Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ин ҳолат бояд нахуст оҳанги оне кард, ки газандаш аз ҳама бузургтар аст. Агар хилти ранҷовар гарми сӯзанда бошад, аз он беҳушӣ ва ташаннуҷ ба амал хоҳад омад ва инро бо он чизе тадбир кун, ки андар боби беҳушӣ ёд кардем. Нахуст коре, ки зуд бояд кард, ин аст, ки ба [чунин касон] як ҷуръа оби гарм бо чизҳои ёдкардаамон бидиҳанд, зеро ҳар гоҳ эшон хилтҳояшонро қай кунанд, ҳолаташон ором шавад. Агар хилти озордиҳанда ва рехташаванда савдовӣ бошад, аз барои он ҷӯшонидаи пудина бо ангубин ва ҷӯшонидаи афитимун ва пудинаи даштӣ судманданд. Яке аз чизҳои аз барои ин нофеъ ин аст, ки замч, қалқадис ва миси сӯхтаро бо ангубин сиришта, бар даҳони меъда биниҳанд. Ҳангоми сахт мушкил шудани иллат бояд чунин касон бар меъдаҳои хеш исфанҷеро бигузоранд, ки андар сиркои сахт гарм тар карда бошанд. Агар хилт сарди тар бошад, танҳо ба истеъмоли доруҳои гармиовари ҳалкунанда кифоят кун ва андар таркиби онҳо чизҳои аз тариқи қабзоварӣ хушкифизояндаро дохил насоз, зеро онҳо хоҳ дору бошанд, хоҳ ғизо, хатари бузург доранд. Гоҳе модда бо бисёрии худ, на бо табаҳсозияш, озор диҳад. Аз барои пешгирӣ кардани зиёни он доруҳо ва ғизоҳои қабзкунандаро аз ғайри эътибор додан ба ягон чизе ба кор баранд.
Аммо аз барои муолаҷаи омосҳои меъда ва инчунин муолаҷаи бодҳо ва дамиш бобҳои [алоҳидае] [157] сипастар биоварем. Илоҷи камторупудии [гавҳари] меъда ин аст, ки бар вай зимодҳои гармиоварандаи қабзкунандае, ки мо онҳоро ёд кардем ва хусусан [зимодҳои] хушбӯй ва зимодҳои барои дилу рӯҳ созгорро бимоланд. Гуворишҳои хушбӯи қабзкунандаи аз қабили гувориши хузистонӣ, гувориши қоқула ва ғайра будаеро ба кор баранд, ки андар боби муолаҷаи сардии меъда ва рутубати он ёд кардем. Бояд ғизоҳо сабуку латиф ва баҳра-баҳра гардонида шаванд, [ба бемор] як чанд бор ғизо бидиҳанд, бар меъда гаронӣ наоваранд ва онро якбора аз шароб пур насозанд. Бояд аз паси таому шароб [бемор] ҳаракат накунад ва аз болои таом чизе наошомад. Он чи ки ӯ меошомад, бояд шароби куҳани қавӣ ва моил ба тундӣ бошад ва онро бояд кам-кам ошомад.
Илоҷи суддае, ки андар гузаргоҳҳои дарояндаву барояндаи наздики меъда, масалан, андар гузаргоҳи аз испурч ба сӯи [меъда] оянда ва ё андар гузаргоҳи аз [меъда] ба сӯи ҷигар раванда биафтад, ин аст, ки доруҳои кушояндаеро аз қабили ёра ва афсинтин ба кор баранд. Бархе илоҷи садмаву кӯфтагӣ ва афтидани бар меъда қурсҳоест, ки андар Қарободин ёд шудаанд ва андар таркиби онҳо каҳрабо ва шоҳафсар бидароянд.
Зимоде, ки аз барои ин ғараз нофеъ аст: панҷоҳ дирам себи шомии пухта ҳалшуда ва нарм кӯфташударо гирифта, бо даҳ дирам лозан омехта кунанд ва ҳашт дирам гул ва шаш дирам сабрро гирифта, ҳамаро бо фишурдаи забони гов ва фишурдаи барги сарв маъҷун созанд. Сипас онҳоро бо равғани савсан омехта, нимгарм созанд ва якчанд рӯз бар меъда банданд. (306)

Фасли бисту севвум
андар муолаҷаи касе, ки аз қавӣ будани
ҳисси меъда азоб кашад

Агар ҳолаш ба ифрот бирасад, аз ба кор бурдани доруҳои карахткунанда ба оҳистагӣ чора нест. Бояд то ҳангоми эҳтиёҷ ба доруҳои карахткунанда афтидан ӯро аз чизҳое ғизо дод, ки мисли ҳарисаҳо ва гӯшти гов хунро ситабр кунанд. Агар чизи ранҷоваранда гарм бошад, бояд ноҳияҳои меъда якчанд бор бо ёра поксозӣ карда шаванд. Таоми худованди он бояд ба таъхир наафтад, балки ба ин гуна одамон боистӣ андар оғози гуруснагӣ нон бо руббҳои меваҳо ва ё нон андар оби сард ва оби гул тар карда, бидиҳанд. Гоҳе мумкин аст [нонро] андар шароби омехтаи сардгардонида биғӯтонанд, зеро ин изофа ба он даҳони меъдаро қавӣ созад. Агар моддаи озордиҳанда сард бошад, бештар чизе, ки беморонро ориз бигардад, раъша ва ташаннуҷ ориз бигарданд. Бинобар ин бояд меъдаи эшонро бо шароби гиранда ва бо доруҳои атрии гирандаю латифсозанда қавӣ бигардонанд ва хилти андар он бударо ба истифроғ берун оранд.
Боб андар тадбири касе, ки меъдааш хурд аст: Бояд ба ӯ ғизое дод, ки каммиқдору серғизо бошад ва ба ҳасби ҳоҷат ва бардошт андар шабонарӯзӣ ба ӯ якчанд бор ғизо бидиҳанд.
Фасли бисту чаҳорум андар баёни чизҳое, ки созгори меъда буванд

Аз ғизоҳо беҳтаринаш барои [меъда] онест, ки дорои қувваи гирандагӣ ва талхӣ буда, тезу сӯзанда набошанд.
Тандурустонро барои қавӣ гардонидани меъда чизҳои гиранда суд доранд, вале касони ба таб гирифтор набояд чизеро ба ифрот ба кор баранд, ки дорои гирандагии зиёд аст, зеро ин гуна чиз даҳони меъдаашонро ба қадри зиёнвар бихушконад. Вале агар аз истеъмоли чунин чизҳо чора набошад, бояд ба эшон ин гуна чизҳоро бо эҳтиёт бидиҳанд. Яке аз ғизоҳои мувофиқи меъдае, ки ба сабаби нотавонӣ ғизоро хуб намепазирад, ба шаҳодати Ҷолинус пӯстҳои дарунии сангдони мурғон аст. Тарки ҷимоъ аз барои қавӣ сохтани меъда сахт судманд бувад. Яке аз тадбирҳои барои бештари меъдаҳо созгор андар моҳе ду бор қай ба кор бурдан аст, то ки андар меъда хилти балғамӣ ҷамъ нагардад. Осонтарини қай он аст, ки турбу моҳӣ бихӯранд, то ташнагии зиёд ба амал ояд.
Сипас чун аз болои онҳо сикангубини ангубинӣ ва ё шакариро бо оби гарм биошоманд, бигардонанд. Инро набояд зиёд ба кор бурд, зеро табиатро одати гардонидани фазлаҳо ба сӯи меъда355 ба амал хоҳад омад. Бидон, ки қаи осони сабуки на сахт ва на пайдарпай ба ҳангоми ҳоҷат ниҳоят судманд аст.
Яке аз тадбирҳои барои бештари меъдаҳо созгор ин аст, ки ба як бор хӯрдани таом ва аз ғайри пур хӯрдан кифоят кунанд. Аз чизҳои шикаморанда барои чунин касон аз ҳама созгортар сабр ва афсинтин аст, вале ба шакли гиёҳ, на ба шакли фишурда, зеро фишурда аз хусусияти гирандагии356 андар гиёҳ ҷойдошта ҷудо бигардад.
Гоҳе аз нуқлҳо барои меъда мавизи ширин созгорӣ кунад, зеро он ба иътидол зудоянда аст ва бо ёрии зудояндагии худ сӯзиши андаки андар меъда ориз шударо ором кунад, вале сӯзиши бисёр эҳтиёҷ ба чизи аз он қавитар дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ