Қонуни тиб

Ҳангоми оне, ки ба сабаби балғами туруш аст, бояд худованди он чизҳое бихӯрад, ки андар онҳо саътар, хардал ва мурч афканда бошанд. Бояд ба ӯ ангубин, сир, пиёз, гавз, бодом, чизҳои равғанӣ ва аз пиҳҳо, масалан, пиҳи мурғ ва ғайра бидиҳанд. Ғараз аз баъзеи инҳо гармӣ овардан аст ва ин баъзе доруҳои гарми ёдшуда буванд ва мурод аз бархеи дигари онҳо муътадил сохтани турушист ва ин бархе ғизоҳои равғанноки ёдшуда буванд.
Ҳар кӣ агар қавӣ буда, ба исҳол бардошт қунад, баъд аз истеъмоли ин чизҳои латифкунанда бо ёрае ӯро исҳол оваранд, ки бо чизҳои лозима қавӣ гардонида шудааст ва сипас ба ӯ пиҳҳо бидиҳанд. Кӯдаконро ҳар гоҳ ки бо пиёзу сир барин чизҳо ва бо ғизоҳои латифсозанда латифӣ оваранд, бояд баъд аз тадбир кардан бо чизҳои латифиоваранда пайваста ба эшон оби гарм бидиҳанд, зеро ин хилтҳои эшонро бишӯяд.
Ҳангоми оне, ки ба сабаби савдост, пайваста рост биистанд ва гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ ба задани босалиқи чап биафтад, зеро агар хуни эшон зиёд бошад, савдои зиёде ба сабаби бисёрӣ андар он таҳшин шавад ва испурч омосида бошад. Ҳангоми (319) истифроғ овардани эшон он чизеро ба кор баранд, ки андар «Қонун» муайян карда шудааст. Чунин [беморонро] аз чизҳои туруш ва чизҳои қабзкунанда дур бидоранд. Гоҳе эшонро бар испурч ниҳодани миҳҷама суд бахшад.
Аммо он намуд аз гуруснагии сагиеро, ки аз гармӣ бихезад, бо чизе муолаҷа кунанд, ки худ ҳамедонӣ, ба [худованди] он ғизоҳои латиф, хиёри дароз, харбуза, каду ва ғайра бидиҳанд ва аз ҳавои гарм дураш бидоранд.
Фасли ҳафтум андар баёни гуруснагие, ки «булимус»
ном дорад
«Булимус» ҳамонест, ки бо «говгуруснагӣ» маъруф аст ва аксар вақт пеш аз он гуруснагии сагӣ ба амал ояд ва баъдаш иштиҳо бекор шавад. Гоҳе на баъди [гуруснагии сагӣ], балки аслан аз оғоз иштиҳо биравад. [Булимус] гурусна мондани андомҳо ва баробари он сер будани меъда аст. Бинобар он андомҳо сахт гурусна буда, эҳтиёҷ ба ғизо доранд, вале меъда аз он безор аст. Гоҳе мумкин аст чунин ҳол то ба дараҷаи беҳушӣ бирасад ва рагҳо холӣ бигарданд. Ин бисёр вақт мусофиронеро рӯй диҳад, ки ҳангоми сармо сафар кунанд ва эшонро хунук гирифта, меъдаҳояшон ба сабаби сармои зиёд фишурда шаванд.
Сабаби ин бадмизоҷиест, ки қувваи ҳис ва қувваи кашандаро бикушад. Гоҳе аз сабаби хилтҳое ба амал ояд, ки рӯи даҳони меъдаро пӯшидаанд ва андар лифи он паҳн гардида, онро барои рондан ба ҷунбиш оваранд ва аз кашидан боз доранд. Нишонаҳои инро аз он чи ки бароят такрор карда шаванд ва аз он чи ки андар «Қонун» ёд шудааст, метавонӣ бидонӣ.
Илоҷ: Илоҷи ин асосан айни илоҷи афтидагии иштиҳост. Умуман, бояд [ба бемор] таомҳои иштиҳоовар ва хушбӯиафканда, меваҳои хушбӯй ва хушбӯиҳои каме қабзкунанда бибӯёнанд, то ки қувват ҷамъ шавад ва ҳал нагардад. Ба чунин [беморон] аз нони андар хамри хушбӯй таркарда луқма диҳанд. Ба эшон набизи райҳонӣ ва хусусан барои гарммизоҷон набизи омехта бо кофур ва ё барои ғайри онҳо омехта бо уд ва сукк биошомонанд ва ё як қултӣ бидиҳанд. Аз ин беморӣ ба шарте ки сабабаш гармӣ набошад, шароби савсан судманд аст. Бояд дасту пойҳои чунин [беморон] сахт бандпеч карда шаванд, онҳоро хоб рафтан нагузоранд ва ҳар гоҳ ки беҳуш шаванд, эшонро бо дарафшу анбӯр дард диҳанд ва бо химчаи борики нарм бизананд, то ки ба дард оварад, вале маҷрӯҳ насозад. [Ин корро ҳангоме кунанд], ки агар беморӣ ба сабаби гармӣ набошад. Яке аз чизҳои барои эшон судманд ин аст, ки нони кокро гирифта, андар майсавсан ва ё андар доруҳои пазонандаи атрии хушбӯй тар карда, бо он хусусан ҳангоми аз ҳуш рафтан бар меъда зимод кунанд. Инчунин бо он ва бо марҳамҳои хушбӯе аз қабили марҳами санавбар ва марҳами мурдисфарам гармибандӣ созанд. Агар бар меъдаҳои эшон зимодҳои аз доруҳои қалбии хушбӯй сохташуда зимод ниҳанд, низ судманд бувад. Низ бояд бо бахурҳои анбарӣ бахур қунанд ва пайвандгоҳҳои эшонро зимоде бимоланд, ки аз оби гул, оби мурд, майсавсан, кофур, мушк, заъфарон, уд, сукк ва гул сохта бошанд. [164] Агар сабаб сардӣ бошад, ба тадбири гарм сохтани тани эшон ва агар сабаб гармӣ бошад, ба сардсозии он бипардозанд. Агар беҳуш шаванд, бо эшон низ он кореро кунанд, ки андар баёни ҳоли беҳушӣ ёд кардем: бар рӯяшон оби сард бипошанд, дасту пойҳояшонро бандпеч кунанд, бар кафи пояшон дарафш зананд ва аз мӯйҳову гӯшҳояшон бикашанд. Ҳар гоҳ ба ҳуш оянд, ба эшон нони андар шароби райҳонӣ таркарда бидиҳанд.
Агар андар меъдаи эшон хилти заҳравӣ ва ё тунук ҷой дошта бошад, ба эшон ду кафча сикангубинро бо як мисқол ёра ва ё агар заиф бошанд, бо камтар аз он биошомонанд. Агар сардии беандоза ҷой дошта бошад, ба эшон тарёк, саҷазаниё, даҳмарсо, маъҷуни устумахиқун ва гувориши тухмиҳо бидиҳанд.
Фасли ҳаштум андар баёни гуруснагии беҳушиоваранда
Навъе аз гуруснагиро «гуруснагии беҳушиоваранда» номанд ва он чунин гуруснагиест, ки худованди он ҳар гоҳ гурусна бимонад, худро нигоҳ доштан натавонад ва агар таом дертар ояд, беҳуш шуда, қувваташ биафтад. Сабаби ин гармии қавӣ ва ниҳоят заиф будани даҳони меъда аст.
Илоҷ: Илоҷи ин беморӣ ба илоҷи булимус наздикӣ дорад ва аксари қонуни тадбири он андар боби дардҳои меъда ва булимус оварда шуд. Умуман, муолаҷаи он ба муолаҷаи худованди он андар ҳоли беҳушӣ, ки ин андар боби беҳушӣ ёд шуд ва ба муолаҷаи он ҳангоми бедорӣ тақсим шавад. [Бахши ахир] аз он иборат аст, ки ба бемор нони андар шароби сард ва шароби меваҳо таридкарда бидиҳанд ва сипас дигар тадбирҳои сардиоварандаи андар [боби] булимус ёдшударо ба кор баранд. (320) Ин ба изофаи он бахш аз тадбирҳоест, ки пеш аз [беҳушӣ] карда шаванд, яъне хоби бисёр рафтан нагузоранд, андар таом додани эшон таъхир накунанд, чизҳои билфеъл сард бидиҳанд ва дигар корҳоеро иҷро кунанд, ки андар боби дардҳои гарми меъда ёд шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор