Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ омос ба рим кардан майл кунад ва битафсад, бояд он кореро бикунӣ, ки андар боби нахустин ёд карда шуд ва андар ин ҳангом он чизеро ба эътибор бигир, ки андар боби омосҳои меъда гуфта хоҳад шуд.
Фасли шашум андар баёни рафтани хун аз сурхной

Сабабҳо ва нишонаҳои инро андар боби қаи хун донистӣ ва инро аз он ҷой биҷӯй. Яке аз фарқиятҳои илоҷи ин аз он чи ки андар илоҷи хунравиҳои меъда ёд шудааст, ин аст, ки доруҳои ин хунравӣ эҳтиёҷ ба доруҳои часпаку сақизӣ доранд, то ки якбора ба сӯи меъда нагузаранд, балки аз маҳалли хунравӣ гузашта истода, муддате тавақкуф кунанд то андар ин муддат онҳо таъсири қавӣ расонидан битавонанд. Агар онҳо аз тариқи рагҳо [ба маҳалли хунравӣ] баргашта оянд, (289) низ таъсир кунанд, вале бо қувваи суст, аз баҳри он ки онҳо масофаи дурро тай кунанд ва ҳангоми ин тайкунӣ ба таъсирҳои гуногун дучор оянд.
Фасли ҳафтум андар баёни решҳои сурхной

Гоҳе андар сурхной аз табишҳои оризшуда, ё аз омосҳои сароварда, ё аз хилтҳои тезе, ки ҳангоми қай аз он ҷо гузаранд ва ё аз дигар чизҳои ба ҳамин монанд решҳо падид оянд. Шубҳае нест, ки аз назлаҳо низ реш рӯй диҳад.
Нишонаи решҳои сурхной: Мо андар боби решҳои меъда фарқи миёни решҳои меъда ва решҳои сурхнойро баён кардаем ва инро аз он ҷой дарёб. Аммо далели андар сурхной реш будан на омос, ин аст, ки ҳангоми омос луқмаи фурӯраванда бо бузургию ҳаҷми худ назар бо кайфияти тез, ё туруш ва ё қабзкунандаи худ бештар дард оварад.
Аммо ҳангоми решҳо кайфиятҳои гуногун ба таври гуногун дард оваранд. Ҳатто мумкин аст, ки луқмаи равғанини ба миқдори муътадил буда дард наоварад, лекин луқмаи хурде, ки дорои ягон кайфияти ғолиб аст, дард оварад. То ҷое, ки агар чизи гузаранда бо ҳаҷми худ тангӣ наоварда, озодона гузарад ҳам, лекин бо кайфияти қавии худ дарду сӯзиш биангезад. Ҳар киро реш ба сабаби хуроҷи пешгузашта ба амал омада бошад, илоҷаш душвор аст ва аксар вақт андар остонаи марг биистад.
Илоҷи решҳои сурхной: Агар андар сурхной решҳо ҷой дошта бошанд, мо доруҳои дурусткунандаи он решҳоро якборагӣ ба бемор наошомонем, чунонки ҳар гоҳ доруҳои барои решҳои меъда ва ғайра бударо додан бихоҳем, чунин кунем, балки моро эҳтиёҷ бад-он аст, ки ин доруҳоро андак-андак биошомонем, часпаку ситабри онҳоро интихоб кунем ва ё бо онҳо чизҳои часпаку ситабр биомезем. Сабаб андар ин кор он бошад, ки доруҳо андар сурхной таваққуф накунанд ва на низ дер бимонанд, балки зуд гузашта бираванд. Агар онҳоро бахш-бахш, на як бора бидиҳанд, ҳар бор, ки ба он маҳал дучор омаданд, пайдарпай андаке таъсир бирасонанд. Агар онҳо часпак бошанд, андар гузаргоҳ часпида бимонанд ва якбора ҷудо нашаванд. Аммо гавҳари ин доруҳоро андар боби решҳои меъда ёд кунем, зеро инҳо айни онҳост.

Фасли ҳаштум
андар баёни мизоҷҳои табиии меъда

Нишонаи мизоҷи гарми табиӣ ин аст, ки [меъда] таомҳои қавии мисли гӯштҳои гов, ғоз ва ғайраро хуб бигуворад ва таомҳои латифи сабук аз қабили гӯшти ҷӯҷа ва шир андар он табаҳ бигарданд. Ин гуна [меъда] ғизоҳои мизоҷашон гармтарро хубтар пазирад ва гувориш беш аз иштиҳо бошад. Нишонаи мизоҷи сарди табиӣ ин аст, ки андар иштиҳо коҳиш падид наояд, вале андар гувориш коҳиш бошад. Ҳангоми ин мизоҷ ғизоҳои латифи сабук гуворида нагарданд ва [меъда] ғизоҳои мизоҷашон ҳарчи бештар сардро хубтар пазирад. Нишонаи мизоҷи хушки табиӣ ин аст, ки одати ташна мондан бештар буда, миқдори андаке аз ошомиданӣ онро суд бахшад, вале аз ошомидании зиёд дамобӣ падид ояд. Меъда ғизоҳои бештар хушкмизоҷро хубтар пазирад. Нишонаи мизоҷи тари табиӣ ин аст, ки ташнагӣ кам рӯй диҳад ва ба изофаи он таҳаммули ошомидани зиёд ҷой дошта, бими дамобӣ набошад. Меъда ғизоҳои тармизоҷро хубтар бипазирад.
Фасли нуҳум андар баёни бемориҳои меъда

Меъдаро мумкин аст бемориҳои шонздаҳ намуд бадмизоҷии сода ва бо модда будаи зерин ориз бигарданд:
ё бо моддаи хунӣ; ё бо моддаи сафровӣ ва намудҳои он; [149] ё бо моддаи балғамии обгинагӣ; ё балғамии тунуки равон; ё балғамии ором; ё балғамии ҷӯшон; ё балғамии туруш; ё балғамии шӯр; ё бо моддаи савдовии туруш ва тунд. Меъдаро омосҳо ориз бигарданд ва ӯро низ решҳо, гусастагии пайвастагӣ ва бемориҳои ба он монанде рӯй диҳанд, ки аз сабабҳои дарунӣ ва беруние аз қабили садмаву кӯфтагӣ ба амал оянд. Гоҳе мумкин аст меъда ба пора шудан таҳаммул кунад ва зуд боиси марг нагардад. Агар аз ҳам боз шудан ба дараҷаи даридан бирасад, худованди он бимирад. Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро меъда бидарад, бимирад».
Гоҳе бофтаи лифи меъда камторупуд ва гоҳе сахт фишурда шавад. Меъдаро мумкин аст аз ҷиҳати андоза бемориҳои сириштӣ рӯй дода, ҳаҷман сахт бузург (290) ва ё сахт хурд шавад, бемориҳои шакл рӯй дода, масалан, сахт гирдшакл бигардад ва ё бемориҳои ҳамворию дуруштии [сатҳ] рӯй дода, сахт ҳамвори лағжонак бошад. Аз офатҳои ниҳод меъдаро чунин рӯй диҳад, ки масалан, ниҳодаш ниҳоят ба пеш баромада бошад. Гоҳе андар лифҳои меъда ва андар маҷроҳои ба сӯи ҷигару испурч равандаи он суддаҳо падид оянд. Агар ин [суддаҳо] андар гузаргоҳҳои ҷигар бошанд, зараб ба амал ояд, вале агар андар гузаргоҳҳои испурч бошанд, иштиҳо бикоҳад.
Гоҳе ба сабаби ғизоҳо ва ба сабаби нотавонии худи меъда андар он бодҳову дамиш падид оянд ва мо барои ин боби алоҳидае хоҳем овард.
Бадмизоҷии меъда мумкин аст аз сабабҳои беруние аз қабили гармию сардӣ ва ғайра ва ё мумкин аст аз сабабҳои дарунӣ ба амал оянд. Бархе аз бемориҳои меъда ҳангоми гармии зиёд авҷ гиранд ва ин ё ба сабаби он бошад, ки [гармӣ] барои ба сӯи меъда кашида шудани моддаҳои бад ёварӣ кунад ва ё ба сабаби он бошад, ки ин [гармӣ] гармии меъдаро андар кори дигаргун сохтани модда ба таври бади ғайритабиӣ ёрӣ расонида, моддаро бар ҳайъати ғайритабиӣ бигардонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ