Қонуни тиб

Илоҷҳо: Ҳар як намуди сабабҳоро бо чизи зидди онҳо муолаҷа кунанд. Ташнагии шушро бо насим муолаҷа кунанд. Бисёр вақт бар забон рехтани оби сард ташнагиро фурӯ нишонад. Ҳар кӣ ҳангоми рӯзадорӣ бими ташнагӣ дошта бошад, ба ҷои оби боқилӣ ва оби нахӯд сирко бо равғани зайтун биошомад ва аз оби боқилӣ ва нахӯд дурӣ ҷӯяд, зеро ин ду ташнагифизояндаанд. Каси истифроғ карда бояд то қавӣ шудани гуворишаш бар ташнагии аз истифроғ падидомада сабр кунад. Каси ташна набояд якбора шароби зиёд ва на низ оби ниҳоят сард биошомад, зеро аз ин гармии пастшудае, ки онро ташнагӣ заиф кардааст, бимирад. Қай гоҳе ташнагӣ оварад ва онро шароби себ бо оби гул фурӯ хоҳад нишонд. Меъдаи гарми хушк ва инчунин меъдаи хилташ шӯрро оби
сард ташнагӣ афзояд, вале оби гарм бисёр бошад, ки ташнагии онро паст кунад. Ҳар гоҳ ташнагӣ шиддат ёбад ва таб набошад, бояд ба об андаке гулоб ҳамроҳ карда шавад, ки он обро то ба дуртарин андом бурда бирасонад.
Зимоди зерин аз барои кӯфтагӣ, садма ва бар меъда афтидан нофеъ аст: Себи шомии хушбӯеро бигиранд, ки бо матбух то ба андозаи нарм шудан ҷӯшонида бошанд ва сипас онро кӯфта нарм кунанд. Панҷоҳ дирам аз онро гирифта, бо даҳ [дирам] лозан, ҳашт [дирам] гул ва шаш [дирам] сабр омехта, ҳамаро бо фишурдаҳои [165] «забони барра» ва барги сарв ҷамъ созанд. Сипас бо он равғани савсан омехта, нимгарм кунанд ва якчанд рӯз бар шикам, яъне бар ҷое, ки меъда ҷойгир аст, бибанданд. Ин аз барои ҳамаи он [кӯфтхӯрдагиҳо] судманд бувад.
Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ ГУВОРИШ
ВА ОН ЧИ КИ ВОБАСТА БАД-ОН АСТ
Фасли нахустин
андар баёни офатҳои гувориш
Офати гувориш ё ба офате, ки андар бахшҳои фурӯсӯви меъда биафтад, ё ба сабаби андар ғизо ҷой дошта ва ё ба сабабе вобаста аст, ки ҳолати оромию ҳаракати танро ҷой дошта бошад. Оне, ки ба сабаби ҳолати меъда падид ояд, мумкин аст бадмизоҷӣ бошад. Қавитарини он бадмизоҷии сард ва заифтаринаш бадмизоҷии гарм бувад, зеро бадмизоҷии сард бештар аз бадмизоҷии гарм ба гувориш зиён бирасонад. Аммо бадмизоҷиҳои хушку тар аксар вақт ба дараҷае намерасанд, ки баробари муътадил будани ду кайфияти дигар андар гувориш зиёне ворид кунанд, вале агар хушкӣ лоғарӣ оварад ва тарӣ истисқо, [мумкин аст ба гувориш зиён бирасонанд]. Ҳол ба ҳангоми таъсири оромию хоб, чизҳои зидди инҳо ва он чи аз ҳукмҳои ғизо, ки бад-инҳо тобеъ аст, ба гунаи зерин бувад: ғизо оромию хоб тақозо кунад, то ки гувориш беҳ шавад. Агар ба ҷои онҳо ҳаракат ва ё бехобӣ ояд, гувориш тамомият нахоҳад ёфт. Ғизои гарон андар меъда муддати дароз боқӣ монда, сипас гуворида гардад, ё ногуворида бимонад ва ё кам гуворида гардад. Ғизои сабук агар гуворида нагардад, муддати дароз ногуворида боқӣ намонад, балки агар андар меъда чизи онро мегуворидагӣ набошад, зуд табаҳ бигардад.
Ғизо ё бо гувориш ёфтани пурра ба чизи лозимӣ табдил ёбад ва ё ба чизи лозимӣ то андозае табдил ёфта, андак (322) ва нопурра гуворида гардад. Андар ин ҳол тан аз он миқдор таоме, ки хӯрдани он мумкин аст, он миқдор ғизоеро, ки мавриди ниёзмандист, пайдо кардан натавонад ва бинобар ин лоғарӣ падид ояд. Ё мумкин аст тамоман гуворида нагардад ва ин бар ду рӯй бувад: вай ё бар ҳоли хеш бимонад ва ё ба гавҳари бегонаи табаҳшудае табдил ёбад. Ин гуна ҳол мумкин аст ҳангоми ҳар як гувориш ва ҳатто ҳангоми гуворишҳои севвуму чаҳорум ҷой дошта, бад-ин сабаб истисқо, саратон, намла, сурхбод, баҳак, песӣ
ва гар ориз бигарданд. Аз баҳри он ки хун ба тавре ки муносиби табиат бошад, напухта аст ва андомҳо онро кашида, ғизо накунанд ва он гандида бӯй бигирад ва ё агар онро бикашанд, хуб ҳамранги онҳо гардидан натавонад. Агар андар ин ҳол гаронӣ ва ё гармӣ ғолиб бошад, хун сиёҳ бигардад ва гоҳе бахши савдовии он мисли қир [сиёҳ] шавад. Агар меъда [ғизоро] тамоман хуб аз худ накунад, ҳол ба ҷое бирасад, ки рӯдаҳо лағжон шаванд ва ё боиси ба амал омадани истисқои таблӣ бигардад. Лекин кор ҳангоме то ба падид омадани истисқои таблӣ рафта бирасад, ки агар меъда бо бухор сохтани ғизо андар он таъсир дошта бошад, на бо ногуворидани худ.
Бидон, ки фасоди гувориш, сустии он ва умуман офати он агар аз модда (кадом моддае набошад, фарқ надорад) ориз шуда бошад, илоҷпазиртар аз онест, ки ба сабаби нотавонии қувват ва бадмизоҷии устуворгардида падид омада бошад.
Фасли дуввум андар баёни табоҳии гувориш
Таом андар меъда ба сабабҳое табаҳ бигардад, ки зидди
сабабҳои дуруст гардидани он буванд. Умуман, сабаби он
ё андар таом аст, ё андар пазирандаи таом аст ва ё андар
ҳолатҳои аразие, ки меъдаро ногаҳон рӯй диҳанд. Таом андар меъда ё ба сабаби камияти худ бад-ин гуна табаҳ гардад, ки беш аз он бошад, ки боистӣ ва бинобар он аз гуворидан камтар аз он андозае мутаассир бигардад, ки боистӣ
ва табаҳ шавад, ё камтар аз он андозае бошад, ки боистӣ ва
бинобар он аз гуворидан беш аз андозае мутаассир бигардад, ки боистӣ ва сӯхта хокистар шавад. Ба ҳамин наздик
ғизои латиф ҳам андар меъдаи гарми оташӣ табаҳ бигардад. [Таом] ё мумкин аст ба сабаби кайфият бад-ин гуна
[табаҳ шавад], ки мисли шири навдӯшида, харбуза ва шафтолу андар нафси худ зуд пазирои табаҳшавӣ бувад, ё мисли саморуғ ва гӯшти говмеш дер ислоҳ пазирад, ё ба сабаби гармияш, масалан, ангубин ва ё ба сабаби сардияш, масалан, каду кайфиятро ба ифрот бирасонад ва ё мумкин аст бо хосияти худ ва ё хосияти шахси хӯранда иштиҳоро барҳам занад, чунончи бархеҳоро табиат аз ягон таоме, ки агарчи сутуда аст ва ё барои дигарон дилкаш аст, рӯй бигардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор