Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ширдиҳанда на инсон, балки ҳайвон бошад, хубии гувориши вайро аз бадбӯии бироз ва бадбӯй набудани он, аз муътадил будани тарию хушкии бироз ва ё ба ифрот будан андар яке аз ин сифатҳо ва аз тариқи ҳамвор ва ё ба иллати бод дамида будани бироз бишиносанд. Бояд ин [ҳайвонро] баста, ба замин ғел занонанд, то бад-ин тариқ варзиш карда бошад. Сипас интизори он шаванд, ки бемор шир ва ё оби ҷави ошомидаро гуворидааст, ё не. Инро аз тариқи оруғ ва андар андомҳои дарунӣ сабукӣ ҳис кардани ӯ бидонанд. Сипас баъди соати ҷаҳорум ва ё панҷум дубора ба гармоба дароварандаш. Баъди он андомҳояшро бо равған чарб кунанд, то рутубати обии кашидашуда нигоҳ дошта шавад.
Агар [бемор] ба гармоба одат карда бошад, ӯро бори севвум бидарор, вале агар беҳтар он бошад, ки бар ду бор басанда карда шавад, соатҳои миёни ду гармобадароиро, чунонки ёд кардем, афзоиш бидеҳ. Баъд беморро пурра истироҳат бидеҳ. Агар майли шир дошта бошад, ӯро бори севвум350 шир бидеҳ ва агар майл надошта бошад, оби ҷави қавӣ сохташуда биошомон. Ин оби ҷавест, ки обаш зиёд буда, сипас онро бо ҷӯшонидани зиёд костаанд. [Ба бемор] нони танӯрии бо хамирмояву намак ва хубпухта, моҳии сангобӣ, болҳои камгӯшту латифи парандаҳо, хояи онҳо351 ва хояи хурӯсҳоеро бидеҳ, ки бо шир фарбеҳ шуда бошанд. Ӯро аз чизи часпаку сахт ва ситабр парҳез дор. Агар ғизо серғизо бошад, онеро ихтиёр кун, ки баробари серғизоӣ зудгувори латифкимус ва тар бошад. Миқдори онро ба андозае бигиранд, ки чандон гаронӣ ва азҳамкашидагӣ наоварад, вале ҳангоми ин гуна [беморӣ] аз ғизои кам чора нест ва низ ночор бояд ба ӯ шароби тунуки моил ба қабзкунандагиеро дод, ки ба сабаби серобии худ дигар таҳаммули омехтанро надорад. Ин гуна [шароб] ғизоро бигузаронад, қувватро зиндатар кунад ва аз ошомидани оби сарди ба иллати сардияш зиёнвар бениёз гардонад. Миқдори шароб бояд чандоне бошад, ки бар сари меъда гардиш накунад ва қароқур наоварад. Ғизодиҳии дуввумият бояд ҳангоме бошад, ки ғизои якумӣ [155] пурра гуворида шуда бошад. Ғизои эшонро ҳар қадар, ки битавонӣ, баҳра-баҳра бидеҳ. Бояд таом сабук бошад, то ки як таом бо таоми дигари пеш хӯрда ва ногуворида дучор наояд. Ин тадбир бояд якчанд рӯз давом кунад. Ҳар гоҳ эшон андаке ҷон бигиранд, варзиш, молиш ва ғизои эшонро афзоиш бидеҳ. Ҳар гоҳ ба дуруст шудан наздик бирасанд, кашки ҷав ва ширро қатъ намуда, ба ҷои ҷав ду рӯз ё як рӯз ошоме бидеҳ, ки аз ҷави румӣ сохта шуда бошад. Ғизои эшонро бо чизҳое афзоиш бидеҳ, ки одат кардаанд ва аз додани поча, [андомҳои] атрофӣ ва гӯштҳои сабуки парандагон оғоз кун.

бандиҳо ҳамаашон зиён доранд, на суд. Бояд аз сахту зуд гарм кардан парҳез намуд, зеро он бихушконад ва хушкиро афзоиш бидиҳад, балки боистӣ гармидиҳӣ андак-андак бошад ва андар ин миён тарифизоӣ карда, гавҳари гармии модарзодӣ, на оташиро, афзоиш диҳанд. Яке аз чизҳое, ки чунин кор кунад, шароби камомехта, шир ва оби ҷавест, ки бо вай андак ангубини кафкаш баргирифта омехта бошанд, то ки ғизояш бештару фазлааш камтар бошад. Ин барои чунин беморон хуб аст. Меъдаро бо равғанҳои тарифизой ва гармиоварандае аз қабили равғани сунбул, нордин ва равғани мастако чарб кардан судманд бувад.
Гоҳе бо инҳо равғани баласон ҳамроҳ кунанд ва гоҳе танҳо бо равғани баласон кифоят кунанд, зеро он нофеъ аст. Аз ҳама беҳтар ин аст, ки бо онҳо андак мум биомезанд, то ки бар болои меъда хубтар биистад.
Яке аз чизҳое, ки манфаати зиёд дорад, ин аст, ки мастакоро бисованд ва (302) бо равғани нордин сиришта, бар меъда гузоранд ва аз миёни мастако фарбеҳтару пурратарашро ихтиёр кунанд. Ҳар гоҳ сардӣ шиддат ёбад, аз тило кардани меъда бо мисли зифт чора нест. Онро ҳар рӯз бичаспонанд ва пеш аз сард шудан бигиранд. Гоҳе зифтро андар як рӯз ду бор ба кор баранд, зеро он ба сӯи меъда хуни ғизобахш бикашад. Бояд сурати ба кор бурдани зифтро аз гуфторе тааммул кард, ки андар боби зифт оварда шудааст. Яке аз василаҳое, ки андар ин бобат суди азим ва қавӣ дорад, бачаи сергӯшти мизоҷаш дурустро ба оғӯш гирифтан аст, зеро он ба меъда гармии модарзодӣ бахшад ва таомро сахт бигуворад. Агар бача набошад, сагбачаи фарбеҳ, ё гӯрбаи нари фарбеҳ ва ё дигар чизҳои ба ҳамин равиш бударо ба оғӯш бигиранд. Бояд кӯдаки ба оғӯшгирифта арақ накунад, зеро арақ сард гардида, сардӣ биоварад. Гоҳе мумкин аст шиками ӯро ягон чизе бимоланд, ки арақ кардан нагузорад. Чунин [беморонро] набояд ба ифрот оби сард дод, зеро ин зиёнвартарин чиз бувад.

Фасли нуздаҳум
андар илоҷи бадмизоҷии сарди хушк

Аз барои ин [мизоҷ] доруҳои сарди обкашанда судманданд ва ду тадбири мизоҷҳои гарму тарро бо ҳам як ҷо созанд. Аз ин [беморӣ] қурсҳои гуле суд доранд, ки аз гули тоза сохта бошанд. Агар андар ин ҳангом исҳоле ҷой дошта бошад, мумравғанро бо равғани биҳӣ ба кор баранд.

Агар мизоҷ сарди хушк бошад, сардро чунон тадбир
кун, ки хушкро тадбир кунӣ. Азбаски тадбири сард ҷуз ба
чизҳои гармифизой нахоҳад буд, бинобар ин, аз он гармифизояндагоне дурӣ ҷӯй, ки бо ҳалкунандагӣ ва ё қабзкунандагии қавии худ хушкиро афзоиш диҳанд. Гарми-

Фасли бистум
андар илоҷи бадмизоҷии гарми хушк

Илоҷи ин чунин аст, ки ду тадбири барои ду [мизоҷи] сода бударо якҷо ҷамъ кунанд. Агар гармӣ кам бошад, барои [чунин бемор] тадбири худовандони [мизоҷи] хушк кифоят аст ва шароби ӯро як муддате аз шароби ҷавонтар кунанд. Бояд андар тобистон онро сард сохта ва андар зимистон нимгарм карда бидиҳанд. Дигар таомҳоро низ чунин кунанд. Меъдаи чунин [беморонро] аз равғани биҳӣ ва аз равғани зайтуни норасида чарб кунанд. Гоҳе хусусан агар хушкӣ ба ифрот набошад, мумкин аст бо ошомидани оби сарди зиёд тамоман шифо ёбанд.
Фасли бисту якум андар илоҷи бадмизоҷии гарми тар

пешина
аз 1215
навбатӣ