Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бархеро ба сабаби бисёрхорӣ ва одати на ба ҳангоми гуруснагии ростинӣ ғизохӯрӣ доштан ва ба сабаби пурии танашон ба иллати хом мондани ғизо андар меъда сӯзиши тоқатнопазире ба амал ояд. Гоҳе дарди меъда аз сабаби бодҳо ё қавӣ бошад ва ё ба намуди печиши ноф ориз гардад.
Аз миёни мардум касонеанд, ки ниҳоят ҳассос будани меъдаашон ва иттифоқ афтодани хилтҳои заҳравии ба сӯи меъда резанда, чунонки ёд кардем, сабабгори дарди бузурге бигарданд, ки андар меъда падид омада, тоқатнопазир бошад ва ин гоҳе мумкин аст боиси аз ҳуш рафтан бигардад. Гоҳе аз сабаби ошомидани оби сард андар меъда дарде хезад, ки боиси бетоқатӣ ва доду фиғон бигардад. Гоҳе дард (308) ба сабаби гузаштан ба сӯи дил [худованди онро] ногаҳон бикушад. Гоҳе мумкин аст дард ба фурӯсӯ хамида, қулинҷ ба амал оварад. Ҳар киро дарди меъда дер бикашад, бими он дорад, ки омоси меъда падид ояд ва андар занони обистан аз падид омадани ихтиноқи заҳдон огоҳӣ диҳад, чунки дарди даҳони меъда занони обистанро бисёр рӯй диҳад.
Андар «Китоби марги зуд фарорасанда» гуфта шудааст, ки ҳар гоҳ ҳангоми дарди меъда бар пои рост чизе шабеҳ ба ғӯзаи об ва дурушт зоҳир гардад, худованди он рӯзи бисту ҳафтум хоҳад мурд ва ҳар киро чунин [дард] бирасад, чизҳои ширин бихоҳад. Ҳар киро шикам дард кунад ва андар абрӯвонаш доғҳо ва табишҳои сиёҳе шабеҳ ба боқилӣ падид омада, сипас реш шаванд ва то рӯзи дуввум ва ё дертар боқӣ бимонанд, чунин шахс бимирад. Ин гуна одамро [агар] субот ва серхобӣ фаро бигирад, беморияш беҳ шавад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои [дардҳои] аз мизоҷҳои сода баамаломада нишонаҳои ин мизоҷҳост, ки ёд карда шуданд ва нишонаҳои [дардҳои] аз мизоҷҳои бо модда баамалоянда низ нишонаҳои ёдшудаи ин мизоҷҳост. Сӯзиши бо афрӯхтагӣ далели моддаи кайфияташ гарми талх ва ё шӯр аст. Агар сӯзиш на мураттабу собит, балки ҳар дам дигаршаванда бошад, далолат бар рехтани моддаи сафровӣ аз сӯи ҷигар кунад. Гоҳе сӯзиши меъда таби якрӯзӣ ба амал оварад. Дарди мураттаб мумкин аст таби рӯзафкани доимӣ ва ба изофаи он андар бари рост дард ба амал оварад. Ин бар анбозии пардаи рӯи ҷигарро пӯшида далолат кунад. Ҳар гоҳ таб ором ёбад ва сӯзиш боқӣ бимонад, сабаби ин рехтани моддае аз фазлаҳои ҷигар, бадмизоҷии гарм ва ё хилти часпаке андар меъда бувад. Сӯзиши бе афрӯхтагӣ далели моддаи туруш аст.
Нишонаи аз сабаби савдо будани яке аз ин гуна дардҳое, ки баъд аз якчанд соати таом хӯрдан падид ояд, ин аст, ки ҳар гоҳ қаи сиркомонанди туруш оварда шавад, дард ором гирад, испурч гирифтори офат бошад ва гувориш бад бувад. Аз ҷумла нишонаи дарде, ки ба сабаби сафрост, ин аст, ки қаи сиркомонанд ба амал наояд, балки агар қай ояд, қаи заҳравӣ бошад, андар гувориш ҳеҷ коҳише набошад, нишонаҳои сафро намудор бошанд ва ҷигар гарми афрӯхта бошад. Нишонаи он дарде, ки аз сабаби бодҳост, оруғ, ҳукак ва азҳамкашидагии сари паҳлуҳо ва шикам бувад.
Илоҷ: Илоҷи [дарде], ки аз бадмизоҷии гарм аст, [ба бемор] ошомондани оби дӯғи гов, дӯғи туруш, оби сард ва

додани гӯшти мурғчӯҷа, кабк, дурроҷ, мош, каду, хурфа ва моҳии хурди бо сирко пухташуда мебошад. Аз ошомиданиҳо сикангубин, рубби оби ғӯра ва аз доруҳо қурсҳои табошир [бидиҳанд] ва зимодҳои сардиоваранда ба кор баранд. Ҳар гоҳ лоғарию пажмурдагие дарёбӣ, обзанҳо ба кор бар, ба бемор шароби тунуки омехта биошомон ва аз барои ӯ ошомҳои фарбеҳкунанда, латиф ва муътадил бисоз. Агар дард аз сабаби хилти заҳравии гарм бошад, ин [хилтро] ба истифроғ берун ор ва сикангубинеро ба кор бар, ки аз сиркои андар вай як муддат афсинтин таркарда сохта шуда бошад.
Дардҳои сард ва бодии меъда агар сабук бошанд, онҳоро бо говарс гармибандӣ кардан, бо оташ миҳҷама гузоштан ва хусусан миҳҷамаи бузурге ором созанд, ки бар миёнҷои мароққи шикам гузошта шуда, ҳатто нофро аз ҳама сӯ фаро бигирад357 ва ҳамчунин аз ғайри буриш як соат бигузоранд. Ин дардро дарҳол ба таври шигифтовар ором кунад. Ба бемор додани шароби холис ва бо равғанҳои гармкунанда равғанмолӣ кардан низ дардҳои мушкилро бикушоянд. Зарованди дароз андар кушодани дардҳои сахт ва бодӣ сахт судманд аст. Гунди бедастарро агар бо сиркои омехта биошоманд ва ё бо он ҳамроҳи равғани куҳани зайтун шикамро аз берун гармибандӣ кунанд, ҳамчунин судманд бувад. Бодро ошомидани шароби холис, ба хоб пардохтан ва бо шиками тиҳӣ варзиш кардан ҳал кунад. Агар эҳтиёҷ ба доруҳои қавӣ биафтад, он чизҳоеро ба кор баранд, ки андар боби дамиш ёд шудаанд. Агар дард аз сабаби боди андар меъда ва бахшҳои бад-он пайваста дармонда падид омада бошад, донаи даҳмаст ва зираи бирён онро суд бахшанд. Агар дард аз савдои бодангез бошад, бояд бо андаке аз замч ва зоги бо сиркои туруш совида гармибандӣ кунанд. Низ бо шохаҳои совидаи шибит гармибандӣ бояд кард.
Агар дард аз сабаби (309) ягон омос бошад, бо илоҷе онро муолаҷа кунанд, ки андар боби омоси меъда ёд кардем. Агар дард амон надиҳад, бо пиҳҳо равғанмолӣ намуда, бо пухтаковҳои аз шибит ва монанди он сохташуда дорурезӣ кунанд. Илоҷи дарде, ки баъд аз гузаштани муддати зиёд [аз вақти хӯрдани таом] бархезад ва эҳтиёҷ ба гардонидани моддаи сиркомонанд дорад, ин аст, ки бояд меъдаро аз тариқи гармсозӣ бо зимодҳои гарм, [бо додани] шароби холис ва маъҷунҳои бузург ва бо хӯронидани таомҳои тобагӣ ва он чизҳое аз қабили хояи бирён ва ангубин қавӣ созанд, ки хосияти андар меъдаи гарм падид овардани дуд доранд. Илоҷи касе, ки [меъдааш] то ҳангоми ғизо хӯрдан дард кунад, ин аст, ки агар аз сафро бошад, истифроғ ва пок кардани сафрост ва ё агар аз савдо бошад, онро истифроғ кунанд. [Ба изофаи ин] ҳар ду хилтро бо ёрии он доруҳое, ки андар «Қонун» ёд кардем, аз сӯи меъда ба дигар сӯ бигардонанд ва даҳони меъдаро қавӣ созанд. Баъди он бояд ғизоро бахш-бахш карда, ҳар кадоми ин ду [беморро] ғизои каммиқдору серғизо бидиҳанд. Эшон бояд аз болои ғизо ҷуз як қултӣ [об] чизе наошоманд. Ошомиданро то [поёни] дард тарк кунанд ва ҳар гоҳ, ки дард гузашт, биошоманд.
Дарде, ки баъд аз хӯрдани таом хезад ва ҷуз аз тариқи қай ором нагирад, дарди бад аст. Ҳангоми он беҳтар ин аст, ки ҳар рӯз пеш аз таом андаке ангубин ошомида шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ