Қонуни тиб

Ё орди шанбалит, хардал ва натрун ва ё анҷири андар сирко ҷӯшонидаро гирифта, ба миқдори шашяки он бар вай уша изофа кунанд.
Ё ангубини шаҳдро гирифта, бар порае аз коғаз, ки ба андозаи омос аст, тило кунанд ва бар вай хардал пошида, бар болои испурч ниҳода, ба қадри таҳаммул нигоҳ доранд. Ё даҳ дона анҷири фарбеҳро гирифта, се соат андар сирко тар кунанд. Сипас онро ҷӯшонида нарм созанд ва биполанд. Ба вазни он хардал ва бехи кабарро гирифта, ҳар дуро якҷоя бисованд ва ҳамаро бо ҳам биомезанд. Гоҳе андар он ба андозаи ҳоҷат уша ва мозариюн изофа кунанд. Аз ҳамаи инҳо тило ва зимод бисозанд. Ё шанбалит, қардамоно, оҳак ва бураро бо сирко [гирифта], якчанд рӯз то худ ба худ афтиданаш [бар испурч] биниҳанд. Ё уша, ошёни [занбӯр], мурр ва кундурро ба миқдори баробар гирифта, бо сиркои қавӣ бар пораи пунба тило кунанд ва бар испурч ниҳода, якчанд рӯз то худ ба худ афтиданаш биниҳанд. Яке аз доруҳое, ки онро ал-Киндӣ санҷида ва ихтиёр намуда аст, [доруи зерин аст]: судоб, пӯсти бехи кабар, афсинтин, пудина ва саътарро бо сиркои тез ҷӯшонида, бар намадпорае бигиранд ва ба шакли гарм зимод кунанд. Ҳар бор ки сард шавад, онро нав кунанд ва ин корро бист бор ба ҳоли ношито такрор кунанд. Яке аз зимодҳои сахт хуб [зимоди зерин аст]: ду ратл мавизаки асалии булутро гирифта, бар болои лахчаи оташ гудозанд ва бар вай як ратл оҳак изофа карда, ҳар дуро биомезанд ва аз ҳар ду зимод созанд. Ё бура, оҳак, оқирқарҳо ва хардалро гирифта, ҳамаро бо қатрон ҷамь созанд ва тило кунанд.
Вале ин ба ҳангоми таб созгор нест. Ё панҷ уқия оқирқарҳо, понздаҳ дирам хардал, чаҳор уқия донаи мозариюн, се уқия қардамоно, як уқия гавзи бӯво ва чаҳор уқия мурчро гирифта, бо сиркои унсул ҷамъ созанд ва баъд аз он, ки маҳалли [доруниҳиро] бо хардал ва натрун бишӯянд, бо ин [дору] испурчро се соат гармибандӣ кунанд.
Аз барои [омоси] деррави [испурч] тилои зеринро [ба кор баранд]: аз уша ва бодоми талх даҳ [бахшӣ] ва аз судоби хушконида панҷ [бахш] гирифта, аз онҳо бо сирко тило созанд. Ё саргини буз ва хардали сабзро бо баъзе аз фишурдаҳои судманд ва андаке сирко маъҷун сохта, [ба кор баранд]. Аз ҷумлаи пухтаковҳо обест, ки андар он боқилии мисрӣ, судоб ва мурч ҷӯшонида бошанд. Яке аз зимодҳои сахт қавӣ [зимоди зерин аст]:
се уқия харбақи сиёҳ, чаҳор уқия харбақи [214] сафед, се уқия уша, се уқия натрун, ду уқия маҳмуда ва сиҳ дона мурч бигиранд. Баъд шаробро бо сақизи хинҷак чандоне қивом бидиҳанд, ки бо ин [доруҳо] ҳамчун ба шакли марҳам омехта сохтани он мумкин бигардад. Инро баъд аз он, ки аз тариқи молиш додан маҳалли [омосро] гарм сохтанд, бар он ҷой тило кунанд. Ин [дору] низ исҳоловар аст.
Агар доруҳо суд набахшанд, бояд миҳҷамаҳо гузошт ва аз болои онҳо нештар зад. Гоҳе ба ҳангоми ғалабаи
хилти савдовӣ ва хун чунин воҷиб ояд, ки видоҷи чапро бизананд ва бар панҷ-шаш ҷои испурч доғ ниҳанд, сипас он [доғҳоро] беҳ шудан нагузоранд. Агар [бемор] бар оташ тоб овардан натавонад, аз доруҳои доғмонанда, масалан, зимоди анҷиру хардал, ё масалан, зимоди софсиё ва ғайраро ба кор бибар. Агар гармӣ ғолиб буда, бемор таҳаммули зимодҳои қавиро надошта бошад, испурчи ӯро бо бухори сиркое бухор диҳанд, ки аз санги тофта55 бархезад ва ё ношито ӯро бар пушт хобонида, бар болои испурчаш намадпораеро биниҳанд, ки андар сиркои гармкарда шуда ва хусусан бо судоб ҷӯшонида шуда ва ё андар дурди гармкардашудаи сирко оғушта бошанд. Аз ҳамаи инҳо беҳтар он аст, ки агар бемор бардошт карда тавонад, ӯро ношито ба гармобаи гарм бидароранд ва андар он ӯро бар пушт хобонида, бар болои [испурчаш] пайваста пайдарпай то ҳангоми тоқаташ тоқ шудан намадпораи андар сирко оғушта биниҳанд (417) ва ин корро якчанд рӯз такрор кунанд, зеро ин илоҷ [бисёр] қавист. Яке аз [дармонҳое], ки бад-ин наздик буда, [омоси] гармро созгор аст, чунин бувад, ки аз тухми коснӣ, тухми хурфа, кадуи хушконида ва тухми панҷангушт ба миқдори ду мисқол гирифта, бо сикангубини ниҳоят туруш [ба бемор] бидиҳанд, сипас баъди он бо намадпораи бо сирко оғушта дармон кунанд. Бисёр касонеро, ки ба бемории испурч гирифторанд ва ҳарорат доранд, ба такрор додани оби коснӣ бо сикангубин шифо хоҳад бахшид.
Аммо аз ғизоҳо шӯрбоҳои сабуки равғание, ки аз [гӯштҳои] сабук, латиф ва ба иътидол гармиоваранда сохта шудаанд, кабари андар сирко хобонда, сақиздонаи андар сирко хобонда ва дигар чизҳое [бояд дод], ки онҳоро андар дигар ҷойҳои [китоб] донистӣ. Бояд ҳамроҳи онҳо доруҳои латифкунандае аз қабили хардал ва монанди он ба кор баранд. Ошомидании чунин [беморон] бояд оби оҳангарон ва ё ҳар гуна обе бошад, ки андар он оҳани тофтаро якчанд бор сард карда бошанд.
Фасли шашум андар илоҷи омоси балғамии испурч
Инро бо бахши муътадили дармонҳои омоси сахт муолаҷа кунанд ва ба изофаи он балғам ва савдоро ба истифроғ берун оваранд, зеро [ба ҳангоми] ин омос балғам савдовист.
[Инчунин] зимодҳоеро [ба кор баранд], ки аз шоҳафсар, шибит, наи бӯё, судоби хушк ва дигар чизҳо сохта шудаанд.
Фасли ҳафтум андар баёни суддаҳои испурч
Чунонки ҳамедонӣ, онҳо гоҳе аз сабаби бод, гоҳе аз сабаби омос ва гоҳе аз сабаби хилтҳо ба амал оянд. Ҳангоми суддаи бодӣ азҳамкашидагии сахт ва сабукӣ ва ҳангоми суддаи омосӣ нишонаҳои омос ҷой дошта бошанд, вале ҳангоми суддаҳои дигар гаронӣ ҳис карда шавад ва нишонаҳои омос онҳоро ҳамроҳӣ накунанд.
Муолаҷаҳо: [Дармони ин] айни дармонҳои қавии суддаҳои ҷигар бувад, ки мо андар он [боб] бад-онҳо ишорат кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор