Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мӯрддона ва инчунин кабари хушбӯйгардонида аз барои меъда судманданд. Аз тараҳо коҳу ва инчунин шоҳтара аз барои меъдае [суд дорад], ки моил ба гармист. Карафс суди ҳамагонӣ дорад. Наъно ва росани бо сирко парварда низ чунин буванд. Яке аз чизҳое, ки меъдаро бо хосияти худ созгор буда, низ аз барои сурхной мувофиқ аст, санги бо номи «яшб» маъруф аст: дар сурате ки ҳар гоҳ онро бар гардан то ҳадди расидан ба меъда дароз биовезанд ва ё чун аз он бар гардан ҳамоил созанд, [суд мебахшида бошад], пас, агар онро андар маъҷунҳо бидароранд ва ё агар ним дирам аз он биошоманд, чӣ гуна суд набахшад?
Фасли бисту панҷум чизҳое, ки андар истеъмоли онҳо меъдаву рӯдагонро зиён бошад

Бидон, ки бештари бемориҳои меъда аз хом мондани ғизо вобаста аст. Бинобар ин аз хом мондан ва сабабҳои он, ки аз қабили камият ва кайфияти ғизоҳо, ғайри одатшуда будани онҳо ва бодҳову обҳои монеи гувориши хуб мебошанд, дурӣ ҷӯй. Яке аз душманони меъда пурист.
Бинобар ин, тани касони бисёрхор фарбеҳ намешавад, зеро таоми эшон гуворида нагардад ва тан аз он суд набарад. Аммо касе, ки аз таом ҳангоми ҳанӯз боқӣ будани иштиҳо даст бикашад, фарбеҳ хоҳад шуд, аз баҳри он ки меъдаи ӯ таомро хуб бигуворад.
Бидон, ки ҳар таоме, ки худ ба худ, на ба сабаби ҷамъ шудан бо дигар таом меъдаро созгорӣ накунад, вай ё ба сабаби камият ва ё ба сабаби кайфият созгорӣ нахоҳад кард. Ҳангоми ҳар як аз ин ду ҳолат агар [ғизо] моил ба сабукӣ бошад, (307) бар сари меъда бигардад ва тақозои аз тариқи қай ронда шудан кунад, вале агар гарон бошад, ба зери [меъда] нишаста, тақозои аз тариқи дарунрав рондан кунад. Гоҳе чунин ориз бигардад, ки ба сабаби аз ҷиҳати сабукию гаронӣ хархела будани ғизо ва ба сабаби ҳаракатҳои гуногуни бодҳои андар меъда падидоянда бархеи он бар сари меъда бигардад ва бархеи дигар ба зер биравад ва тақозои ҳам қай ва ҳам исҳол кунад. Бидон, ки нигоҳ доштани бироз ва бод зиёни бузург дорад, зеро гоҳе мумкин аст бироз аз як печи [рӯда] ба дигараш гузашта, ба сӯи боло пас гардад ва то меъда рафта расида, боиси дарди азиме бигардад. Гоҳе мумкин аст аз ин иловус авҷ бигирад ва тоса ва афтидагии иштиҳо падид ояд. Бод низ мумкин аст ба сӯи меъда боз ояд ва бухораш ба мағз зада, боиси ранҷи сахт бигардад ва чизи андар меъда бударо табаҳ созад.
Бидон, ки ҳар чи хусусан аз қабили фишурдаҳо ва умуман аз қабили дигар чизҳо, ки дорои қувваи гирандагӣ нест, аз барои меъда бад аст. Ҳамаи равғанҳои [сунъӣ] меъдаро нарм кунанд ва барои он созгор нестанд. Беосебтари онҳо равғани зайтун, равғани гавз ва равғани писта бувад. Бархе аз доруҳо ва ғизоҳое, ки аксар вақт меъдаро зиён кунанд, инҳост: чилғӯза, чугундар, бодруҷ, шалғаме, ки ба андозаи ҳал шудан ҷӯшонида нашуда бошад, туруша, сармаҷ ва дахинаҷ, ки бе сирко, обкома ва равғани зайтун хӯрда шавад. Аз ин ҷумла шанбалит ва кунҷид аст, ки ҳар ду меъдаро нотавон кунанд. Шир ва инчунин мағзҳои устухон ва сар барои меъда зиён доранд. Аз шаробҳо шароби ситабри нав ва аз доруҳо меваи сарви кӯҳӣ ва тухми панҷангушт [зиёнкоранд]. Бидон, ки ҳамаи доруҳои шикаморанда ва ҳамаи чизҳои дилбеҷокунанда барои меъда баданд. Ҷимоъ аз барои меъда яке аз чизҳои зиёнкортарин ва тарки он судмандтарин чиз бувад. Қаи сахт ҳарчанд аз чиҳати поксозӣ нофеъ аст, вале аз ҷиҳати нотавонӣ оварданаш зиёни бузург дорад.

Мақолаи дуввум
АНДАР ТАДБИРИ ДАРДҲОИ МЕЪДА, НОТАВОНӢ
ВА ҲОЛАТИ ИШТИҲОИ ОН

Фасли нахустин
андар баёни дарди меъда

Дарди меъда ё ба сабаби бадмизоҷии бе модда ва хусусан бадмизоҷии гарми сӯзанда, ё ба сабаби бадмизоҷии
бо модда ва хусусан бадмизоҷии бо моддаи гарми сӯзанда ва ё ба сабаби гусастагии пайвастагие ба амал ояд,
ки аз ягон сабаби бодии азҳамкашанда, ё сӯзишоварандаи сӯзон ва ё дорои ҳар ду сифат ориз бигардад, чунонки ҳангоми омосҳои гарм ҳамин тавр бувад. Гоҳе дард
мумкин аст аз решҳои хӯранда бархезад. Бархе одамонро ҳангоми таом хӯрдан дарди меъда ба амал ояд ва ҳангоми хуб фаро гирифтани он ором ёбад ва бештари ин
гуна одамон худовандони савдо ва худовандони молихулиёи мароққист. Бархеро ба охири муддати андар меъда будани ғизо ва ҳангоми соати даҳум ва қарибиҳои он

дард падид ояд, ки як қисми инҳо [158] то чизи сиркомонанди бар замин ҷӯшанда қай накунанд, дард ором нагирад ва қисми дигарро баробари фурӯ рафтани таом ва бидуни қай овардан дард ором ёбад. Аз миёни ин ду гурӯҳ касонеанд, ки бад-ин ҳол муддати дароз боқӣ бимонанд.
Сабаби ҳолати якум рехтани савдо аз испурч ба сӯи меъда аст ва сабаби ҳолати дуввум рехтани сафро аз ҷигар ба сӯи он бувад. Ин ду аз баҳри он ба оғози кор дард наоваранд, ки андар зери меъда ҷой доранд ва ҳар гоҳ ки бо таом биомезанд, дамида, то ба даҳони меъда омада бирасанд. Аз миёни мардум касонеанд, ки ҳар гоҳ меъдаашонро дард гирад ва ё сӯзиши сахт падид ояд ва чун таом бихӯранд, ором ёбад. Сабаби ин рехтани моддаҳои сӯзандаест, ки ҳангоми аз таом холӣ будан ба сӯи меъда оянд. Онҳо ё туруши савдовиянд, ки ин ҳол камтар рӯй диҳад ва ё тези сафровӣ бошанд, ки инҳо аксар вақт ба амал оянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ