Қонуни тиб

Агар дарди миҳҷама ва банд ӯро бедор созад, ҳар дуро аз нав такрор намуда ва то вақте қаноат ҳосил накунӣ, ки ғизо аз қай шудан рӯ ба фурӯсӯ рафтан ниҳода аст ва ё ҳар ҳаракати ба исҳол фурӯ шудани он қатъ нагардидааст, аз [миҳҷама ниҳодану банд бастан] даст накаш ва [ҳар гоҳ чунин шуд], ҳар кадом аз ин дуро, ки бихоҳӣ, оҳиста-оҳиста суст бикун.
Агар [меъда] ягон чиз напазирад, балки онро ба исҳол берун кунад, андар таркиби ғизои бемор чизҳои қабзкунанда ва чизҳои як андоза карахткунандаро бо ҳам ҷамъ соз, масалан, нашостаи бирёнкардаро андар ҷӯшонидаи пӯсти хашхош ниҳода аз болои он сукки исҳолбоздоранда афкананд. Андар он ширинӣ нанеҳ, аз баҳри он ки вай [230] гоҳе сабабгори ғизобадбинии [меъда], нармӣ, исҳол ва рафтани табиат бигардад. (447) Ҳар гоҳ ба бемор ин гуна чизҳо бидодӣ, ӯро бихобон. Агар андар ин ҳол қай ҷой дошта бошад, аз паси он чизҳо [ба бемор] як кафча шароби наъно ва ё рубби онро бидеҳ. Агар исҳол ҷой дошта бошад, пеш аз он ба бемор макидани оби биҳии гиранда, дӯлона, амруди чинӣ, себи шомии нордон ва санҷид бифармой. Ташнагии чунин беморонро, масалан, бо писти ҷав, ё писти себу оби анор шикананд. Бояд хушбӯиҳои қувватбахшанда ҳеҷ аз эшон канда набошанд ва бояд ин хушбӯиҳоро барояшон бисанҷанд ва кадоме аз онҳо боиси нимгардон шудани нафси эшон шавад, онро тарк карда, ба истеъмоли ғайри он пардозанд. Мумкин аст бархеро бӯи нон дилбеҷокунанда ва бархеро дилкаш бошад ва шояд бархе бӯи шӯрборо бад бинад ва бархе аз он лаззат барад. Шароб ва низ бахур ҳам ҳамин гуна буванд.
Аммо бӯи меваҳоро бештари эшон ҳамепазиранд. Ба ин гуна беморон то гуруснагии ростин падид наояд, набояд чизе дода шавад. Агар пеш аз пок шудани [меъда] гурусна монанд, ба эшон таом надиҳанд, балки ба гармобаашон баранд, бар сарашон оби нимгарм бирезанд ва бедаранг аз он ҷо берунашон оранд.
Агар ташаннуҷ зоҳир гардад, бар пайвандгоҳҳо мумравғанҳои нармсозандаи гарм ва сахт ба андарун фурӯравандаро ба кор бибар ва онҳоро андар зимистон бо равғани нордин ва савсан ва андар тобистон бо равғани гул ва бунафша бисозанд. Ҳамчунин бар [пайвандгоҳҳои] эшон пораеро бор бикун, ки андар равғанҳои тарифизояндаи нармкунанда ва низ андар равғани зайтун оғушта бувад. Бояд ба ҳар ду манаҳи эшон эътибор дода, маҳалли зурфини87 онҳо ва мушакҳои ба боло ҳаракатдиҳандаи зерманаҳро пайваста бо мумравғанҳо равған кард.
Ҳар гоҳ навбати ҳайза фурӯ нишаста, бемор хобид ва аз хоб бархост, ба ӯ ягон рубберо ошомонида, ба оҳистагӣ ба гармобааш бар, вале андар он на муддати дароз, балки ба қадре бояд биистад, ки аз рутубати гармоба баҳравар шудан битавонад. Сипас аз он берун оварда, хушбӯӣ бизан ва ба ӯ ғизои кам, сабук ва хубкимус бидеҳ.
Баъд, ӯро эҳтиёт бикун ва нагузор, ки оби зиёд биошомад. Ӯро аз обу шароб ва аз болои таом хӯрдани чизҳои гиранда дур бидор. Баъд аз он бо ёрии масалан, қурсҳои хурду бузурги гул, гулангубин, табошир ва [гувориши] хузитонӣ ба қавӣ сохтани меъдаи ӯ бипардоз. Бисёр вақт гармоба сабаби паҳн гардидани хилт ва моддаи ҳайза ва падид омадани шикастагӣ андар андомҳо бигардад.
Фасли сездаҳум
андар чораи исҳоли доругӣ
Мо аз барои ин бобе ҷудо кардаем, ки андар он тадбири доруҳои исҳол ва қайоваранда ва тадбири ба кор бурдани онҳоро ёд кунем, лекин бо вуҷуди он мо ба таври мухтасар бигӯем: ба оғоз бояд бо ёрии ширҳо ва равғанҳо муолаҷа кард ва хусусан бо ҳила ширҳоро қабзкунанда ва равғанҳоро низ андаке чунин бояд гардонид, зеро инҳо сабаби фоили сӯзишро ба иътидол оваранд. Гоҳе андар оғози кор танҳо бо шир, равған ва оби гарм кифоят кунанд.
Гоҳе пайдарпай ошомидани инҳо ва ошомидани об88 шифобахш бошад ва хусусан агар чизе аз гавҳари дору бар меъда ва рӯдагон часпида бошад, зиёни онро аз байн бибарад. Сипас, агар аз паси он ҳуқнаи часпакиоварандаи муътадилсозанда рехта шавад ва ё ҳамин гуна ғизо [ба бемор дода шавад], судманд хоҳад буд. [Бисёр бошад, ки ба гармоба рафтан исҳолро бибандад]89.
Фасли чаҳордаҳум андар тадбири исҳоли буҳронӣ
Исҳоли буҳронӣ агар боиси хатар намешуда бошад, набояд баста шавад. Ҳар гоҳ агар он ба ҳадди ифрот бирасад, онро тақрибан мисли ҳайза муолаҷа кунанд, вале агар иллат ниҳоят сахт бошад, раво нест, ки ба бемор оби гӯшт дода шавад, балки ба ӯ чизе бидиҳанд, ки дорои сардиоварию ситабрсозӣ бувад. Масалан, ошомеро [бидиҳанд], ки аз писти ҷав ва писти себ сохта бошанд. Агар [бемор] таҳаммули гӯшт бикунад, ба ӯ, масалан, моҳии тозаи бо донаи анор пухта ва ё оби онро, ки ба он дегафзорҳои қабзкунандае аз қабили кашнизи сиркозадаи хушконида ва монанди он пошида бошанд, бидиҳанд.
Фасли понздаҳум андар баёни заҳир
Нахустин чизе, ки аз ҳоли заҳир бояд дониста шавад, ин аст, ки оё он заҳири ростин аст ва ё заҳири дурӯғин.
Ба ҳангоми заҳири дурӯғин андар сипаси мақъад бирози хушк банд шуда бимонад, ки гоҳе аз он чизе фишурдашуда ояд ва гоҳе ба сабаби ҳаракати ба такаллуф кардан рӯдаро пӯсткан кунад. Бисёр бошад, ки ҳамин гуна ҳолат рӯй диҳад, вале гумон карда шавад, ки андар он ҷо заҳир аст. Ҳар гоҳ агар ягон чизе аз ин гуна ҳолат рӯй бидиҳад, бояд онро бо ҳуқнаҳои нарм ва шиёфҳои газанда дармон кунанд. Ҳар гоҳ [беморӣ] аз ҳуқнаҳои нарм тағйир наёбад, ба онҳо ба изофаи нармию тарӣ як дараҷа тезӣ низ биафзой, (448) то бахши хушки [бироз] берун ояд. Сипас, агар аз барои берун рондани боқимонда туро ба [ҳуқнаҳои] танҳо нарму тар эҳтиёҷ афтад, ба ин гуна [ҳуқнаҳо] кифоят бикун. Агар андар ин ҳол модда ситабр бошад, мумкин аст туро ба ошомидани ҳабби муқл ва ё сақизи хинҷак эҳтиёҷ биафтад. Вале агар ҳарорат ҷой дошта бошад, туро эҳтиёҷ ба, масалан, хиёршанбар, шароби бунафша ва монанди он ва низ ба ҳаббе биафтад, ки аз мағзи хиёршанбар бо рубби ширинбаён ва касиро сохта бошанд.
Аммо агар заҳири ростин бувад ва агар сабаби он сардие бошад, ки мақъадро расида бошад, онро аз тариқи гармибандӣ кардан бо пораи гарм ва ё сабӯси гармкардае муо лаҷа кунанд, ки онро бар мақъад, миёндуроҳа, зиҳор ва мезаной биниҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор