Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли понздаҳум андар илоҷи бадмизоҷии гарми меъда

Аз барои афрӯхтагии меъда ошомидани шири туруш ва хусусан сирко бо кашниз, аз дӯғҳо дӯғи гов ва дилаи хиёр суд доранд. Хусусан моҳии тоза афрӯхтагии меъдаро ором кунад. [Низ] оби сард, меваҳои сард, коснӣ, хиёри дароз, шафтолуе, ки сероб набошад ва ба сафро табдил наёбад, коҳу, гуринҷ, наск, кашнизи тар бо сирко, каду ва монанди инҳо [нофеъанд]. Агар лозим ояд, бо инҳо кофур, сандал ва гул биомезанд. Инчунин, хусусан агар дарунрави заҳравӣ ҷой дошта бошад, [ба бемор] қурсҳои табошир бидиҳанд. Ғизо аз хояи андар сирко ва наск пухта, аз норво, тутумво ва ғӯраоб бидиҳанд.
Гӯште, ки барои чунин [беморон] иҷозат аст, гӯшти тиҳу, дурроҷ ва мурғчӯҷа бувад. Агар гармии [меъда] ба андозаи шикастани қувват нарасида бошад, ба эшон ғизоҳои сарди ситабре аз қабили қариси моҳии тоза, (300) қариси шикамбаҳо, инчунин ҳар гуна чизи қабзкунанда бидеҳ. Рубби хашхош ва шароби он аз барои ин ғараз сахт судманд аст. Яке аз чизҳое, ки эшонро суд бахшад, бо доруҳои сардиоваранда зимод ниҳодан бувад. Гоҳе меъдаи эшонро бо обгаҳи дамкардаи пури оби сард зимод кунанд. Ҳар гоҳ меъдаро бо доруҳои сард зимод кунанд, бояд эҳтиёт кард, ки аз он ҳиҷоб ва ё ҷигар сард гардида феълҳояшон зиён набинанд, зеро бисёр бошад, ки аз ин нафасро офат ва ҷигарро сардӣ бирасад. Ҳар гоҳ ягон чизеро аз ин қабил ба ҳадс дарёбӣ, онро бо равғани гармкардае чорабинӣ кун, ки бар маҳалли [беморӣ] бирезанд ва он ҷойро бо он гармибандӣ кунанд ва ба ҷои зимодҳо доруҳои ошомиданӣ ба кор бибар.
Фасли шонздаҳум андар илоҷи бадмизоҷии сарди меъда

Агар ин мизоҷ сабуктар бошад, андар илоҷи он ба он қурсҳои гуле кифоят кун, ки андар таркиби онҳо афсинтин ва дорчинӣ бо ҷӯшонидаи зира ва нонхоҳ бидароянд ва [зираву нонхоҳро] андар ҷогаҳи обгинагии покиза ҷӯшонида бошанд. Нонхоҳро андар ин маънӣ суди азим аст.
Агар [бадмизоҷӣ] аз ин доруҳо қавитар бошад, пас, аз истеъмоли маъҷунҳои қавии гарм, тухмиҳои гарм, [маъҷуни] мурчӣ, тарёк, масрудитус бо шароб, саҷазаниё бо майбиҳӣ, [маъҷуни] зирагӣ, амрусиё, фандодиқун, доруи талхи мушк, маъҷуни устумахиқун чора нест. Ҳар гоҳ ҳангоми ин беморӣ табиат гарм бошад, [маъҷуни] кундурӣ нофеъ аст. Бояд ин гуна доруҳоро андар ҷӯшонидаи сунбул, мастако, гӯргиё ва монанди онҳо афканда [ба бемор] бидиҳанд. Занҷабили парварда ва низ қурсҳои гул бо як чанди миқдори ин аз уд барои эшон судманданд. [Маъҷуни] мурчӣ бо шароб низ ҳамчунин бувад, зеро он меъдаро ниҳоят гарм кунад ва далели ниҳоят таъсирнокии вай ба амал омадани ҳукак бувад. Бояд андар ғизоҳо ангужад ва мурч ба кор баранд, зеро ин ду аз барои [мизоҷи сард] нофеъанд. Низ сир барои чунин [беморон] яке аз судмандтарини чизҳост. Аз равғанҳои судманде, ки барои чарби меъда ба кор баранд, равғани бобуна, равғани гулнор ва рав

ғани савсан мебошанд. Равғани мастакоро омехта бо пиҳи мурғ ба кор баранд ва агар эҳтиёҷ ба қувваи бештаре бошад, андар он уша ва муқл афкананд. Агар ба равғани аз инҳо ҳам қавитаре эҳтиёҷ афтад, равғани қуст, равғани бон ва занбақ ба кор баранд. Аз дигар чарбҳо, масалан, шароби савсан бо уд, мушк ва анбар ва аз тухмҳо ҳулба, тухми карафс ва тухми хитмӣ [судманданд]. Гоҳе агар ҳангоми доруҳои сард бар меъда миҳҷама гузоранд, ниҳоят суд бахшад. Бидон, ки гарм сохтани дасту пой мумкин аст зуд боиси гарм шудани меъда бигардад.
Фасли ҳафтдаҳум андар илоҷи бадмизоҷии тари меъда

Инро бо доруҳои обкашанда, бо доруҳои буранда ва бо доруҳои талхию тезӣ дошта муолаҷа кунанд ва пеш аз ин бо онҳо чизҳои тунд биомезанд. Бояд андаке шароби қавӣ ба кор бурда шавад. Ғизоҳо аз чизҳои обкашанда ва таомҳои тобагии бирён бидиҳанд ва бояд об камтар ошомида шавад. Қурсҳои гул, ки аз гули тоза сохта бошанд, аз барои мизоҷи тари меъда судманданд. Яке аз василаҳое, ки рутубати меъда бибарад, ин аст, ки як дирам анисун ва як дирам тухми бодиёнро андар об ҷӯшонида, бар панҷ дирам гулангубин биполанд ва бод кашанд.
Фасли ҳаждаҳум андар илоҷи бадмизоҷии хушки меъда

Илоҷи чунин [беморон] ба илоҷи бемории диққ наздикӣ дорад, зеро ин иллат то андозае диққи меъда ба шумор биравад. Агар мустаҳкам бигардад, бехӣ илоҷпазир нест. Мумкин нест, ки танҳо ба тарсозии он пардохта шавад ва ин кор ба тамоми тан дахл накунад, балки тарифизоии он ҷуз ба анбозии тан ба амал нахоҳад омад. Яке аз роҳҳои тарифизоии чунин беморон ин аст, ки эшонро ба гармоба баранд ва андар обзан нишонанд ва миқдори ба гармоба бурдани эшон аз андозаи хушкӣ вобаста аст.
Гоҳе хушкии беандоза чунин зарурат ба миён оварад, ки ба чунин беморон иҷозати пиёда ба гармоба рафтан ва аз он ҷой боз омадан надиҳанд, балки эшонро бар боргир бурда оваранд, то ки ҳаракат боиси ҳалшавӣ гардида, чизи аз обзан бар танашон кашидашуда берун натаровад ва изофа ба он гармоба қувватро нотавон бикунад, бинобар он набояд ягон коре кунанд, ки боиси ҳалшавӣ гардида, нотавониро дучанд созад. Гармоба кардани чунин беморон бояд аз тар сохтани эшон андар обзан иборат бошад ва эшонро ҳоҷат нест, ки андар ҳавои гармоба биистанд. Бояд (301) оби обзан муътадил буда, миёни гармии мӯйросткунанда ва гармии сӯзонанда бошад ва умуман ба андозае бошад, ки аз он тан мутаассир нагардад, балки форам бошад. Андар ин ҳол тан тар ва масомҳо боз шаванд. Бояд муддати гармоба кардан то замоне бикашад, ки тани [бемор] андар кушодану болиш бувад ва пеш аз он бувад, ки ба пажмурда шудан оғоз кунад. Баробари аз гармоба баромадан бояд андаке роҳат кунанд, сипас ба эшон ширҳои латиф – ё шири зан, ё шири хар, ё шири буз ва ё шири гов бидиҳанд. Беҳтарини он ширест, ки аз пистон макида шавад ва ё шири дӯшидаро худи ҳамон замон гирифта, пеш аз он ки ба таъсири ҳаво дучор ояд, биошоманд. Занеро, ки шири ӯро биошоманд, бояд ба андозае ғизо бидиҳанд, ки гуворида тавонад ва пеш аз дӯшидан ӯро ба иътидол варзиш диҳанд ва бояд ӯ каси дигарро шир надиҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ