Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли ҳаштум
андар баёни бод ва дамиши испурч

Дамиши испурч бад-ин гуна бувад, ки ҳангоми он андар испурч азҳамкашидагӣ, сахтӣ ва баромадагӣ ҳис карда шуда, ҳангоми фишурдан қароқуру оруғ ба амал оянд, вале гаронии омосро нахоҳад дошт.
Илоҷ: Бидон, ки доруҳои аз барои муолаҷаи сахтии испурч созгор аз ҷиҳати қувват ба доруҳои аз барои муолаҷаи дамиш созгор наздикӣ доранд. Инчунин [ҳангоми дамиш] ба доруҳои суддакушои зудояндаи ҳалкунанда ва дорои қувваи қабзкунандае эҳтиёҷ аст, ки аз қувваи ҳалкунандагии онҳо бештар бошад, чаро ки модда бодии сабук аст ва ин хилофи он чизе бувад, ки ҳангоми омосҳо ҷой дорад. Ба изофаи ин [дамиши испурчро] доруҳоест, ки бад-инҳо монандӣ дошта, таъсирноктару созгортаранд.
Мисоли инҳо панҷангушт, зира, тухми судоб, нонхоҳ ва монанди инҳо мебошад. Аз барои ин [беморӣ] бо оташ бар испурч миҳҷама ниҳодан суди бузург бахшад.
Бояд56 гуруснагӣ кашид ва на низ ғизоро ба якборагӣ хӯрд, балки бояд онро ба баҳраҳои миқдоран ниҳоят кам тақсим кард. [Бемор] ҳар қадар ки битавонад, об наошомад, балки кам-кам якчанд бор набизи куҳани тунуки талх биошомад. Набояд чандоне бихобад, ки шикамаш сабук шавад. Агар баъд аз пурии шикам ӯро дард авҷ бигирад, хоҳ шаб бошад, хоҳ рӯз, бояд [шикамашро] пайдарпай бифишорад ва аз барои берун омадани бироз ҳилаҳо созад, сипас бихобад. Агар ин суд набахшад, гармибандӣ кунад.
Ҳар гоҳ бидонӣ, ки моддаи савдовӣ зиёд аст ва ба сабаби бисёрии худ дамиш овардааст, онро ба истифроғ овар. Яке аз доруҳои ошомиданӣ қурсҳоеанд, ки ба сифати зерин буванд: сиҳ дирамсанг сипандони сафедро гирифта, бикӯбанд ва бибезанд. Сипас, онро бо сиркои хамрии қавӣ сиришта, аз он қурсҳои тунуки хурд бисозанд ва онҳоро андар танӯр ва ё бар тоба то хушк шудан бипазанд, вале набояд сӯзанд. Пеш аз пухтан аз барои қурссозӣ сӣ дирам аз асли [дору]57 бигиранд, баъд, аз тухми панҷангушт ва газмозу панҷ бахшӣ ва аз сақулуфандариюн ҳафт бахш гирифта, бисованд ва бо [асл] омехта сохта, қурсҳо созанд. Як ошомиданӣ аз он се ди

рам ва бо сикангубин бувад. Аз барои ин [беморӣ] қурсҳои панҷангушт низ суд доранд.
Ё даҳ дирамсанг газмозак, даҳ дирамсанг донаи марв ва панҷ дирамӣ тухми гандано ва хурфаро гирифта, қурс бисозанд. Як ошомидании он се дирам ва бо сикангубини шакарист. Гоҳе ба ин гуна [бемор] додани ду мисқол панҷангушт, нонхоҳ, пӯсти бехи кабар, судоби хушк ва ваҷ бо шароби куҳан ва ё бо ҷӯшонидаи доруҳои аз барои [ин дард] судманд суд хоҳад бахшид.
Аммо оид ба чарбҳо ва зимодҳо бошад, бад-ин гуна аст, ки масалан, аз равғанҳо равғани афсинтин, равғани нордин (418) ва равғани қуст ва аз марҳамҳо марҳами аз гӯгирд, замч, натрун, зифт ва говшир сохташударо [ба кор баранд].
Аз зимодҳо, масалан, зимодҳоеро [ба кор баранд], ки андар бобҳои гузашта ёд шудаанд. Аз ҷумла зимоди анҷире ба шумор биравад, ки бо сирко ва ҳамроҳи судоб, натрун, тухми панҷангушт, шоҳафсар, нонхоҳ ва бобуна [сохта шудааст]. Аз пухтаковҳо сиркоеро ба кор баранд, ки андар он доруҳои [ёдшударо] ҷӯшонида бошанд ва хусусан онро ба тарзи мо ёдкарда, яъне бо намадпораҳо ба кор баранд. Алалхусус сиркое [судманд аст], ки андар он кабари тару тоза, гӯгирд,58 газмозу, сақулуфандариюн, барги панҷангушт, гавзи сарв ва судоб ҷӯшонида бошанд. Агар бихоҳанд, ки он қавӣ амал кунад ва агар таб набошад, андар он уша, муқл ва монанди инҳоро биафзоянд. Низ, пудина, судоб, ушна ва бурае [хубанд], ки онҳоро андар сирко бо миқдоре аз замч ҷӯшонида бошанд. Ғизои [бемор] ба ҳангоми ин [беморӣ] ҳамон чизҳое бувад, ки андар ғайри он гуфта шуданд.
Фасли нуҳум андар баёни дарди испурч

Дарди испурч ё ба иллати бод ва дамиш, ё ба иллати омоси бузурге, ё ба иллати гусастани пайвастагӣ ва ё ба иллати бадмизоҷӣ падид ояд, ки нишонаҳои онҳо ва муолаҷаи ҳар як намуди онҳоро аллакай худ ҳамедонӣ. Ҳар гоҳ дард ҳангоми даст-даст кардан ба охири испурч ба наздики паҳлу ҳис карда шавад, пас, бод миёни парда ва сифоқ афтидааст. Агар табиат хушк бошад, бояд онро нарм кард ва гармоба ба кор бурд. Вале агарчи ҳолат тақозо кунад ва пизишкон онро раво доранд ҳам, ҷуз ба ҳангоми зарурат ва миқдори андаке хун нагиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ