Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бисту дуввум
андар илоҷи352 бадмизоҷии бо модда
будаи меъда ва илоҷи суддаҳои он

Бояд ҳоли моддаро шинохт, ки оё он мисли об кашидани исфанҷ [андар меъда] ҷабидашуда аст, ё мисли ранги часпидаву андар худ фурӯрафтаро кашидани ҷома ин [модда андар меъда] ҷабида шуда, ба андаруни он даромадааст ва ё андар фазои он рехта шуда бошад, ки инро бархеҳо «гарданда» хонанд. Сипас бояд саргаҳ, маҳалли падид омадани он ва аз кадом сӯ рехтани онро муайян кард. Агар маҳалли падид омаданаш худи [меъда] бошад, ҳангоми илоҷ оҳанги муолаҷаи он ва дуруст сохтани сабабе кунанд, ки падидоварандаи ин [модда] аст.
Агар модда ба сӯи он аз ягон андоми дигаре мисли мағз, ё заҳра, ё ҷигар ва ё испурч рехта бошад, миқдори андар меъда ҳосилшударо ба истифроғ берун кунанд ва ба дуруст сохтани андоме бипардозанд, ки фиристонандаи модда ба сӯи меъда аст. [Низ] меъдаро қавӣ созанд, то ки чизи ба сӯяш резандаро напазирад. Гоҳе мумкин аст модда ҳангоми гуруснагӣ наздики ба ҳаракат омадани қувваи кашандаи меъда ва ором гирифтани қувваи ронандаи он бирезад ва меъда андар ин ҳангом он моддаҳоеро пазирад, ки андар дигар ҳангом нахоҳад пазируфт. Ин гуна касон таҳаммули гуруснагӣ натавонанд кард ва гоҳе андар ин ҳангом аз ҳуш бираванд. Бинобар ин бояд пеш аз рехтани моддаҳо [ба чунин касон] таом дода шавад ва бояд ғизоҳо қависозандаи меъда бошанд. Гоҳе мумкин аст модда ҳангоми инфиолоти нафсоние аз қабили хашми зиёд, ё андӯҳ ва ё ғайри он [ба сӯи меъда] рехта шавад. Сӯзиши андар [меъдаи] чунин касон оризшуда ҷуз ба қай ором наёбад. Аз барои [моддае], ки аз сӯи мағз фуруд ояд, мурчи сафеди бо об суда ва афсинтин судманданд, вале сабр кам суд бахшад. Аммо ёраҳо аз баҳри он бар ин [беморӣ] ғолиб оянд, ки андар таркиби онҳо доруҳои сахт ҳалкунандаю зудоянда бидароянд.
Пеш аз ин мо баён кардем, ки яке [аз ҳолатҳои] мураккаби барои муолаҷа мушкил гарм будани меъдаву сард будани сар аст. Бинобар ин он чи ки аз сӯи сар фуруд меояд, ба мисли [маъҷунҳои] мурчӣ ва пудинагӣ эҳтиёҷ дорад, вале гавҳари меъда аз инҳо зиён бинад. Ҳангоми илоҷи он чи ки аз сӯи ҷигар бирезад, эҳтиёҷ ба доруи нармкунандаи табиат афтад ва хилти тунуки заҳравиро бо ёрии масалан, оби панир бо ҳалила ва маҳмуда истифроғ кунанд. Гоҳе задани раг [моддаро] аз сӯи ин ҳар ду [андом] бигардонад. [Низ эҳтиёҷ] ба доруе бувад, ки меъдаро қавӣ созад. Доруҳои нармкунандаро пеш аз таом ва сипас доруҳои қабзкунандаро бояд дод, чунонки мо инро андар ҷои муносиби он баён хоҳем кард. Моддае, ки аз сӯи испурч бирезад, онро бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар (303) боби иштиҳои сагӣ ёд кардем. Чунонки донистӣ, гоҳе ба сӯи даҳони меъда хилтҳои тези сӯзандае бирезанд, ки аз он беҳушию ташаннуҷ падид ояд, гоҳе рехтани инҳо боиси аз кор мондани набз бигардад ва гоҳе мумкин аст савдовӣ бошанд. Туро воҷиб аст, ки даҳони меъдаро бо ёри зимодҳои қабзкунандаи хушбӯй қавӣ созӣ, то ки моддаҳои ба сӯи хеш омадаро напазирад. Доруҳои сарде, ки ҳангоми муолаҷаи гармӣ ва табҳо ба кор баранд, масалан, хурмои қасб, биҳӣ, сукк, фишурдаи ғӯра,

шохаҳои марвиҷон353 ва аз равғанҳо, масалан, равғани гул ба шумор бираванд. Аммо доруҳои гарме, ки андар зидди ҳолати ёдшуда ба кор баранд, масалан, мурр, заъфарон, сабр, мастако, афсинтин, кундур ва сунбул мебошанд.
Аз равғанҳо, масалан, равғани нордин ва равғани мастакоро [ба кор баранд].
Бисёр вақт сабаби фароҳам омадани модда андар меъда банд шудани [доруҳои] истифроғоварандаи онро поккунанда мебошад, на моддаҳои ба сӯи он резанда. Андар ин гуна ҳолат бояд он чиро, ки ҷамъ шудааст, истифроғ кунанд ва самти ҷараёни онро кушода, он моддаро аз сӯи меъда бад-он сӯй бигардонанд. Ҳеҷ хилт ҳангоми истифроғ аз меъда ҷуз ба ҷиҳати майли худ берун наояд. Агар ин мушкил бошад, [хилти] бар сари меъда давр зананда ва онеро, ки ба даҳон наздик аст бо қай ва хилте, ки бар хилофи онҳо бошад, бо исҳол берун овар. Агар хилт ҷабида шуда, андар [ҷирми меъда] даромада ва қивомаш фақат тунук бошад, беҳтарин чизе, ки бо ёрии он инро муолаҷа кунанд, сабр бувад: шустаи он аз барои қувват додан ва ношустаи он аз барои пок сохтан созгортаранд, зеро агар сабрро бишӯянд, қобилияти истифроғоварӣ ва поксозияш заиф бигардад. Ёра аз ҳар дуи онҳо мувофиқтар аст, аз баҳри он ки андар таркиби он гиёҳҳои ислоҳсозанда, ёридиҳанда ва боздорандаи зиён бидароянд. Хусусан [ёраи] содаи бе ангубин [аз ҳама хуб аст], зеро ёраи омехта бо ангубин ҳарчанд ба сабаби бисёртар андар меъда мондан аз ноҳияҳои гуногун бештар [хилтро кашида], ба исҳол оварад, чаро ки сахт поккунандаи меъда аст, вале қависозии он камтар бувад, чунки ангубин ҳам ҳангоми тақвият ва ҳам поксозии мушкил қувваи онро шиканад.
Бинобар ин ҳар гоҳ ки [бемор] онро биошомад, баъди он бояд қасдан роҳ равад, вале набояд аз барои ин тадбири худро тағйир бидиҳад. Гоҳе иллат бо як бор ошомидани ёра биравад. Агар андар ин миён афтидагии иштиҳо ва ё маниши гаштан ҷой дошта бошад, андар ёра ба ҷои заъфарон гули сурх биафзоянд. Ҳар гоҳ [андар бемор] гармии сӯзон дарёбӣ, ёра ба кор набар, зеро хусусан агар ба хато гумон карда шавад, ки андар он ҷой модда аст, вале модда набошад, ёра боиси афзоиши бадмизоҷӣ хоҳад шуд.
Умуман ёра ва хусусан ҳамроҳи ҷӯшонидаи афсинтин яке аз судмандтарин доруҳо аз барои хилти заҳравии меъда ба шумор биравад.
[156] Нусхаи ёраи сабуке аз барои ин ҳолат: аз шукуфаи гӯргиё, шохаҳои баласон, асорун ва дорчинӣ як бахшӣ ва аз сабр шаш бахш бигиранд. Агар аз он на қувваи истифроғоварӣ, балки поксозии муътадил бихоҳанд, аз ҳар доруе якуним бахшӣ бигиранд.
Яке аз ҳаббҳои санҷидашуда ва аз барои ин ғараз судманд [ҳабби зерин аст]: як дирам сабр ва ним дирамӣ ҳалилаи зард ва гул гирифта, бо фишурдаи коснӣ бисириштанд. [Гувориши] биҳигии исҳоловаранда [низ хуб] аст, ки онро аз биҳӣ, шакар ва маҳмуда бисозанд. Гоҳе бар як донг маҳмуда кифоят кунанд ва онро андар се донг дӯғи маскааш баргирифта афканда, як соат бигузоранд, то нек омехта гардад [ва сипас] биошомонанд. Гулангубини шикаморанда аз барои ин ғараз суди бузург дорад.
Шоҳтара хусусан аз барои [хилти] заҳравӣ низ чунин бувад. Ҷӯшонидаи афсинтин, хурмои ҳиндӣ ва олу ва инчунин шароби шикаморандаи гул хусусан андар тобистон [нофеъ бошанд].

пешина
аз 1215
навбатӣ