғани гул ба кор баранд.
Доруҳои хушконандаро аз тариқи ошомидан ва ё тазриқ истеъмол кунанд. Гоҳе аз худи ин доруҳо ҳуқнаҳо ба кор баранд ва андар ин ҳангом бемор чаҳорпоя биистад. Агар доруҳои ошомиданӣ хусусан ба ҳангоми омосҳои ба маҷрои [пешоб] наздик ва хӯранок суд набахшанд, илоҷаш ин аст, ки доруҳои решсабзонандаро андар шири занон гудохта, бо обдузак бифиристанд. Аз ин ҷумла қурсҳои қиртосӣ ва қурсҳои андрунис124 бо миқдоре аз мурдосанг, сафеда, нашоста ва оҳаки шуста буванд.
Як нусхаи аз барои [реши обгаҳ] хуб: аз гили набишта, қимулиё ва шохи нек сӯхтаи гавазн як бахшӣ, аз шодана ва замч сеяки як бахшӣ, аз афюн ними шашяки як бахш, аз марҳами сафеда се бахш, аз анзарут якуним бахш ва аз мурр ва кундур се бахшӣ125 гирифта, ҳамаро бо андаке аз равғани гул ва мум ба ҳам ҷамъ кунанд ва ба тариқи бо обдуздак фиристондан ба кор баранд. Гоҳе андар он як бахш зарованд биафзоянд. Аз ин ҳам сабуктар ин аст, ки анзарут, нашоста ва сафедаро бо шир бифиристанд. Агар онро бо арзизи сӯхта ва кундур тақвият бидиҳанд, қавӣ хоҳад шуд.
Як қурси санҷидашуда: ҳибуқистидос, гили набишта, буссад, қаҳрабо, нашоста, тухми бодранг, тухми хитмӣ, тухми харбуза ва ягон доруи гузаронандаеро аз қабили тухми карафс, ё тухми газари даштӣ, ё фатросолиюн ва ё қурсҳои кокана бигиранд.
Доруи дигар: аз тухми хиёри дароз, тухми харбуза, тухми бодранг ва тухми муқашшари каду панҷ дирамӣ, чаҳор дирам нашоста, ҳашт дирам рубби ширинбаён, севуним дирам тухми хурфа, чаҳор дирамӣ бодоми ширини муқашшар ва фундуқи бирён, севуним дирам чилғӯза, дуним дирамӣ тухми карафс, тухми газари даштӣ, тухми индов ва донаи муқашшари маҳлаб, се дирамӣ тухми туруша ва бодоми муқашшар, се дирамӣ касиро, самғи бодом, тухми банг ва афюн, даҳ дирам нахӯди сиёҳ ва панҷ дирам заъфаронро гирифта, бо майпухта бисириштанд ва қурсҳои дудирамӣ сохта, бо оби турб, ё оби карафс ва ё оби нахӯди сиёҳ хусусан пас аз пок шудани реш биошоманд. Бояд об кам ошомид ва агар дард шиддат ёбад, ба андаруни [обгаҳ] шиёфҳои сафеди хосси чашмро бо шири занон бифиристанд. Низ, ба ҳамин наздик хашхош, афюн ва пиҳи мокиён аст, ки инҳоро ба шакли ҳуқна, ё ба зер баргирифтан ва ё фиристодан бо обдуздак ба кор баранд.
Фасли ёздаҳум андар баёни гари обгаҳ
Гари обгаҳро аз тариқи сӯзиши пешоб, бадбӯии он, дарди сахти бо хориш ва шини сабӯсӣ бишиносанд. Гоҳе [ба ҳангоми он] пайваста рутубатҳо ва ё хун бирезанд.
Илоҷ: Бояд нахуст доруҳои зудояндаи поксозанда ва сипас доруҳои аз ғайри сӯзондан хушкиоваранда ба кор
бурд. Ҳамаи инҳо умуман бояд қавитар аз он доруҳое бошанд, ки ба ҳангоми дигар решҳо ба кор баранд. Доруҳоеро ба кор баранд, ки ба ҳангоми гари гурда бо обдуздак фиристода ва ё ошомида шаванд. Низ, аз доруҳои часпакиоварандаи сардифизо, масалан, луоби донаи биҳӣ ва аспғулро бо равғани бодом биошоманд. (515) Аз ғизоҳои бенамаки кимуси часпакзоянда, масалан, почаи [гӯспанд], оби шӯрбоҳои серравғани бо равғани бодом ва оби ҷав сохта, ҳарисаи бо гӯшти паранда сохта, аз ширҳо, масалан, шири хар, буз, меш ва гов ва инчунин пайваста пок сохтани тан ин гуна [беморонро] суд бахшанд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни сахт шудани хун андар обгаҳ
Бар ин падид омадани тоса, ҳамроҳӣ намудани маниши гаштан, сардии андомҳои атрофӣ, хурдии нафасу набз ва думодумии онҳо, арақи сард ва беҳуш шудан далолат кунанд. Гоҳе ба ҳангоми он табларза рӯй диҳад, пеш аз он пешоби хунӣ ояд ва ё кӯфтагӣ ва афтидан бар обгаҳ рӯй дода бошад.
Илоҷ: Илоҷи ин илоҷи санг аст ва гоҳе зиёни онро ошомидани сикангубин кифоят бошад ва агар бо он қай оваранд, раво бувад. Хусусан [сикангубини] унсулӣ [хуб аст] ва аз он ҳам беҳтар ин аст, ки бо каме хокистари чӯби анҷир [биошоманд] ва ё андар он доруҳои буранда ва доруҳои зидди санг ҷӯшонида бошанд. Гоҳе андар обгаҳ панирмояи харгӯш ва доруҳои зидди сангро бо обдуздак бирезанд ва беморро андар обзане нишонанд, ки андар он гиёҳҳои зиддисангӣ ҷӯшонида бошанд. Яке аз доруҳои аз барои ин ғараз сутуда ин аст, ки ду дирам донаи баласон, ё ҳамин қадар фовониё ва ё донаи фовониёро хусусан бо оби чӯби он, ё якчанди он нохуни дев, ё як мисқол қардамоноро бо оби гарм ва ё бо сиркои хамрӣ ва равғани зайтуни норасид биошоманд. Сикангубини туруши унсулӣ ба наздики ман дӯстдоштатар аз сиркост, зеро сиркое, ки андар таркиби он бидарояд, [хилт] бибурад ва ангубин ҳал карда, онро бизудояд. Инчунин, аз абҳал, ангужад, уша ва рӯяни рангрезон бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо фундуқакҳо бисозанд. Як ошомидании он чаҳор донг аз ин фундуқакҳо ва бо оби бехҳо буда, [низ] онро бо доруҳои бо обдуздак рехташаванда бирезанд. Ё ғориқун, ё сисолиюс, ду мисқол ангужад ва ё зарованди дароз ба кор баранд. Аз ҷумлаи доруҳои хосиятнок ҷигари хар, талхаи сангпушт ва панирмояи харгӯш хусусан бо хокистари ток ба шумор бираванд. Қайсум аз барои ин судманд аст. Агар миқдори андаке аз шири хушки анҷирро бо обдуздак бирезанд ва ё инчунин як дирам хушки онро бо ягон обе ба тариқи пухтаков ба кор баранд, [чунин бувад]. Низ, пухтакове [суд дорад], ки аз як мисқол панирмояи харгӯш бисозанд. Обҳое, ки бо онҳо ин доруҳоро биошоманд, масалан, оби нахӯди сиёҳ, оби хори хасак, оби хокистари ток ва чӯби қайсум ва ҷӯшонидаи қайсум бо судоб буванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор