Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Беморро] бар говарсу намаки гарми андар ҳамён гирифта бинишонанд, ё бо исфанҷу оби гарм ва ё бо исфанҷи хушки гармкарда гармибандӣ кунанд ва мумравғане бимоланд, ки аз бархе равғанҳои гарми қабзкунанда сохта бошанд. Маҳалли бемориро гарм бидоранд, шароби гармкарда ва равғани зайтуни норасид бимоланд. Беморро бифармоянд, то ба гармобаи гарм бидарояд ва бар замини гарм бинишинад. Бидон, ки андар бештари ҳолатҳо сардӣ аз барои заҳир зиён дорад, вале гармидиҳии нарм аксар вақт суд бахшад. Бинобар ин, бисёр намудҳои заҳирро, ҳамчунон, ки сардидиҳӣ зиён дорад, гармибандӣ судманд хоҳад буд. Хӯрдани ғизоҳое, ки кимуси ситабр ва часпак бизоянд, [низ] бештари намудҳои заҳирро зиёнвар аст.
Агар сабаби [заҳир] сахтии ягон чизе бошад, ки инсон бар вай нишинад, [маҳалли нишастанро] бо мумравғани аз равғани шибит ва ё [равғани] бобуна бо муқлу мум сохташуда ва ё бо равғани зайтуни гарме нарм кунанд, ки исфанҷро андар он оғушта бар он маҳалл биниҳанд. Агар сабаби [заҳир] омоси гарм бувад, ба бастани он чизе аҳмият диҳанд, ки аз тариқи рагҳо ва ё аз тариқи исҳол ба сӯи омос ҷорӣ шавад ва [низ] омосро сардӣ бахшида, хилти гармро муътадил бигардонанд. Ба оғоз агар лозим ояд, бо раг задан ва бо ниҳоят костани ғизо муолаҷа кунанд ва гузашта аз ин агар [бемор] битавонад, ду рӯз рӯза дорад. Андар оғози [беморӣ] обҳо ва пухтаковҳоеро ба кор баранд, ки як андоза ба сардифизоӣ моил ва ба изофаи он нармкунандаанд ва ҳар чизи ба сӯи [омос] резандаро боз доранд. Яке аз тадбирҳое, ки аз барои ин судманд аст, намадпораест, ки андар оби мӯрд ва гул оғушта ва бо каме ҳино ба кор баранд. Низ, ба оғоз, масалан, бо оби ҷав, оби ангури сагак, оби гул, равғани гул ва сафедии хояи мурғ ҳуқна бирезанд.
Агар [моддаи] резанда аз тариқи исҳол бирезад, онро бо он чи, ки ҳамедонӣ, бибанд, сипас пухтаковрезӣ намуда, бо доруҳои ковоккунандае зимод бикун, ки аз бобуна, шибит ва омехта бо доруҳои қабзкунандаи бароят маъруф сохта шуда бошанд. Баъд аз он доруҳои пазонандаро ба кор бар. Агар [омос] рим карда бошад, баъд аз пухтан доруҳои кафонандаро ба кор баранд ва ту ҳамаи инҳоро андар бобҳои гузашта донистӣ. Гоҳе ҳуқна рехтан бо равғани зайтуни ширине судбахш аст, ки бо баъзе доруҳои қабзкунанда ҷӯшонида бошанд. Ҳар гоҳ [ба бемор] ғизо додани шавӣ, беҳтарин чизе, ки бояд ба ӯ дода шавад, шири навдӯшида ва ҷӯшонидашуда бувад. Ин гуна шир сайлони аз боло ояндаро бибандад ва маҳалли [бемориро] нарм кунад. Агар пазонидану ҳал кардани [омос] ва ором сохтани дардро бихоҳӣ, яке аз доруҳои хуб зимоди шанбалит ва панирак, зимоди шоҳафсар ва зимоде бувад, ки аз каранби ҷӯшонида бигиранд. Агар ба доруи аз ин ҳам қавитар эҳтиёҷ биафтад, бо он андаке пиёзи бирёнкарда ва каме муқл ҳамроҳ кунанд.
Яке аз марҳамҳои санҷидашуда ба ҳангоми афрӯхтагӣ ва дарднокии омос бад-ин сифат аст, ки аз арзизи сӯхтаи шусташуда, аз сафедаи арзизи аз тариқи кара гирондан90 сохташуда ва аз мурдосанги парварда бахшҳои баробар гирифта, бо зардии хоя ва равғани гул бисириштанд. Ин ниҳоят хуб аст. Агар бихоҳӣ, бар вай оби ангури сагак

ва ё оби кашниз бичакон ва [низ] агар бихоҳӣ, андар он аз иқлимиёҳо биафзой. Гоҳе эшонро гили қимулиёи танҳо бо зардии хоя ва равғани гул суд бахшад. Агар сабаби заҳир омоси сахт бошад, бо он чи аз илоҷҳои омосҳои сахт донистӣ, муолиҷа бикун. [231] Яке аз доруҳое, ки аз барои он санҷидашуда аст, чунин бувад: муқл, заъфарон, ҳино, панираки зарди хушк ва сафедаи арзизиро гирифта, сипас ҳамаро бо пиҳи гудохтаи мокиён ва мурғобӣ ва бо мағзи пои гов ва хусусан навъи гавазнии он ҷамъ ва бо зардии хоя, равғани гул ва равғани хайрӣ сиришта, аз онҳо марҳам омода кунанд.
Аммо агар сабаби [заҳир] ягон хилти гандидаи андар он ҷой ҷабидашудае аз қабили балғам ва ё зарда бошад ва агар он балғам балғами часпак бувад, ин гуна [заҳирро] бо ангубин ва ё аз ин ҳам беҳтар, масалан, бо оби зайтуни намакин ва бад-ин тариқ муолаҷа кунӣ, ки ба қадри ним ратл аз онро ҳуқна бирезӣ, то ки (449) чизи андар [маҳалли беморӣ] буда берун ояд. Ё [беморро] бо фишурдаи барги чугундаре ҳуқна резанд, ки бо бунафшаву турбид тақвият дода шудааст. Сипас, бо доруҳои дардоромкунандае аз қабили шиёфҳои хосси заҳир муолаҷа кунанд. Гоҳе каси ба заҳири балғамӣ гирифторро ба ошомидани «ҳабби бадбӯй» эҳтиёҷ биафтад. Агар сабаби [заҳир] бақияи [хилти] гоҳгоҳе фурудоянда бошад ва агар андар ин ҳол исҳол ҷой дошта бошад, онро бибанд ва чун онро бастӣ, бингар, агар бемор бардошт кардан битавонад ва бими дубора омадани исҳол набошад, ба ӯ аз чизи сабуктаре ҳуқна бирез, ки таҳаммулпазир бошад ва ё агар модда сафровӣ бошад, шиёфҳои аз бунафша ва бо каме намак сохташуда ва агар модда балғамӣ бошад, [шиёфҳои] аз ангубини бастаи хиёршанбари бо каме бура ва турбит басташуда ба зер барнеҳ. Вале агар ба ин кор ҷуръат накунӣ, бо он пухтаковҳо ва шиёфҳое муолаҷа бикун, ки нармию карахтӣ бахшида, дардро ором кунанд.
Ҳар гоҳ заҳир душвор бигардад ва ягон моддае беруншаванда ҷой надошта, балки ба қазои ҳоҷат бархостани зиёду думодуме рӯй диҳад, ки гоҳе сабаби ин омоси сахт ва гоҳе сармои бардавом бувад, бо пашминае гармибандиро давом бидеҳ, ки андар ягон равғани гармкардае, аз қабили равғани гулу равғани мӯрд, бунафша ва бобуна ва андаке аз шароб оғушта бошанд ва бар даҳони мақъад, зиҳор ва хояҳо аз он равған низ бирез. Агар ин кор дардро ором накунад, аз равғани кунҷиди нимгарм [беморро] ҳуқна бирез ва бигузор то якчанд соат онро андар хеш бидорад, зеро ин ба ӯ шифо хоҳад бахшид.
Ин тадбирест, ки пешиниён ёд кардаанд, бархе аз мутааххирин онро пазируфтаанд ва мо онро чун санҷидем, рост будааст.
Агар [заҳир] аз сабаби решҳо ва хӯра ба амал омада бошад, бингар, агар табиат сахт бошад, ба хушкии он розӣ набош, балки бо ёрии [доруи] муътадили лағжонандае ба нарм сохтани он бикӯш, ки бирозро тез насозад, аз баҳри он ки хушкии бироз андар ин гуна мавзеъ сахт бад бувад. Ба [бемор] ғизоҳои тез, шӯр, тунд ва ниҳоят туруш набояд дод, зеро ҳамаи инҳо бирозро газандаи дардовар ва саҳҷангез бигардонанд. Умуман, бояд ӯро бо илоҷҳои хӯра ва қулоъи рӯдаҳо муолаҷа намуда, асо сан ба шиёфҳо такя кард.

пешина
аз 1215
навбатӣ