Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар [бадмизоҷӣ] бо модда бошад, аз эҳтимол холӣ нест, ки модда андар ҷирми меъда ҷабида шуда фурӯ рафта бошад, ё бар рӯи он часпида бошад ва ё андар тиҳигоҳи он рехта шуда бошад. Хилти андар он буда гоҳе мумкин аст андар худи он падид омада бошад ва гоҳе мумкин аст аз андоми дигаре ба сӯи он рехта бошад, чунонки аз тариқи назлаҳои гарм ва ё сард аз сӯи мағз [чунин хилтҳо] бирезанд ва бинобар он мизоҷи меъда гарм ва ё сард гардида, майл ба мизоҷи чизе кунад, ки ба сӯи [меъда] фуруд омадааст. Ҳамчунин гоҳе аз заҳра ба сӯи он хилтҳои заҳравӣ бирезанд ва ин ҳол касонеро рӯй диҳад, ки миёни заҳраву меъдаи эшон ҷӯйчаҳои бузург офарида шудаанд ва инҳо ба ҷои [роҳи] рехтани заҳрае ба сӯи рӯдаҳо бошанд, ки бештари мардумонрост. Бинобар он [андар чунин шахсон] он чи ки бояд ба рӯда бирезад, ба меъда ҳамерезад. Агар ин ҳол дер давом кунад, [хилтҳои] шӯру тез андар меъда решҳо ва сарду бемаза ҳамворию лағжонандагӣ падид оваранд. Гоҳе мумкин аст таъсири онҳо ба аввали рӯдаҳо ва бахшҳои пасини он бигузарад. Аммо иштиҳову гуворо дарёфтани ғизоро фосид кардани инҳо бошад, пеш аз ҳама рӯй хоҳад дод. Чунки ин [ҷӯйчаҳо] андар бархе одамон бар хилофи одат ба тарзе офарида шудаанд, ки андар зимни ташреҳ овардем ва офариниши рагҳои аз заҳра ба сӯи меъда оянда андар бештари мардумон бад-он тарз бувад. Гоҳе андар бархеҳо, ки миёни заҳраву меъдаи эшон ҷӯйчаҳои бузург офарида шудаанд, мумкин аст [хилтҳо] аз ҷигар ва заҳра ба сӯи меъда оянд ва он чи ки бояд ба рӯда бирезад, ба [меъда] бирезад. Гоҳе ба меъда аз сӯи испурч савдо бирезад, чунонки баъд хоҳӣ донист. Бештар чизе, ки ба меъда бирезад, ин сафрои ҷигар аст ва андар ин кор сабабҳои андар меъда ҷойдоштае аз қабили дарди сахт, андӯҳи зиёд, дер расидани ғизо ва нотавонии қувваи ронандаи меъда ёрӣ бирасонанд. Гоҳе мумкин аст сабаби он хашм, ё андӯҳ ва ё таассуроти нафсоние бошад, ки аз онҳо модда ба ҷунбиш омада, ба сӯи меъда бирезад. Ин боиси сӯзише хоҳад шуд, ки ҷуз ба қай кардан бартараф нагардад.
Гоҳе хусусан агар андар он ноҳияҳо решҳо мавҷуд бошанд, ба сабаби ин гуна ҳаракатдиҳандагон ва хусусан гуруснагӣ хилтҳои зардобӣ ба сӯи меъда рехта шаванд ва ба изофаи онҳо ба сӯи он савдо низ ояд. Сабаби ба меъда рехтани савдо бисёрии савдо ва нотавонии меъда аст ва сабаби бисёрии савдо он чизест, ки медонӣ. Сабаби ба сӯи меъда рехтани хун бисёрии он ва ба шӯр омадани он андар ягон андоми гиромитаре аз меъда бувад, ки ин [андом] ё мисли ҷигар аз паҳлу ҳамҷавори меъда аст ва ё мисли мағз аз барсӯи [меъда] бувад.347 Чунончи аз [мағз] ба сӯи гулӯ ва сурхной хун рехта, аз он ҷо ба сӯи меъда гузарад. Сустии қувваи ронандаи меъда барои пазируфтани ҳамаи он чизе, ки ба сӯи ӯ бирезад, ёварӣ кунад. Яке аз сабабҳои қавии ба сӯи меъда ва дигар андомҳо рехтани хун баста шудани хуни сайлонкунандаи ҳайз, ё бавосир ва ё зараб, ё ин ки тарки варзиши истифроғоваранда ва ё бурида шудани ягон андоме бувад, ки моддаи барои ин [андом] омодасохтаи табиат [аз рагҳо] бирезад ва эҳтиёҷ ба берун рафтан пайдо кунад. Бинобар он гоҳе мум

кин аст он аз тариқи меъда ронда шуда, [бемор] хун қай кунад.
Бидон, ки нотавонии меъда яке аз сабабҳои қавии рехтани он чизест, ки ба сӯи меъда бирезад. Бештари чизе аз хилтҳо, ки андар меъда мавҷуд аст ва ё андар он зода шудааст, балғам бувад ва сабабаш он бошад, ки килус табиатан ба балғам наздик аст. Вай ҳар гоҳ ки пурра гуворида нашавад, ба хун, сафро ва савдо табдил нахоҳад ёфт. Инчунин андар бештари ҳолатҳо ба сӯи меъда (291) на сафрое бирезад, ки онро бишӯяд, чунонки рӯдаҳоро бишӯяд. Сафро гоҳе андар бархе аз меъдаҳо зода шавад, вале аксар вақт аз сӯи ҷигар бад-он ҷо ояд. Вай андар меъдаи гарм ҳангоме зода шавад, ки агар меъда ба ғизои қобили зуд ба [моддаи] дудӣ баргаштан дучор ояд.
Гоҳе ҷирми меъдаро ба сабаби андар офариниш буда ва ё ба сабаби сахтии бемориҳо, ё дардҳо ва бадии тадбири ғизо чунин рӯй диҳад, ки камторупуд, лоғарқивом ва тунукпӯст бигардад. Ин боиси заифии ҳамаи ҳолатҳои вай гардида, муолаҷаи он эҳтиёҷ ба машаққати зиёд кашидан дорад.
Сабабҳои бемориҳои меъда ҳама сабабҳои берунию дарунии ёдшудаанд. [Яке аз сабабҳои] хос будани ғизоҳо ба андозаест, ки ҳарчанд меъда бар беҳтарин ҳолатҳо бошад, вале онҳо тақозои бадгуворӣ кунанд ва ин андар боби худ ёд шудааст, ё ғизоҳо ба ҳадде кам бошанд, ки боиси хушкидану пажмурда шудани меъдаи дуруст бигарданд, ё ба андозае дору зиёд истеъмол карда шавад, ки меъда одати ба кумаки дору кор кардан пайдо кунад ва ё ба сабаби қай ва исҳол бисёр хаста шуда бошад. Хусусан [аз ҳама бештар] қай [мондагӣ оварад], зеро вай эҳтиёҷ ба ҳаракати сахти ғайри табиӣ дорад. Бинобар ин бофтаи лифи меъдаро чунин рӯй диҳад, ки кушод-кушоди камторупуд бигардад. Меъдаи ниҳоят ҳассос аз андак сабаб ва аз ҳар гуна мизоҷи бе андоза нотавонсозанда ранҷ кашида, ба дард ояд, чунки [ин гуна мизоҷ] андар ҳама гуна кори [меъда] нуқсон оварад ва ҳатто гармии сода мумкин аст ба сабаби нотавон сохтани қувваи нигоҳдоранда сабаби лағжонии меъда бигардад. Аммо гармии ҳамроҳи моддаи сафровӣ буда аксар вақт сабабгори он хоҳад шуд. Офатҳои андар корҳои [меъда] рӯйдиҳанда, [масалан], андар қувваи иштиҳоангезу кашанда бадин гуна падид оянд, ки иштиҳои меъда барои ё ғизо ва ё об ё нест, ё кам, ё ниҳоят зиёд ва ё табаҳ бигардад; аммо қувваи нигоҳдорандаро бад-ин гуна падид оянд, ки он ё шиддат ёбад ва ё суст шавад ва ё ин ки тамоман бекор шуда, ғизо бар сари меъда бигардад; андар қувваи гуворанда бад-ин гуна бошанд, ки гуворандагии меъда ё бекор шавад, ё суст гардад ва ё табаҳ шуда, боиси ба моддаи дудӣ ва ё туруш табдил ёфтани чиз бигардад; аммо қувваи ронандаро бад-ин гуна осеб бирасад, ки кори он ё шиддат ёфта, [ғизоро] ё аз тариқи табиӣ ва ё ба сӯи боло биронад, ё суст гардад ва ё бекор шавад.
Ҳар чи ки андар меъда дер биистад ва оҳиста гузарад, аз сабаби он бухоршавии дардангезе ориз бигардад, ки хилтҳоро ба ҷунбиш оварад. Ҳеҷ чиз мисли меваҳо бухорангез нест ва ба сабаби онҳо мумкин аст дардҳои азҳамкашанда, сӯзонанда ва ғайра ба амал оянд. Аз паси нотавонии ҳамаи ин қувваҳо ва ё баъзеи онҳо мумкин аст бар сари меъда гардидани таом ва дер гузаштани он, ё зуд гузаштану суст гуворида шудани он ё ногуворида мондани он, ё табаҳ шудани он ва афтидани иштиҳо ба тамомӣ ва ё иштиҳои сагӣ ва иштиҳои фосид ба амал оянд.

пешина
аз 1215
навбатӣ