Қонуни тиб

Аз паси инҳо қароқур, оруғ, дамиш, сӯзиш ва ғайра рӯй диҳанд. Гоҳе ягон чизи аз ин қабил падидомада мумкин аст боиси анбозии андомҳои дигар бигардад. Хусусан мағз ба ёрии асаби бузурги миёни ӯву меъда муштаракбуда [анбози меъда гардида], аз ин саръ, ё ташаннуҷ ва ё молихулиё ба амал ояд. Ё мумкин аст биноиро зиён бирасад ва гоҳе пеши назар пашша, магас, ошёни анкабут, дуд ва ё ғубор барин чизҳо бинамоянд. Бисёр бошад, ки дил бо меъда анбозӣ кунад ва бинобар он ё ба сабаби шиддати дард, хусусан ҳангоми омосҳои бузурги [меъда], ё ба сабаби ягон кайфияти бе андоза қавӣ аз қабили гармӣ ва ё сардӣ ва ё ба сабаби [кайфияти ғизое], ки ба моддаи заҳрнок табдил ёфтааст, беҳушӣ ба амал ояд. Ҳар гоҳ модда агар беҳушӣ овардан натавонад, бетоқатӣ, тоса, хамёзакашӣ ва фарошо падид оварад. Ин гуна касон мисли касонеанд, ки Буқрот дар ҳаққи эшон чунин гуфтааст: «Агар ба эшон шароби ба қадри нимагӣ [бо об] омехта бидиҳанд, [150] шифо ёбанд, зеро он хусусияти поккунандагӣ дошта, ба изофаи он шӯянда аст».
Меъда ба сабаби ниҳоят ҳассос будани худ пазирои он аст, ки гоҳе аз сабаби андаке мутаассир шавад ва ин боиси падид омадани сардард ва ташаннуҷ бигардад. Ин гуна одамро камтарин хашм, рӯза доштан, андӯҳ ва сабаби хилтҳоро ба ҷунбиш оранда ранҷ биоваранд. Ҳар гоҳ бад-ин сабаб хилти заҳравии сӯзанда аз меъда ба сӯи даҳони он рехта шавад, ба иллати ниҳоят ҳассос будани худ [даҳони меъда] ба дард ояд ва чунин шахсро ба сабаби анбозии мағз бо даҳони меъда сардард, беҳушӣ ва ташаннуҷ ориз гарданд. Ин гуна одамро низ он чизе ориз гардад, ки каси даҳони меъдааш нотавонбударо низ ориз бигардад ва ӯро ҳар гоҳ ғизо андар меъда хом монад ва ё ӯ ба ифрот шароб ошомад ва ё ҷимоъ кунад, ба ташаннуҷ ва ё саръ гирифтор хоҳад шуд. Бисёр вақт ин гуна касон бо қайи ганданоӣ ва ё зангорӣ овардан аз [чунин ҳолат] раҳоӣ ёбанд. Гоҳе мумкин аст пурии зиёд эшонро ба суботи (292) дер давомкунанда гирифтор созад, ки то қай накунанд, бедор нагарданд. Гоҳе ин сабаби ба молихулиёи мароққӣ348 ва андешаҳову хобҳои фосид гирифтор шудан бигардад.
Бидон, ки ҳар гоҳ бемориҳои меъда агар дер бикашанд, боиси камторупуд шудани бофтаҳои лифи меъда ва душвории тадбиру муолаҷа шаванд. Яке аз офатҳои бади андар офариниш ба амал оянда ин аст, ки сар сардмизоҷ ва пазирои рӯй додани назлаҳо бошад ва сипас меъда гарм буда, тоби доруҳое надошта бошад, ки аз қабили [маъҷунҳои] мурчӣ, пудинагӣ ва зирагӣ поксозандаи назлаҳоянд.
Фасли даҳум андар баёни роҳҳои донистани ҳолатҳои меъда
Умуре, ки аз тариқи онҳо бар ҳолатҳои меъда огоҳӣ пайдо кунанд, инҳоянд: ҳолатҳои гуногуни таом аз қабили бардошт кардани меъда ба он ва ё бардошт накардан; таом
гуворидани меъда; таомро рондани он; иштиҳои таом доштани меъда; иштиҳои ошомидан доштани меъда; ҳаракатҳову изтироботи меъда аз қабили хафақони меъдавӣ ва ҳукак, ҳолатҳои даҳону забон аз ҷиҳати маза, тарӣ, хушкӣ, дуруштӣ, ҳамворӣ ва бӯйнокӣ; чизҳое, ки аз меъда ба тариқи қай, ё бироз ва ё боди чи бо садо ва чи бе садо фурудоянда ва ё боди ба боло бароянда, яъне оруғ, берун оянд; боди бандшуда, ки қароқур бувад; ранги рӯй, даруни даҳон ва забон; дардҳову сӯзишҳо; анбозии меъда бо андомҳои дигар; он чи аз хӯрданиҳо, ошомиданиҳо ва доруҳо, ки меъдаро созгорӣ кунанд ва ё озор бидиҳанд.
Аз тариқи таҳаммули таом кардан ва ё накардани меъда далел гирифтан бад-ин гуна аст, ки агар меъда ҷуз ба ғизои аз миқдори одатӣ камтар таҳаммул надошта бошад, пас, андар он ба яке аз сабабҳо нотавонӣ ҷой дорад, вале агар таҳаммул кунад, пас, қувваташ ба ҷой бувад Огоҳӣ ёфтан аз тариқи бироз ва ҳар чизи аз шикам беруноянда бад-ин гуна бувад, ки бирози якхела ва рангу бӯяш муътадил далели хубии гувориш аст, хубии гувориш бар қавӣ будани меъда гувоҳӣ диҳад ва қавӣ будани меъда далели муътадил будани мизоҷи меъда бошад. Бирози ногуворида далели нотавонии меъда ва бадмизоҷии он аст, сипас ранг бар моддае далолат кунад, ки андар меъда ҷой дорад. Агар андар ин миён нармию бадбӯӣ мавҷуд бошанд, ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки ин гуна бироз пеш аз расидани вақт аз меъда фуруд омадааст, аз баҳри он ки меъда ба иллати нотавонии қувваи нигоҳдоранда онро бад таҳаммул кардааст, вале агар нарм набошад, чунин гувоҳӣ надиҳад, балки далели нотавонии қувваи гуворанда бошад.
Оид ба огоҳӣ пайдо кардан аз тариқи овози [бод] чунин беҳудагӯиҳост, ки гӯё берун омадани [бод] далели қавӣ будани меъда ва бузургии овози он далели хубии гувориш ва низ қувват буда, камбӯӣ ҳам чунин бошад. Дурусташ андар ин бобат он аст, ки баромадани бод на далели қувват, балки далели нотавонист, вале камтар аз нотавоние бошад, ки боиси оруғ задан бигардад. Бузург будани овози бод агар аз сабаби гавҳари он бошад, пас, ба иллати ситабрии он бувад, вале агар ба сабаби қувваи ронанда бошад, пас, ин далели то андозае қавӣ будани он аст. Боди латифи тунуки беовоз беш аз боди фишурдаи овоздор ва хусусан беш аз боде, ки овозаш аз иродаи сардиҳанда вобаста нест, бар қувват далолат кунад. Аммо овози худ ба худ бароянда нишонаи парешонии зеҳн аст.
Камии бадбӯйӣ ночор бар хубии гувориш далолат кунад ва бадбӯии [бештар] далели фасодии он бувад. Агар бадбӯӣ тамоман набошад, ин аз хом мондани ғизо далолат кунад.
Огоҳӣ ёфтан аз тариқи ҳукак бад-ин гуна аст, ки агар худованди он ягон сӯзише ҳис кунад, пас андар ин ҳол хилти туруш, ё тез ва ё талх ҷой дорад. Агар баробари он азҳамкашидагӣ ҳис кунад, пас, андар он ҷой бод ҷой дорад. Агар чунин ҳис накунад ва ташна намонад, пас андар [меъда] хилти балғамӣ ҷой дорад. Агар баъд аз истифроғҳо ва табҳо падид ояд, пас, андар [меъда] хушкист.
Огоҳӣ ёфтан аз тариқи ташнагӣ бад-ин гуна бувад, ки ташнагӣ бар мизоҷи гарм далолат кунад. Агар ҳамроҳ бо маниши гаштан бошад, пас, далолат бар моддаи заҳ равӣ, ё шӯр ва ё балғамӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор