Қонуни тиб

Ҳамчунин хуқнае хуб аст, ки андар таркиби он доруҳои мазкур изофа кунанд. Як нусхаи хубе аз барои ин гуна [ярақон]: Як дирамсанг сабр,43 чаҳоряки як дирамсанг маҳмуда, ду севвуми як дирам ғориқун ва се дирам фишурдаи алафи гулӯдардро гирифта, бо оби коснӣ аз онҳо ҳаббҳо созанд ва аз он ба қадри як дирам биошоманд. Инро як чанд бор такрор кунанд.
Ҳар гоҳ ярақони суддавӣ доманадор бигардад, зуд ба истеъмоли доруи куркум, тарёк ва монанди онҳо пардозанд, то ки суддаро ба ситам бикушоянд. Ҳамчунин доруи локро ҳам [ба кор баранд]. Агар баробари судда таб вуҷуд дошта бошад, қатаф сахт хуб аст, зеро он суддакушояндаи [гарми]хомӯшкунанда бувад. [209] Бехи коҳуи обӣ низ чунин буда, ба қадри ду дирамсанг аз он бо ангубин ба кор баранд. Оби зарпечак ва коснии талх бо пулакҳои хиёршанбар ва равғани бодоми талх ва ё ширин низ ҳамин гуна бувад. Аз миёни дармонҳои ярақоние, ки ба муолаҷаи худи беморӣ ва ҳал намудани он равона карда шаванд ва дорои хусусияти суддакушоӣ ва дигар судмандиҳоянд, бархе доруҳои ошомиданӣ, бархе таншӯяҳо, бархеи дигар доруҳои андар бинӣ афкандашавандаеанд, ки (407) бештари судмандиҳои онҳо ба чашм ва рӯй бирасад. Бархе аз онҳо тадбири ҳамагонӣ, масалан, думодум ба кор бурдани гармоба бувад. Мадори [муолаҷа] бар ин ва бар тадбире асос ёфтааст, ки ба ҳамин равиш буда, аз қабили ба кор бурдани обзани дорои обҳои қавии поксозанда мебошад. [Беморро] агар пешоб ояд, андаруни обзан пешоб кунад, зеро ин [низ] дармон бувад. Ҳар гоҳ аз гармоба барояд, худро бо ҷома бипечад, то ки сардӣ ба ӯ осеб нарасонад ва ҳамин гуна печида бихобад.
Аммо он чи ки ғайри гармоба буда, ба кор бурдани он мисли ба кор бурдани доруст, дармонҳоест, ки ярақонро аз пӯст берун созанд. Доруҳое, ки онро берун созанд, ё бо исҳол, ё ба сахт пешоб тозондан ва ё бо арақ овардан [онро берун кунанд]. Беҳтарини арақоӣ онест, ки баъди варзиш, мондагӣ, ташнагӣ ва хусусан ҳангоме бошад, ки чизи арақоваранда шароб бувад ва баъд аз гармоба [арақ] кардан низ ҳамин гуна аст.
Ҳар кӣ агар ярақонашро аз тариқи таҳлил муолаҷа кардан бихоҳад, сардӣ ва боди шимолӣ ӯро зиён хоҳад расонд, магар муродаш ба доруи гарм муқовамат намуда, онро ҷамъ кардан бошад, чунонки ба бемор мурч бидиҳанд ва сипас ӯро андар оби сард нишонанд. Гуфтаанд, ки худовандони ярақонро нигаристан ба чизҳои зард суд бахшад, зеро ин кор табиатро барои рондани тамоми моддаи сафровӣ ба сӯи пӯст ба ҷунбиш оварад ва бад-ин восита мушкили муолаҷаро сабук созад. Ман на аз ҷумлаи касонеам, ки ин гуна муолаҷаҳоро ба таври инкори бисёр касони андар ин бобат фалсафатарош инкор кунанд. Яке аз доруҳои ошомидании маъруф доруи зерин аст: ба бемор ҳангоми андар обзан будан ду уқия фишурдаи турбро бо ним дирам бура ва як уқия тило бидиҳанд. Ин бидуни таъхир зардиро аз бемор берун кунад. Инчунин: як даста ҳалюн ва як каф нахӯдро андар ҷогаҳи сафолин бо панҷ қист об биҷӯшонанд. Аз он,
агар таб набошад, бо шароб ва агар таб бошад, танҳо ба бемор бидиҳанд. Сипас чун [беморро] андар обзани обе бинишонанд, ки андар он пари сиёвушон ҷӯшонида бошанд, зардӣ аз ӯ берун шавад. Доруи дагар: ба қадри ду дирам шукуфаи натрунро бо шароби куҳан андар зери осмони кушод як шаб биниҳанд ва онро ба бемор дода, он гоҳ гармобаеро ба кор баранд, ки гуфта шуд.
Ё ба бемор исқили кабобкардаро бо шаш бахш намаки бирёнкарда бидиҳанд. Як ошомиданӣ аз он ду фаланҷор ва бар ношито бошад. Ё ба бемор ду дирам гӯгирди дарёиро44 бар хояи нимбиришт пошида бидиҳанд, то дам кашад. Ё чаҳор дирам пӯсти анор ва ду дирам зирнихро якҷоя карда, аз маҷмӯи ҳар ду ба андозаи бардошти нарангушт45 гирифта, бо се уқия шири хар [ба бемор] бидиҳанд. Ё ба қадри ду дирам ва ё бештар аз он ҳулбаро бо оби ангубин [ба бемор] бидиҳанд ва ӯро андар обзани оби сард бинишонанд. Ё пари сиёвушонро кӯфта, ба қадри чаҳор дирам аз онро бо обе [истеъмол кунанд], ки андар он анисун ҷӯшонида бошанд. Ё фишурдаи турушаро бо андаке аз шароб, ё чаҳор дирам саргини сафеди бидуни сиёҳӣ будаи сагеро, ки устухон хӯрда бошад, бо ангубин, ё шаш дирам барги хушки чугундарро бо оби ангубин, ё саргини гӯспандро бо матбух ва ё ду уқия фишурдаи турбро бо ним дирам бура [ба кор баранд]. Ё чаҳор дирам пудинаи хушкро бо шароб омехта, ба кор баранд, ки ин се рӯз амал кунад. Ё як ратл нахӯди сиёҳ ва як каф пари сиёвушонро то рафтани сеяки [об] биҷӯшонанд ва аз он ду уқия ба бемор бидиҳанд. Ё ду уқия фишурдаи турб ва ё ду уқия шаробро [ба кор баранд]. Ё як ратл нахӯди сиёҳ ва аз ҳар кадоми донаи баласон, кундур ва бодиён як кафӣ гирифта, андар шаш қист об то сеяки он рафтан биҷӯшонанд ва аз он ду уқия биошоманд. Агар таб набошад, онро бо шароб биошоманд. Ё ба андозаи се ангушт аз дорчинӣ ва аз шаробу ангубин ва ё обу шароб нимгӣ гирифта, ба қадри якуним уқия аз онҳо [ба кор баранд]. Ё донаи маҳлаби муқашшарро гирифта, ба қадри ду дирам аз онро ба бемор бидиҳанд. Ё як дирам рӯянро андар хояи нимбиришт [ба кор баранд]. Ё ҳаждаҳ қирот аз аррамайдаи шохи гавазнро гирифта, бо шароби фурусотиқун ба бемор бидиҳанд. Ё чилғӯза, нонхоҳ ва мавизакро гирифта, андаке аз онҳо [ба бемор бидиҳанд]. Ё ба қадри як кафча мурчу саргини сафеди сагеро, ки устухон хӯрда бошад, бо шароб [ба бемор] биошомонанд. Ё чизҳои дарунии ҳанзалро партофта, онро бо шароб ва об пур кунанд ва биошоманд. Ё қадре аз талхаи хирсро бо шароб ба [бемор] бидиҳанд. Ё як ва сеяки як дирам шохи гавазн ва ду донг гӯгирдро гирифта, нахуст онҳоро ва сипас шароб биошоманд. Ё хусусан аз барои ярақони суддавӣ аз рованд, чойкаҳак, пари сиёвушон, кундуша ва рӯян (408) бахшҳои баробар бигиранд. Як ошомиданӣ аз онҳо як дирам бувад.
Доруҳои содае, ки андар ин боб бидароянд ва низ суддакушоянда буванд, афсинтин, анисун, асорун, ваҷ, рӯян, ҷентиёно, шохаҳои баласон, ғориқун, кундуша, гавзи сарв, қуст ва ҳар ду намуди зарованд буванд. Яке аз доруҳое, ки ёд кардаанд ва он таъсири сабук бирасонад, ин аст, ки [ба бемор] мағзи кабкро бо шароби холис би диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор