Қонуни тиб

Бинобар ин ронда шудани [таом] аз роҳи фарохияш муьтадил осон бувад. Нои ин [рӯда] низ аз он ҷиҳат мухолифи сурхной аст, ки сурхной ҳамчун як бахши меъда аз ҷиҳати ҳайати таркиби табақаҳояш бо меъда ҳамшакл аст. Аммо ин ной ҳамчун як чизи бегона бо меъда часпидааст ва табақаҳои он андар гавҳар бо ду табақаи меъда мухолафат доранд, аз баҳри он ки меъда ба кашиши қавие ниёзманд аст, ки рӯда ба ин гуна кашиш эҳтиёҷ надорад. Бинобар он бар ду табақаи рӯда лифи бар паҳно раванда ғолиб аст. Лекин андар рӯдаи рост мумкин аст лифҳои ба дарозо будаи зиёде ба назар бирасад, зеро вай поксозандаи рӯдагон буда, кораш бузург аст ва ба кашидани чизҳои барсӯвини хеш эҳтиёҷ дошта, бадин сабаб вай аз барои хуб фишурдан, рондан ва берун сохтани [бироз аз лифи дароз] ёварӣ бигирад, вале бирози кам аз фишурда шудан рӯй битобад. Бинобар ин [рӯдаи рост] фарох ва тиҳигоҳаш бузург офарида шудааст. Рӯда аз барои эҳтиёҷ дутабақа офарида шудааст, то фасоду уфунате, ки рӯда омодаи онҳост, ба ҳангоми расидани хурдтарин офате, ки ба иллати ихтилофи феълҳои ҳар ду табақа зуд [андар рӯда] падид ҳамеояд, густариш наёбад. Ин ной рост офарида шуда, аз меъда ба поин фуруд омадааст, то ки оғози рондашавӣ осон бошад, чунки гаронӣ аз [гузаргоҳи] печида ва моил дида аз тариқи ростфуроянда зудтар ба фурӯсӯ бигузарад.
Ин гуна офариниши он бо маънои дигар низ судманд аст. Яъне агар он рост фуруд ояд, аз росту чапи он барои дигар андомҳои меъдаро аз ду паҳлу ба оғушгирифта ҷои холӣ боқӣ хоҳад монд, чунонки порае аз ҷигар аз бари рост ва тамоми испурч ва дигар рӯдагон аз чап ҷойгиранд. Ин рӯдаро аз баҳри он «рӯдаи дувоздаҳангушта» номидаанд, ки дарозии он мувофиқи ангуштони худовандаш ҳамин қадар буда, фарохияш ба андозаи фарохии даҳони он бувад, ки онро «дарбон» хонанд.
Як бахш аз рӯдаи борикро, ки аз сӯи рӯдаи дувоздаҳангушта аст, «рӯзадор» номанд. Аз ҳамин бахш печидагӣ, хамидагӣ ва тобнокии [рӯдагон] оғоз ҳамеёбад ва андар он махзанҳои зиёд аст. Ин рӯдаро аз баҳри он «рӯзадор» номидаанд, ки аксар вақт холӣ ва тиҳист ва сабаби ин ду ҳолати ба якдигар ёвар бувад: якум ин, ки килуси ба сӯи он кашидашуда зуд аз он ҷудо шавад. Бинобар ин як бахши он ба сабаби бо ин рӯда пайваст будани аксарияти рагҳои мосориқо ба сӯи ҷигар кашида шавад, зеро ин рӯда наздиктарини рӯдагон ба ҷигар буда, андар ягон рӯда он миқдор шохаҳои мосориқо, ки андар ин ҳаст, нест ва [аз ин ҷиҳат] баъди он рӯдаи дувоздаҳангушта биистад. Ин рӯда ба ҳангоми беморӣ ниҳоят танг, пажмурда ва хурд бигардад; [дуввум ин, ки] тоифаи дигари [килус] аз он шуста шуда, ба сӯи дигар рӯдагони баъди он оянда бигузарад, аз баҳри он ки талхаи зард аз заҳрадон холис ва беомезиш ба сӯи ин рӯда ояд ва бинобар он сахт шӯянда буда, (420) бо сӯзиш овардан қувваи [ронандаро] сахт биангезад. Вай бо шӯяндагии худ барои ба зер ронда шудани [килус] ёрӣ расонад ва аз тариқи ангехтани қувваи ронанда барои ба ҳар ду ҷиҳат ронда шудани [килус], яъне ҳам ба сӯи ҷигар ва ҳам ба фурӯсӯ ёрӣ диҳад.
Ба сабаби ҳамин ҳолатҳо чунин рӯй диҳад, ки ин бахши рӯда тиҳӣ боқӣ монад ва бинобар он «рӯзадор»-аш хонанд.
Ба рӯдаи «рӯзадор» бахше аз рӯда пайваста аст, ки дароз ва печида буда, хамгаштҳои пайдарпай дорад. Судеро, ки андар бисёрии печидагӣ ва хамгаштҳои он ҷой дорад, мо андар фаслҳои пешгузашта ёд кардем, яьне онҳо аз барои онанд, ки то ғизо андар [рӯда] биистад ва баробари ин истодан бо даҳонаҳои рагҳои ғизомаканда пайдарпай андар тамос бошад. Ин рӯда охирини рӯдаҳои барсӯвинест, ки онҳоро [рӯдагони] «борик» номанд.
Гуворандагии ин рӯдагон бештар аз [гуворандагии] рӯдагони фурӯсӯвине бувад, ки онҳоро «рӯдагони ситабр» хонанд, зеро бештари кори рӯдагони фурӯсӯвин аз омода сохтани бироз барои берун рафтан иборат аст. Вале онҳо низ аз гувориш холӣ нестанд, чунонки онҳо аз рагҳои ҷигарие холӣ намебошанд, ки аз барои макидан ва кашидани [килус] ба сӯи онҳо омадаанд.
Ба бахши фурӯсӯви рӯдагони борик рӯдае пайваста аст, ки онро «якчашма» гӯянд ва инро аз баҳри он чунин номанд, ки ҷуз як даҳон надорад ва он чун киса буда, аз тариқи ин [даҳон] чизи аз боло ба сӯяш ояндаро бипазирад ва низ аз тариқи ҳамон [даҳон] чизҳои рондашавандаро аз худ берун биронад. Вай андаке ба сӯи пушт ҷойгир буда, майлаш ба сӯи рост аст. Вай аз барои якчанд манфаат офарида шудааст. Аз ҷумла аз барои он, ки то аз барои бироз ҷойгоҳи ҷамъшавие бошад ва ҳар соат барои ба қазои ҳоҷат бархостан ниёзмандӣ наафтад ва ҳар доим ба рӯдагони фурӯсӯвин бироз кам-кам омада наистад. Баръакс, вай махзане бувад, ки бироз ба куллияти хеш андар он ҷамъ шавад, сипас ҳар гоҳ ки ҳамчун бироз тамомият ёфт, аз он ҷой ба осонӣ ронда шавад. [Манфаати дигар] ин аст, ки нахуст андар ин рӯда ғизо ба бахши бирозӣ ва қобили макида шудани минбаъдае табдил ёбад, ки аз тарафи мосориқо ба амал оварда шавад, вале ин гуна макида шудан андар ҳоли ҳаракатнокӣ, аз ҷое ба ҷое гузаштан ва парокандагии [ғизо] сурат нахоҳад гирифт. Баръакс, ин вақте ба иҷро расад, ки агар ғизо аз ҷигар солим раҳо хӯрда, андар наздикии [216] вай боқӣ бимонад, то баъд аз гувориши меъда, ки ба миёнчии оромию ҳамҷаворӣ ба амал омада буд, гувориши дигаре аз тариқи ҳамҷаворӣ аз [ҷигар] ба ӯ бирасад. [Ҳангоми гувориши меъда] ғизо ҷамь ва андар як чизе гирд омада бувад, ки андар он ба шакли орому ҷамъшуда муддати дароз боқӣ бимонад.
Нисбати ин [рӯда] ба рӯдаи ситабр чун нисбати меъда ба рӯдаи борик аст. Бинобар ин эҳтиёҷ бад-он афтад, ки ин ба ҷигар наздик бошад, то ки ҷигар гуворишро пурра ба анҷом бирасонад ва ғизои боқимондае, ки гуворида намешавад ва барои макидани ҷигар созгор нест, бар беҳтарин намуди мумкинбуда бигардад. Чунки ин [боқимонда] андар меъда саркашӣ карда, ба иллати бисёрии модда ба гувориши пурра нарасидааст ва низ аз баҳри он, ки таъсир ба бахши зудгувор пештар бирасад, зеро бахши зудгувор бахши [аз гувориш] саркашандаро фаро гирифта бипӯшонад. Ҳоло ки бахши [аз гувориш] рӯйгардонида ҷудо шуда истодааст ва ҳар гоҳ қувваи коргар ба он бирасад, онро омода ва ҷудо аз [ҳама чиз] дарёбад, ба ҷуз фазлае, ки сазовори бироз гардидан бувад. [Бахши саркаши ғизо] андар ҳар ду ҳолат ҷой дорад, вале андар меъда ҳамроҳи дигар [чизи ӯро] пӯшо нанда ҷой дорад ва андар кӯррӯда танҳо худи ӯ пӯшонанда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор