Қонуни тиб

Гоҳе чунин ҳол ба сабаби фазлаҳо мардонро низ ориз бигардад.
Илоҷи табоҳии иштиҳо: Бояд хилти муҷиби иштиҳои фосидбударо бо доруҳое истифроғ кард, ки мо ёд кардем ва истеъмоли онҳо воҷиб аст. Яке аз тадбирҳои (316) аз барои ин ғараз санҷидашуда ин аст, ки моҳии намакин ва турби андар сикангубин таркардаро гирифта, бихӯранд ва сипас аз болои онҳо обе биошоманд, ки андар он лӯбиёи сурх, намак, шибит, сипандон ва тухми индов ҷӯшонида бошанд. Гоҳе андар он се дирам гиле афкананд, ки андар заъфарон ҷой дорад ва сипас бо ёрии он қай оваранд ва ин корро андар моҳе як-ду бор такрор кунанд. Сипас маъҷуни ҳалиларо бо гавзгандум ба кор баранд. Яке аз чизҳое, ки аз барои ин нофеъ аст, зираи кирмонӣ ва нонхоҳро ношито ва баъди таом бихоянд ва низ ҳамчун хока бихӯранд. Ё як дирам қоқулаи хурд, баробари он қоқулаи бузург, як баробар кабоба ва якчанди ҳамаи онҳо шакари табарзадро бигиранд ва инро ҳар рӯз ба кор баранд. Яке аз доруҳои мураккаби бо ҷафти булут сохташудаи судманд, масалан, доруест, ки нусхааш чунин аст: ҳашт дирам ҷафти булут, шонздаҳ дирам сабр, шаш дирам алафи гулӯдард, чаҳор дирам бехи гӯргиё ва ду дирам мурро гирифта, ҳамаро хурд кунанд ва андар ду ратл об то ним шудан биҷӯшонанд. Се рӯз пайдарпай ҳар рӯзе се ратлӣ аз он ба бемор бидиҳанд. Инчунин ду дирам ҷафти булут, се дирам анисун, ҳафт дирам мавиз, панҷ дирамӣ аз ҳалилаи сиёҳ, балила ва омула ва даҳ дирам аз рими оҳане, ки як чанд бор бар тоба бирён карда, андар сиркои тез тар карда бошанд, гирифта, бо ҳашт уқия шароби тунд ва ҳашт уқия об то ним шудан биҷӯшонанд ва ҳафт рӯз ношито аз он биошомонанд. Аммо иштиҳои ба гил бударо илоҷаш ин аст, ки хилти муҷиби ин бударо аз роҳи қай овардан бо василаи аз барои ин гуна ҳолат маълум, яъне масалан, бо ёрии найе истифроғ кунанд, ки баъди хӯрдани моҳии шӯр бо оби лӯбиё, шибит ва турб ба амал ояд ва низ бо чизи аз ин ҳам қавитар [метавон истифроғ кард]. Агар ба исҳол низ эҳтиёҷ бошад, чунин кунанд. Аз ҷумла бо ёрии турбид, донаи баранг ва намаки нафтӣ истифроғ оранд.
Ин хусусан ҳангоми кирм будан судманд аст. Сипас, баъди он доруҳои аз рими [маъданӣ] сохташуда ва дигар чизҳоеро ба кор баранд, ки андар Қарободин ёд шудаанд.
Бояд аз мастако, зира ва нонхоҳ сақиз сохта, онро бихоянд ва аз ҳар ду навъи қоқула як дирамӣ ва аз шакари табарзад як чанди ҳар ду гирифта, ношито [бихӯранд] ва аз болояш чандин бор оби нимгармро кам-кам дам кашанд.
Яке аз доруҳои аз барои чунин беморон санҷидашуда маъҷуни зерин аст: аз ҳар кадоми ҳалила, балила, омула, гавзгандум, мастако, қоқулаи бузург, нонхоҳ ва занҷабил ба миқдоре бигир, ки мувофиқи қонунҳои ҳамагонии онҳо буда, ин қонунҳоро худ ҳамедонӣ ва ин миқдорро муносиби мизоҷ ва иллат ҳамебинӣ. Сипас онҳоро бо ангубин маъҷун сохта, пеш ва баъд аз таом ба қадри як ҷавза биошоманд. Яке аз тадбирҳои андар ин ҳолат хуб ин аст, ки худованди онро қай кунонда, мизоҷи меъдаашро дуруст кунанд. Сипас гили хубро гирифта, андар об ҳал кунанд ва андар он аз доруҳои қайоваранда доруеро биниҳанд, ки таъмаш зоҳир набошад. Баъд андар он ба андозае намак
бипошанд, ки хушаш бисозад ва сипас онро хушконида, офтоб диҳанд. Онро ба каси хоҳони гил бидиҳанд ва бояд аз он ба андозае бихӯрад, ки доруи андар он буда аз андозаи як ва ё яку ним ошомиданӣ беш набошад. Баробари хӯрдани он [бемор] қай кунад. Хусусан, агар мисли каранб ва ғайра ягон чизи бадқай бошад, [бемор] гилро бад медидагӣ хоҳад шуд. Бархе аз [пизишкон] ҷунин тасдиқ кунанд, ки беҳтарин чизе, ки Худой аз барои рондани гилхоҳӣ офаридааст, ин аст, ки ба бемор ношито ҷӯҷаи бирён бихӯронанд ва баъд аз таом аз он андак-андак нуқли бемор кунанд. Аз нонхоҳ ва инчунин аз бодоми талх нуқл кардан сахт аҷиб аст. Бархе чунин даъво кардаанд, ки як сукарраҷа шира ошомидан чунин [иштиҳоро] бибурад.
Андар ин кор бояд бар таҷриба такя кард, на бар қиёс.
Яке аз чизҳое, ки барои чунин [беморон] суд бахшад ва низ ҷои гил бигирад, [хоидани] гавзгандум ва макидани ягон чизи намакин ва ҳатто сангпора мебошад. Нашостаи гандум ва хусусан намакзадаи он санҷидашуда аст.
Яке аз чизҳои барои эшон санҷидашуда [доруи зерин аст]: ҳашт уқия набизи тундро гирифта, то ним ратл мондан биҷӯшонанд ва онро полида, як ҳафта ношито [ба бемор] бидиҳанд. Аз ҷумлаи чизҳое, ки бояд аз онҳо нуқл бигиранд, писта, мавиз, шоҳбулут ва кишмиш буванд. Аз барои бархе аз чунин [беморон] хӯрдани зирабоҳое санҷидашудаанд, ки андар онҳо моҳии хурд, пиёз, каравиё, равғани зайтуни шусташуда ва аз дегафзорҳо мисли мурч ва занҷабил афканда бошанд. (317) Гуфтаанд, ки судоб аз барои ин [ғараз] сахт судманд аст. Тадбири касеро, ки турушию тезӣ бихоҳад, на ширинию равғанӣ, андар ғайри ин ҷой ёд кардем ва қай намуданро маслаҳат додем.
[Инро бояд] аз он ҷой [дарёфт].
Фасли шашум андар баёни гуруснагӣ, шиддат ёфтани он ва андар баёни иштиҳои сагӣ
Аксар вақт ин иштиҳои сагӣ аз паси истифроғҳо ва табҳои дер давомкунандае падид ояд, ки боиси ҳал шудани
[ғизои] тан бигарданд. Гоҳе ин ба сабаби нотавон шудани қувваи нигоҳдорандаи андар тан буда ба амал ояд, ки
андар он ҳангом пайваста таҳлили берун аз андоза ҷой
дошта бошад ва пайваста ниёзмандӣ ба ҳарчи бештар пур
кардани ҷои он давом кунад. Гоҳе иштиҳои сагӣ ба сабаби гармии беандозаи даҳони меъдае ориз бигардад, ки
он ба таҳлил рафта, тақозои бадал кунад ва даҳони меъда
тавре бигардад, ки гӯё гурусна аст. Ин ба аксари ҳолат
ташнагӣ оварад ва баъзан агар ҳалшавандагияш ба ифрот
бошад, боиси гуруснагӣ бигардад. Гуруснагиоваранда
андар бештари ҳолатҳо беандоза будани гармии тамоми
тан ва андомҳои атроф аст. Гармӣ ҳар гоҳ агар танҳо хосси даҳони меъда бошад, иштиҳои об ва моеъҳои тариоварандаро ба амал оварад, вале агар бар тан фармонраво
бигардад, [ғизоро] ҳал кунад ва рагҳоро маҷбур созад, ки
яке аз паси дигар пайдарпай ғизо кашида, ин [ғизокашӣ]
ба тақозои умум то ба даҳони меъда омада бирасад. Гоҳе
мумкин аст ин гармӣ аз он сабаб аз берун бирасад, ки ҳавои гарм ҳар гоҳ танро ковок дарёбад, ҳамаи онро фаро
бигирад ва тан ба ҳалсозандагии он тобеъ шуда, пайваста
муҳтоҷи бадал бошад. Агар андар тан гармии дарунии па зонандаи ҳалкунанда ҷой дошта бошад ва хусусан агар ба изофаи он гармии беруна ҳам бошад ва ё нотавонии қувваи нигоҳдоранда ёварӣ кунад, як худи ковокии зиёди тан метавонад сабаби падид омадани [иштиҳои сагӣ] бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор