Қонуни тиб

Фасли нуҳум
андар баёни ташнагӣ
Гоҳе сабаби ташнагии зиёд ва шиддат ёфтани он меъда буда, ин мумкин аст ба гармии мизоҷи он ва хусусан даҳони он вобаста бошад. Ин гармӣ гоҳе ҳангоми афрӯхтагии табҳо рӯй дода, ҳатто бархе беморон пайваста об биошоманд, сер нашаванд ва ба ҷое бирасанд, ки аз ин беморӣ қариб бимиранд. Гоҳе дигар ин гармӣ ба сабаби бисёр ошомидани шароби куҳани қавӣ ва хӯрдани таоми билфеъл ниҳоят гарм ва ё чизҳои билқувва ниҳоят гарми аз қабили ангужад ва сир буда рӯй диҳад. Бисёр бошад, ки одамон аз ошомидани шароби куҳан ба сабаби афрӯхтагӣ, тоса ва ташнагӣ бимиранд. Ин гармӣ мумкин аст аз сабаби ошомидани обҳои шӯр падид ояд.
Обҳои дарё гоҳе ба андозае ташнагӣ афзоянд, ки [бо ҳеч чиз] наравад. Гоҳе [ташнагӣ] ба сабаби доруҳо ва ғизоҳои ташнагиоварандае ба амал ояд, ки аз тариқи шустану сайлон овардан ташнагӣ физоянд. Шусташавӣ ҳангоме ба амал ояд, ки масалан, чизи шӯр табиатро барои шустани худ аз тариқи равондан ва ё кандан водор кунад ва сайлон овардан ҳангоме бошад, ки масалан, чизи часпак табиатро ба ниҳоят тунук сохтани худ водор кунад, то ки гузашта равад ва начаспад. Мумкин аст чизи ситабр ба сабаби ба сӯи он ҷалб шудани гармӣ ташнагӣ оварад. Моҳии шӯр ҳамаи ин [хусусиятҳоро] дорост.
Ё мумкин аст [ташнагӣ] ба сабаби хушкии мизоҷи меъда бошад. Ин гоҳе ба балғами шӯр ва ё ширини андар он буда ва ё ба сафрои талх вобаста бувад. Гоҳе мумкин аст ба рутубатҳое вобаста бошад, ки биҷӯшанд ва гоҳи дигар мумкин аст ба анбозии дигар андомҳо ба амал ояд, чунонки ҳангоми зиёбетус, ки яке аз иллатҳои гурда аст, чунин бошад ва мо инро андар боби гурдаҳо ёд хоҳем кард.
Гоҳе ҳама гуна ташнагӣ ба сабаби суддаҳое ба амал ояд, ки миёни меъдаву ҷигар биафтанд ва обро ба сӯи тан гузаштан намонанд ва бар асари он, агарчи оби зиёд ҳам биошоманд, ташнагӣ нашиканад. Ин ташнагӣ мисли онест, ки ҳангоми истисқо ва қулинҷ ориз шавад.
Мумкин аст [ташнагӣ] ба анбозии ҷигар ҳангоме падид ояд, ки он ба таб гирифтор шавад, ё омос кунад ва ё сардияш шиддат ёфта, рутубатҳоро кашидан натавонад. Гоҳе мумкин аст ба анбозии шуш ҳангоме падид ояд, ки он гарм бигардад. Низ [ба анбозии] дил, ҳар гоҳ ки он гарм шавад ва инчунин [ба анбозии] рӯдаи тиҳӣ, сурхной, ғалсамаҳо ва дигар андомҳои бад-онҳо пайваста ҳангоме [ба амал ояд], ки рутубатҳои онҳо хушкида, онҳо фишурда шаванд ва ё ниҳоят битафсанд. [Ташнагӣ] мумкин аст ба сабаби бемориҳои мағз аз қабили сарсоми гарм, мониё ва қутруб падид ояд. Сахттарин ташнагие, ки ба сабаби ин андомҳо ва ба анбозии онҳо ба амал меояд, онест, ки аз даҳони меъда бархезад, сипас онест, ки аз сурхной бархезад ва баъд онест, ки аз қаъри меъда ояд. Баъд ташнагии ба анбозии шуш буда, сипас ташнагии ба анбозии ҷигар буда ва баъд аз он ташнагии ба анбозии рӯдаи тиҳӣ буда биистанд. Гоҳе ташнагӣ ба анбозии тамоми тан падид ояд, чунонки ҳангоми табҳо, ҳангоми ташнагифизоии буҳрон ва ҳангоми поён ёфтани бемориҳои диққ ва сил чунин бошад. Низ ҳамин гуна ташнагӣ ба сабаби газидагии ташнагиоварандаи морҳои афъӣ рӯй диҳад. Ҳар гоҳ мор бигазад, шахси осебдида пайваста об ошомида сер нашавад ва ба ҷое бирасад, ки бимирад. Инчунин, аз ошомидани шаробе, ки андар он мори афъӣ мурда бошад ва ё аз хӯрдани ҳамин гуна таом [чунин ҳол] ба амал ояд.
Гоҳе баъд аз истифроғ овардан бо доруҳои исҳоловаранда ва ҳангоми зараби беандоза сахт [ташнагӣ] ориз бигардад. Шахси доруи исҳол хӯрдаро аксар вақт ҳангоми амал намудани он ташнагӣ ба амал ояд ва набудани ташнагӣ андар бештари ҳолатҳо далели он аст, ки дору дерамалкунанда аст. Гоҳе мумкин аст [ташнагӣ] аз вақти муқаррарӣ дертар ба амал ояд ва низ мумкин аст пештар ориз шуда, амалиёти он пештар аз амалиёти дору сар шавад. Оне, ки пеш аз [дору] ба амал ояд, ё ба гармии дору, ё ба гармӣ ва хушкии меъда вобастагӣ дорад. Ба таъхир афтиданаш ба сабабҳои зидди инҳо алоқаманд аст. Бинобар он ташнагии касе, ки меъдааш гарми хушк буда, доруи гарм хӯрдааст, далели он нест, ки дору амал карда бошад, вале андар каси зидди ӯ буда далели он аст, ки дору кайҳо ба кор даромадааст.
Яке аз чизҳое, ки ташнагӣ биангезад, бисёр сухан гуфтан, варзиш кардан, мондагӣ ва аз паси ғизоҳои гарм хӯрдан хобидан аст, вале хоби на аз паси ғизоҳои гарм ташнагиро паст бикунад. Ҳар гоҳ ҳангоми бемориҳои тез ташнагии сахт бо хушкии зиёд якҷоя рӯй диҳанд, ин бадтарини нишонаҳо бувад.
Нишонаҳо: Нишонаи ташнагиеро, ки ба сабаби мизоҷҳост, метавон аз он бобҳои овардашудае дарёфт, ки ҷомеи мизоҷҳои чи бо модда ва чи бе модда буда, моддаҳо талх, ё шӯри бурагӣ, ё ширин ва ё бо ҷӯшиши худ озордиҳанда буванд. (321) Нишонаи ташнагии ба сабаби суддаҳо ба амал оянда ин аст, ки нармии табиат аз он гувоҳӣ диҳад. Аммо нишонаи ташнагии аз зиёбетус баамаломада ин аст, ки чунин ташнагӣ бо ошомидани об фурӯ нанишинад, балки ҳар бор ки об биошоманд, эҳтиёҷ ба пешоб кардан афтида, ташнагӣ дубора боз ояд. Ҳамин тариқ ташнагию тохтани пешоб ёри якдигар буда, ба таври даврӣ ҷои якдигарро иваз кунанд. Нишонаи ташнагие, ки ба сабабҳои ташнагиоварандаи ёдшуда вобаста аст, пеш омадани он сабабҳо мебошад.
Нишонаи он ташнагие, ки ба анбозии [дигар андомҳост, бад-ин гуна бувад]: Ташнагие, ки ба анбозии шушу дил аст, насими сард онро фурӯ нишонад. Бехобӣ аз барои он судманд буда, вале хоб афзоишаш бидиҳад.
Гоҳе кам-кам макидани об аз якбора ва бисёр ошомидани он дида, ташнагиро бештар паст кунад, балки мумкин аст ба якборагӣ фурӯ бурдан мушакҳоро афсурда кунад ва сипас онҳоро тафсонда, ташнагиро дучандон биафзояд. Кӯшиши аз худ дур кардани ташнагӣ ташнагиро афзоиш хоҳад дод ва он чи ки андар оғоз судманд буд, дигар суд набахшад. Ташнагие, ки аз хушкидани сурхной бархезад, андак ва заиф бувад ва хоб бо ёрии дарунро тарифизоӣ кардани худ, осудагӣ ва тарки сухан намудан онро суд бахшанд. Агар ташнагӣ аз гармӣ бархоста бошад, бехобӣ кашидан онро бартараф кунад. Бар ташнагии ба анбозии ҷигар буда аз тариқи шинохтани ҳолатҳои ҷигар аз қабили мизоҷи гарму хушк ва омосҳои гарму ғайри гарми он метавон огоҳӣ ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор