Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Он бахши ғизо, ки бо бахши зудгувор] омехта аст, хусусан аз он ҷиҳат ба мунфаил шудан авлост, ки [пеш аз ин] андар меъда низ то андозае зери таъсир монда, гуворида шудааст ва агар ба таъсири фоил дучор ояд, омодаи он аст, ки пурра мунфаил ва гуворида шавад.
Бинобар ин кӯррӯда рӯдае бувад, ки чизи андар меъда [аз гуворидан] рӯй гардонида ва ҳамчун фазлаи бахши гуворидашудаи [ғизо] боқӣ монда, андар ин рӯда пурра гуворида бигардад. Миқдори чизе, ки ин [фазларо андар кӯррӯда] бипӯшонад ва ӯро аз кимуси тари макидашаванда ҷудо созад, хеле кам аст ва худи он ба ҷое расида аст, ки агар қароргоҳе ёфта, андар он ба андозаи анҷом ёфтани як гувориш таваққуф кардан битавонад, камтарин қувваи [гуворанда] барои он кифоят хоҳад буд. Сипас ин [фазлаҳо] аз он ҷудо шуда, ба рӯдае гузаранд, ки аз он ҷой [рагҳои] мақъад59 онҳоро бимаканд. Гурӯҳе гуфтаанд, ки ин рӯда аз баҳри он якчашма офарида шудааст, ки то килус андар он биистад ва ҷигар онро аз мобоқии гавҳари ғизо ба тамомӣ пок созад. Эшон чунин пиндоштаанд, ки мосориқо то ба кӯррӯда омада бирасад. Ровии ин гуна [ақида] хато кардааст ва ба ҳақиқат манфаати [кӯррӯда] аз он иборат аст, ки мо баён кардем.
Ин рӯдаро як даҳон кофист, чунки вай мисли меъда ба дарозои тан ниҳода нашудааст. Яке аз судмандиҳои якчашмагии он чунин аст, ки он маҳалли ҷамъшавии фазлаҳо буда, агар ин [фазлаҳо] ҳамаашон андар рӯдаҳо ҷорӣ шаванд, аз он бими падид омадани қулинҷ хоҳад буд. Ин фазлаҳо чун андар он ҷамъ гарданд, аз сари гузаргоҳ як сӯ шаванд ва ба иллати ҷамъ будан онҳо метавонанд аз тариқи табиат якбора берун оянд, зеро чизи ҷамъшуда назар ба чизи парешон осонтар ронда шавад.
Дигар аз судмандиҳои [якчашмӣ] он аст, ки кӯррӯда зодгоҳи он чизест, ки ночор андар рӯда зода шавад, яъне [зодгоҳи] кирмону морҳост, зеро кам рӯй диҳад, (421) ки ягон тан аз инҳо холӣ бошад ва инчунин андар зодани онҳо ба шарте судҳост, ки агар онҳо ба миқдори кам ва хурдҳаҷм падид оянд. Ин рӯда ҳангоми даридани пайғулаи рон беш аз дигар рӯдагон созгори фуруд омадан аст, аз баҳри он ки вай озод буда, баста нест ва на низ бо мосориқои ба сӯяш оянда сахт баста бувад, зеро, чунонки гуфтаанд, ҳеҷ гуна мосориқо ба сӯи он намеояд.
Ба кӯррӯда аз фурӯсӯ рӯдае пайваста аст, ки «қулун»
ном дорад ва он рӯдаи ситабри серпарда (сафиқ) буда, ба андозаи дур шудан аз кӯррӯда ба тарафи рост хеле бигарояд, то ки ба ҷигар наздик бошад, сипас фуруд омада, ба сӯи чап бигардад. Чун ба паҳлуи чап баробар шуд, баробари фуруд омадан боз ба рост ва ба сӯи пушт майл кунад ва андар он ҷой бо рӯдаи рост бипайвандад.
Вай ҳангоми гузаштан аз назди испурч танг бигардад ва бинобар он ҳангоми омоси испурч то агар бар вай фишор надиҳанд, бодро берун баромадан нагузорад. Манфаати ин рӯда аз он иборат аст, ки бирозро ҷамъ карда, нигоҳ дорад ва баъд аз он ки ғизои андар он бударо аз фазла пок ҷудо карда гирифт, онро ба тадриҷ барои ронда шудан омода созад. Маҳз ин рӯда аст, ки аксар вақт андар он қулинҷ ориз бигардад ва номи [«қулинҷ»] низ аз он иштиқоқ шудааст.

Рӯдаи рост вопасини рӯдаҳост ва он ба бахши фурӯсӯвини қулун пайваста буда, сипас аз он ҷой рост фуруд ояд ва ба мақъад бипайвандад. Баробари ин вай бар пушти камаргоҳ такя занад ва ба андозае васеъ шавад, ки хусусан фурӯсӯви он меъдаро монад. Манфаати ин рӯда аз он иборат аст, ки бирозро ба берун андозад. Парвардигор, ки инояташ бузург аст, аз барои ин [рӯда] чаҳор мушак офарида аст, чунонки донистӣ. Ин рӯда аз баҳри он рост офарида шудааст, ки то ронда шудани бироз аз он ба осонӣ анҷом ёбад. Мушакҳое, ки ӯро аз барои рондан ёварӣ кунанд, на андар худи ӯ, балки бар рӯи мароқ ҷой гирифтаанд. Онҳо аз ҳашт мушак иборатанд.
Ин миқдор гуфтор андар боби ташреҳи рӯдагон ва манфаати онҳо бояд кифоят бошад. Ҳеҷ як аз ин андомҳо, ки онҳо маҷрои ғизоянд, ҷуз аз ду сӯй, яъне аз сар, ки он сурхной ва ҳалқум аст ва аз фурӯсӯ, ки он мақьад аст, ба ёрии мушакҳо ҳаракат намекунанд. Ба сӯи ҳамаи рӯдагон рагҳои варидӣ, шараёнҳо ва асабҳо омада пайвастаанд [ва асабҳои онҳо] беш аз асабҳои ҷигар буванд, аз баҳри он ки онҳо ба ҳисси зиёде ниёзманданд.
Фасли дуввум андар баёни ҳамаи гунаҳои шикамрав ва сабабҳои онҳо, ҳатто лағжонии рӯдагон, ҳайза, зараб, хунравӣ, берун омадани чизҳое аз ҷигар, испурч, мағз ва аз [тамоми] тан ва андар баёни заҳир

Бидон, ки ҳар гуна шикамрав ё аз сабаби таомҳо, ғизоҳо ва ҳавои муҳит ва ё аз сабаби андомҳо ба амал ояд.
Мо бояд нахуст андар баёни шикамраве сухан ронем, ки аз сабаби андомҳо рӯй диҳад. Дарунрави аз сабаби андомҳо буда ё аз меъда, ё аз мосориқо, ё аз ҷигар ё аз испурч, ё аз сар, ё аз рӯда ва ё аз тамоми тан вобаста аст ва ҳамаи инҳо андар бархе аз сабабҳо бо ҳам анбозӣ доранд. [Шикамрав] мумкин аст аз паси бадмизоҷие ба амал ояд, ки ё қувваи нигоҳдоранда ва ё қувваи ронандаро заиф карда бошад ва ё ин ки қувваи ронандаро қавӣ карда бошад. Ҳар як аз ин [бадмизоҷиҳо] ё бадмизоҷии сода аст ва ё бадмизоҷии мураккабест, ки дорои модда буда, ин [модда] ё андар миёни андомҳо монда аст ва ё рӯи онҳоро олуда бошад. Ё мумкин аст [сабаби шикамрав] бемории афзорие аз қабили кӯфтагӣ, ё реш ва ё даридагӣ бувад.
Мо аз [баёни] шикамрави аз сабаби ҷигар буда фориғ шуда, андар ин миён он чиро, ки ба сабаби мизоҷҳои ҷигар, омосҳову суддаҳои он ва ғайра падид ояд, ёд кардем ва инчунин шикамрави аз мосориқо вобаста бударо баён кардем. Аммо шикамраве, ки аз мағз ба амал ояд, ин ҳамон шикамравест, ки ба сабаби назлаҳои аз [сар] ба сӯи меъда ва рӯдаҳо фурудоянда рӯй диҳад. Онҳо ғизоро табаҳ сохта, ба иллати лағжонандагии хеш ва ба сабаби қувваи ронанда онро фуруд оранд ва худ ҳамроҳи он фуруд оянд. Ҳангоми шикамрави аз меъда вобаста на ҳамаи [моддаи] он ногуворида бувад, балки гоҳе то андозае гуворида бошад ва гоҳе ногуворида. Сабаби ин нотавонии қувваи нигоҳдорандаи меъда буда, ҷуз то андак муддате тоби нигоҳ доштани ғизо надорад ва андар ин муддат ғизо гоҳе гуворида шавад ва гоҳе ногуво рида бимонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ