Қонуни тиб

Ин гуна [иштиҳо] низ аз сабаби назлаҳои сар ба амал ояд, вале ин ба нудрат бувад. Гоҳе мумкин аст сабаб кирмҳо ва морҳои бузург бошанд, ки зуд ба чизҳои хӯрда дарафтида, онҳоро фурӯ баранд ва тану меъдаро гурусна бигузоранд. Гоҳе [иштиҳои сагӣ] ба сабаби хилте ба амал ояд, ки ё савдо ва ё балғами туруш буда, даҳони меъдаро хор-хор кунад ва ба вай он кореро кунад, ки аз кашидани рагҳои ғизоталаб чунин кор ба амал ояд. Хусусан агар хилт боиси фишурда шудани хун бигардад, андар даҳони рагҳо халое мисли халои кашанда [163] ҳис карда шавад.
Ба изофаи он хилти туруш бо бурандагию дибоғат додани худ хилтҳои часпакеро дур кунад, ки агар андар даҳони меъда ҷой дошта бошанд, иштиҳоро бигардонанд, зеро ҳангоми мавҷуд будани ин гуна хилтҳои часпак ҳаракат барои рондан қавитар аз ҳаракати кашанда хоҳад буд. Инчунин ҳаракати лифи меъда ба сӯи фишурдашавию дарҳам рафтане бештар бигардад, ки мисли он ҳангоми ҳаракати ғизокашии рагҳо ва ҳаракати қувваи кашанда рӯй диҳад. Он гуруснагии сагие, ки мусофиронро ҳангоми сармои сахт падид ояд, шояд ба ҳамин сабаб ва ба сабабҳои дигари ба ҳамин монанде вобастагӣ дошта бошад, ки ҳаракатдиҳандаи иштиҳоянд. Гуруснагии аз бехобӣ буда [низ ҳамчунин аст], ки ба сабаби ҳалшавӣ ва кашида шудани рутубатҳо ба зоҳири тан ба амал омада, тобеъ ба густариш ёфтани гармӣ ба сӯи берун бувад. Бидон, ки иштиҳои сагӣ аксар вақт боиси булимус, субот ва марг бигардад.
Нишонаҳо: Нишонаи он [иштиҳои сагие], ки аз паси истифроғҳо ва бемориҳои ҳалкунанда падид ояд, пеш аз ин вуҷуд доштани [сабабҳои мазкур] мебошад ва андар бештари ҳол табиат нарм набошад, зеро тан намиро ба худ аз ғизо бикашад ва бинобар ин бироз хушк бигардад.
Нишонаи оне, ки аз сабаби сардист, камии ташнагӣ, фузунии бироз, дамиш ва ҳамаи нишонаҳои ин мизоҷ бувад.
Низ яке аз нишонаҳои он сардии ҳавои иҳота карда бувад.
Нишонаи оне, ки аз гармист, ин аст, ки ташнагӣ қавӣ бошад, қаи туруш ба амал наояд, аксар вақт табиат баста бошад ва низ дигар нишонаҳои ин мизоҷ дида шаванд. Нишонаи оне, ки аз нотавонии қувваи нигоҳдорандаи тамоми тан ва ё меъда падид омадааст, ба миқдори зиёд берун омадани бирози хом, боиси зараб шудани ин ҳолат ва дигар нишонаҳои муносибу маълум бувад. Нишонаи оне, ки аз сабаби бисёрии ҳалшавист, он сабабҳои ҳалшавиест, ки пеш аз ин андар Китоби нахустин ёд карда шуданд360 ва [дигар нишона] он бошад, ки гуворишро ҳеҷ офате нарасида бошад. Аз ҷумлаи ин нишонаҳои сабабӣ гармии ҳавои иҳотакарда, бехобӣ ва ғайра мебошанд. Нишонаи оне, ки аз сабаби хилти туруш ва ё аз сабаби савдост, кам хостани об, турушии оруғ ва дигар (318) нишонаҳои муносибу маълуманд. Нишонаҳои назлаҳои сар он чизҳоеанд, ки андар боби муносиби он ёд кардем. Нишонаи кирмҳо он чизест, ки андар ҷои хеш дониста шуд ва низ он чизе бошад, ки андар боби [кирмҳо] ёд хоҳем кард.
Илоҷ: Он [иштиҳои сагие], ки аз сабаби сардӣ ва бисёрии балғам аст, бояд бо поксозии маъруфи ёдшуда, бо чизҳои гармиоварандаи ёдшуда ва шароби зиёде муолаҷа карда шавад, ки на тунд ва на туруш буда, аз он иштиҳо ояд. Ин [шаробро] гарм карда, ношито бидиҳанд.
Вай аз барои чунин [беморон] судмандтарин илоҷ бувад, вале агар эшонро исҳол бошад, бояд аз ҳамаи намудҳои шароб парҳез кунанд, зеро шароби қабзкунанда иштиҳои сагиро ва талхи он исҳолро биафзоянд. Ғизое, ки ба эшон ҳамедиҳанд, бояд бо равғани гарммизоҷ равғанӣ бошад, чунонки [таомро] бо пиҳи гарммизоҷи кӯҳони шутур равғанӣ кунанд. Равғани зайтун агар турушию тундӣ надошта бошад, аз барои эшон судманд аст. Ҷузобот (гӯдобҳо; гӯдоб: навъе аз палав) низ судманданд. Яке аз чизҳое, ки бояд баъд аз таом ба эшон бидиҳанд, зардии хояи ниҳоят бирёнкарда аст. Бояд ин гуна [беморонро] аз чизи туруш ва тунд дур бидоранд ва аз барои эшон, хусусан агар ба исҳол гирифтор бошанд, гуворишҳои хушбӯе чун гувориши хузистонӣ ва гувориши нормушкро ба кор баранд. Яке аз доруҳои молидании барои эшон судманд мушк ва лозан аст. Барои чунин [беморон] як чанд рӯз ношито додани сақиздона санҷидашуда аст.
Он [иштиҳои сагие], ки аз сабаби нотавонии қувваи нигоҳдоранда ба амал ояд, бад-ин гуна аст, ки ҳарчанд андар бештари ҳолатҳо ин [қувва] ба сабаби сардӣ заиф бигардад, вале гоҳе ин ва ҳар гуна қувваи дигар мумкин аст ба сабаби ҳар гуна бадмизоҷӣ нотавон шаванд ва ба гуфтаи касе, ки инкор мекунад ва ғалат мешуморад, эътибор надеҳ, балки бояд мизоҷро шинохт ва бо илоҷи зидди он ба муқобала бархост. Аксар вақт чунин [иштиҳои сагӣ] бо рутубат бувад. Ин гуна [беморонро гувориши] хузистонӣ ниҳоят судманд аст. Агар табиати эшон сахт кушода бошад, онро бибанд, зеро бастани он аз барои ин дард илоҷи қавӣ ба шумор биравад. Ҳар киро ин [беморӣ] аз паси табҳо ва истифроғҳо ориз шуда бошад, бояд ба ӯ ғизоҳое аз қабили чизҳои равғанӣ дода шавад, ки даҳони меъдаро пок кунанд ва бадгувор набошанд, чунонки равғани бодом бо шакар ҳамин гуна бувад ва бояд зоҳири тани эшон фишурда гардонида шавад. Низ илоҷи оне, ки ба сабаби ҳалшавии зиёд ба амал ояд, ҳамчунин бувад. Ба худованди ин гуна гуруснагии сагӣ бояд ғизоҳои гармиоваранда ва шаробҳо дода нашаванд, балки ба эшон аз таомҳои сард ғизо диҳанд ва аз берун чизҳои масомҳоро банданда, масалан, равғани мӯрд, хусусан ба шакли мумравған ва масалан, замчи андар сирко гудохтаро тило кунанд. Агар ягон монеа набошад, бо оби сард ғусл кардан фармоянд. Ғизоҳои эшон бояд сарди часпак ва ситабр буда, аз қабили шикамбаҳо, чизҳои андар сирко хобонда, ғизоҳои турушгардонида, чизҳои басташуда (маъқудот) ва нони фатир бошанд. Баробари аз ин тадбир суд ёфтан ба тадриҷ кам-кам аз он даст кашанд ва зиёни онро бартараф кунанд. Ҳар киро сабаби гуруснагии сагияш ковокии тан бошад, низ бояд чунин кунад.
Аммо оне, ки ба сабаби кирмҳо ва морҳост, бояд онҳоро бо он чи ки андар боби кирмҳо ёд шуд, бикушанд ва берун оранд, ғизоҳои ситабри сард, нони андар оби сард ва ё оби гул таркарда, гӯшти на то ба дараҷаи сахт нарм шудан пухтаи хурӯс, мокиён ва моҳӣ бихӯранд ва меваҳои қабзкунанда ба кор баранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор