Қонуни тиб

Ё зардии ду хояи хомро гирифта, андар ним сукарраҷа шароб тар кунанд ва онро биошоманд. Яке аз доруҳое, ки ниҳоят сутудаанд, чунин аст, ки [ба бемор] агар харотини хушконида бидиҳанд, зуд шифо бахшад. Талхаи хирс низ ҳамчунин бувад. Низ яке аз доруҳои санҷидашуда доруи зерин аст: бехҳои турушаро ба бемор дода, ӯро андар зери офтоб нишонанд ва баъд аз он бояд як соат роҳ биравад, то таб карда, ташна шавад. Сипас ба ӯ ҷӯшонидаи пари сиёвушон бидиҳанд ва хусусан агар бо пари сиёвушон рӯян ва наъно ҳамроҳ карда бошанд, ин зуд арақи зиёди зардранг оварад. Агар инҳоро [ба бемор] баъд аз гармоба бидиҳанд, низ чунин бошад.
Яке аз доруҳои пешобтозонандаи хоси ин [беморӣ] доруи зерин аст: ду дирам гавзи сарвро гирифта, андар як дирам салихаи поккарда бо тилои куҳан [ба бемор] биошомонанд. Сипас худованди [ярақонро] сахт бидавонанд ва ин ҳамаи ярақонро аз тариқи пешоб берун орад.
Гоҳе гӯшти хорпушт ба сабаби сахт пешоб тозондан, пок сохтан ва бо ҷигар созгор буданаш чунин [беморонро] судманд бошад ва он андар айни ҳол ғизо низ бувад.
Аммо агар як сукарраҷа оби зарпечакро бо тухми карафс ва шакари табарзад [ба бемор] бидиҳанд, суд бахшад.
Яке аз доруҳои шикаморандаи хоси ин [беморӣ] чунин аст, ки ҳанзалро шикофта чизҳои андарунаш бударо биандозанд ва бо тило пур карда, бар ахгар онро биҷӯшонанд. Сипас онро полида [ба бемор] бидиҳанд. Яке аз доруҳое, ки мо санҷидаем, чунин аст: ним дирам сабр, як донг маҳмуда, чаҳоряк дирам намаки нафтӣ ва аз ҳар кадоми рӯян ва ғориқун ним дирамӣ гирифта, аз ин [маҷмӯъ] ҳабб бисозанд ва онро бо оби тухмиҳо ба бемор биошомонанд. [Низ] доруҳои пеш ёдкардаамонро [бояд ба кор бурд]. Мо ба Қарободин андар ин бобат якчанд хуқнаро ёд кардаем.
Яке аз доруҳои андар бинӣ афканданӣ фишурдаҳоест, ки андар бинӣ биафкананд. Мисоли онҳо фишурдаи хиёри даштӣ, фишурдаи барги сипандон, фишурдаи фаросиюн ва фишурдаи артанисост: [фишурдаи артанисоро] чунонки ҳаст, бигиранд ва ё [артанисоро] пора-пора карда, як шаб андар шири зан тар кунанд, сипас онро рӯзи дигар фишурда, обашро бигиранд ва нимгарм карда, андар бинӣ бичаконанд. Ё фишурдаи бехи бедаро гирифта, андар он андак шакар ҳамроҳ кунанд ва бо занбақ сабук биҷӯшонанд ва сипас андар бинӣ бичаконанд. Ё фишурдаи турберо ба кор баранд, ки бо баргаш кӯфта бошанд. Яке аз фишурдаҳое, ки сахт гарм нестанд, фишурдаи чугундар мебошад. Аз фишурдаҳои сард фишурдаи ҳамешабаҳор ва фишурдаи асфиюши рудӣ46 ба шумор бираванд. Агар худи сиркоро бемор андаруни ҳавзи гармоба нишаста, бар бинӣ бикашад ва як соат нигоҳ дорад, чи дармони хубе хоҳад буд. Агар андар [сирко] сиёҳдонаро як шабу як рӯз тар карда, сипас биполанд ва бар бинӣ бикашанд ва ё онро танҳо ё омехта бӯй кашанд низ ҳамчунин бувад. Ба ғайр аз фишурдаҳо чаҳоряк дирам мавизакро гирифта, бисованд ва андар оби кашниз ва равғани бодом, ки аз ҳар ду ба миқдори баробар даҳ дирам гирифта бошанд, бигудозанд ва ҳангоме андар бинии бемор биафкананд, ки ӯ андар обзан ва ё ҳавзи гармоба нишаста бошад. Гоҳе мумкин аст бо
он андаке саътари хушк ва андаке сиркои хамрӣ биомезанд.
Аммо худи чашмонро пайваста бо оби гул, оби кашниз ва барфоб бишӯянд. Таншӯяҳое, ки аз барои худовандони ярақон [хосанд], обҳое буванд, ки андар онҳо пари сиёвушон, дермана, марзангӯш, гесугуна, бобуна, хусусан бобунаи говчашм, хори хасак ва пари сиёвушонро47 ҷӯшонида бошанд ва шибит асли инҳо бувад. Гоҳе ба сабаби ярақони гарм андар онҳо турушаи турунҷ афкананд, зеро ин ба иллати ҳама гуна рангро буриданаш ниҳоят зудоянда бувад. [210] Баъзан аз ин чизҳо зимодҳо омода созанд ва гоҳе аз онҳо равғанҳо сохта равғанмолӣ кунанд. Масалан, равғани бобунаи говчашм, равғани бобуна, равғани шибит, инчунин равғани шираи басташудаи ангур ва равғани савсанро [ба кор баранд].
Ҳангоми ярақони буҳронӣ ҳар гоҳ иллат бикоҳад, бо ёрии таншӯяҳо ва доруҳои пешобтозонандаи поксозанда оҳанги муолаҷаи худи беморӣ кунанд. Гоҳе эҳтиёҷ ба исҳол набошад ва гоҳе мумкин аст як худи гармоба кифоят кунад. Ҳар гоҳ андар пешоб ва бирози чунин [беморон] камрангӣ мушоҳада кунӣ, бидон, ки моддаи онҳо ситабр аст ва бинобар он бо таншӯяҳо, доруҳои арақоваранда (409) ва ғайра муолаҷа карданро қавитар бисоз. Аммо илоҷи ярақони заҳрӣ тарёк ва масрудитус бувад, то ки инҳо бо заҳр бикӯшанд. Сипас мисли оби себи туруш, оби анор, фишурдаи коснӣ ва хурфа, луоби тухми аспғул, зиришк ва ҳамаи он чизеро биошоманд, ки ба изофаи хусусияти тарёкӣ хусусияти сардиоварӣ доранд. Нахуст бояд мизоҷро муьтадил сохт, сипас оҳанги муолаҷаи худи ярақон кард. Ҳангоми нав оғоз ёфтани он ва хусусан агар заҳр аз тариқи ошомидани шир [ворид шуда бошад], пайваста бо равғани бодом ошомидани шир санҷидашуда аст.
Бо ғизоҳо тадбир кардани чунин беморонро мо андар боби мизоҷи гарми [ҷигар], ки бидуни заъфи намоён ва судда падид омадааст, баён кардем. [Муолаҷаи] ярақони суддавӣ ва ба заъфи [ҷигар] вобастаро пеш аз ин аз чизе донистӣ, ки андар боби ҷигар гуфта шуд. Ғизои худовандони ярақон чизҳои сабуку латифи дорои хусусияти суддакушоӣ мебошанд. Оби шӯрбои моҳӣ хусусан бо чизҳои пешобтозонанда ва латифсозандае, ки мо онҳоро андар охири бобҳо ёд хоҳем кард, аз барои эшон судманд аст.
Фасли ҳафтум андар баёни гунаҳои дармони ярақони сиёҳ ва бо ҳам ҷамъ шудани ду ярақон
Аз ҷумла ҳангоми ярақони испурчӣ бояд нигарист, ки андар ин миён пурии хунии зиёд ҷой дорад, ё не. [Агар чунин бошад], раги босалиқи чап ва баъди он раги усайлимро бизананд, сипас ба [муолаҷаи] испурч ва ислоҳи судда, омос ва заъфи он бипардозанд. Агар сабаб бисёрии савдое бошад, ки ба сабаби қувваҳо ва ғизоҳои зояндаи он вобаста бувад, чунонки гуфтем, истифроғи ин низ бо ёрии доруҳои онро истифроғкунанда воҷиб аст.
Аз ҷумлаи ин [доруҳо] ҷӯшонидаи сақулуфандариюн бо харбақ, ки андар Қарободин ёд шудааст ва бо он якчанд бор истифроғи [савдо] кунанд ва матбухи афитимуне ба шумор бираванд, ки ба сифати зерин аст: аз ҳар кадоми ҳалилаи сиёҳ ва [ҳалилаи] кобулӣ даҳ [дирамӣ], аз шоҳтара, сақулуфандариюн, баспоя ва шукуфаи кабар панҷ [дирамӣ], аз бехи карафс ва бодиён як мушт ва аз харбақи сиёҳ ду дирам гирифта, ҳамаро андар се ратл об то чаҳоряк расидани он биҷӯшонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор